Сафири Русия дар Тоҷикистон

Сафир тавзеҳ дод, ки чаро мушкилоти Афғонистон ба кишварҳои ОМ таъсир мерасонанд

58
Пайвастагии аз ҳад зиёди Афғонистон ба ҳамгироии минтақавии Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ, метавонад боиси он гардад, ки мушкилоти мавҷудаи ин ҷумҳурӣ ба кишварҳои дигари минтақа табдил ёбанд, боварӣ дорад Лякин-Фролов

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Сафир ва коршиносон аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дурнамои раванди ҳамгироиро дар мизи мудаввари Душанбе баррасӣ карданд.

"Қадимтарин ва муҳимтарин майдон барои ҳалли масоил дар соҳаҳои мухталифи паҳнои пасошуравӣ, боз ҳам ИДМ боқӣ мемонад. Бинобар ин, барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва амният, созмонҳои СПАД ва СҲШ таъсис дода шуда буданд", — тавзеҳ дод сафири Русия  дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

Вай афзуд, ки вақтҳои охир ҳамгироии АвруОсиё худро фаъолона муаррифӣ мекунад, ки дар марҳалаи мазкур як иттиҳодияи устувори иқтисодӣ — Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИAО) — ба шумор меравад. Вай дар асоси манфиатҳои амиқи кишварҳои узви ИИАО таъсис дода шуда, ҳадафманди фазои ягонаи иқтисодӣ аст.

"Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҳаққи мустақилонаи узвият ба ин ё он иттиҳодия дар паҳнои пасошӯравиро дорад, ҳамчунин шаклҳои мухталифи ҳамкорӣ бо ИИАО вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо — мақоми нозир дар Иттиҳод аст. Чанде пеш он ба дӯстони тоҷики мо пешниҳод шуда буд", — иқтибос меорад суханони сафирро РИА Новости.

Сафири Русия ҳамчунин ба масъалаи ҳамкорӣ бо Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар айни замон таъкид кард, ки пайвастагии аз ҳад зиёди Афғонистон ба ҳамгироии минтақавии Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ, метавонад боиси он гардад, ки мушкилоти мавҷудаи ин ҷумҳурӣ ба кишварҳои дигари минтақа табдил ёбанд.

"Аммо роҷеъ ба ҳамгироӣ дар чаҳорчӯбаи минтақа ҳаминро бояд гуфт, ки Русия ин тамоилро дастгирӣ мекунад ва боварӣ дорад, ки дар маркази таваҷҷӯҳи чунин иттиҳодияи ҳамгироӣ пеш аз ҳама бояд вазифаҳои иқтисодӣ миллӣ, қарор гиранд", — таъкид намуд Лякин Фролов.

Дар чорабинӣ ҳамчунин сафирони Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ва намояндагони ҷамъиятҳои коршиносиву илмии Тоҷикистон, иштирок доштанд.

58
Барчаспҳо:
таъсир, мушкилот, Игор Лякин-Фролов, Тоҷикистон
Женщина в защитной маске в городе Душанбе

СУТ аз хатари воридшавии коронавирус аз хориҷ ба Тоҷикистон гуфт

444
(Таҷдидшуда 17:59 03.06.2020)
Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз хатари ҳолатҳои нави воридшавии коронавирус аз хориҷ ба Тоҷикистон гуфт

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Доктор Олег Стороженко, иштирокдори ҳайъати СУТ дар Тоҷикистон, корманди штаби мутобиқатии назорати пандемияи КОВИД-19 дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон вазъи паҳншавии коронавирус дар Афғонистон ва таъсири он ба Тоҷикистонро тавзеҳ дод.

Коршинос таъкид кард, ки аз ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон на танҳо Афғонистон, балки дигар ҷумҳуриҳо ба мушкилии коронавирус дучоранд ва ҳамарӯза дар онҳо ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта мешавад.

"Ҳангоми боздид аз Тоҷикистон мо имконият доштем, ки чанд гузаргоҳро назорат кунем. Дар онҳо тамоми меъёрҳои лозима риоя мегардиданд, қавонини байналмилалии тиббиву санитарӣ санҷида шудаанд.  Ин чораҷӯиҳо дар сарҳад хуб аст, аммо кофӣ нест. Бояд вазъ дар марз ва дохили кишварро доим назорат бурд", - мегӯяд коршинос.

Намояндаи СУТ афзуд, ки бояд маълумот дар бораи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон дастрас бошад. Хусусан бояд аз минтақаҳои марзӣ ба монанди Помир, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад ас хабардор буд.

Стороженко таъкид кард, ки дар мубориза бо коронавирус таҳлили вазъ муҳим аст: вазъи хадамоти лабараторӣ ва муассисаҳои тиббӣ бояд санҷида шаванд.

Коронавирус ба буҷаи шаҳри Хуҷанд таъсир кард: шаҳр ба мушкилоти муваққатӣ рӯ ба рӯ шуд

 

444

Коршинос гуфт, барои чӣ Тоҷикистон коронавирусро сабуктар мегузаронад

6293
(Таҷдидшуда 12:20 03.06.2020)
Татяна Соломатина номзади илмҳои тибб, узви Кумитаи ҳифзи саломатии Думаи давлатии Русия вазъияти коронавирус дар Тоҷикистонро шаҳр дод

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Татяна Соломатина номзади илмҳои тибб, узви Кумитаи ҳифзи саломатии Думаи давлатӣ мегӯяд, Русия дер ё зуд бояд сарҳадро боз кунад.

Бидуни ҳамкорӣ ва роҳандозии чораҳои зидди паҳншавии вируси нав, пирӯз шудан бисёр душвор аст.

Ӯ гуфт, Русия дар мубориза бо коронавирус таҷриба дорад ва Роспатребнадзор барномаи вижаеро барои муътадил кардани вазъ роҳандозӣ кард.

Роҳи тоҷикӣ: чаро Тоҷикистон қарантина накард?

"Вируси сироятӣ ба Тоҷикистон каме дертар расид. Ва аз ин лиҳоз барои Тоҷикистон хубтар шуд: аллакай барномаҳо ва схемаи табобатӣ коркард шуданд", - қайд кард Соломатина.

Ҳамчунин коршинос қайд кард, ки аллакай рӯйхати доруҳое, ки барои табобати коронавирус созгоранд ва ба сироятшудагон аз COVID - 19 таъсири мусбат доранд, омода шудааст. Дар баробари ин Соломатина гуфт, ки ба Тоҷикистон ахиран шумораи зиёди либосҳои фардии муҳофизатӣ дастрас шуд.

Файзов ба аёдати маризони коронавирус рафт ва аз шароити бади беморхона дидан кард - акс

Узви Кумитаи ҳифзи саломатии Думаи давлатии Русия гуфт, роҳи муассире, ки метавонад хатари сироят шудан аз коронавирусро кам кунад, риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад.

6293
Барчаспҳо:
пешбинӣ, коршиносон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Скорая помощь

Ҷаримаи ронандаҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта” ва ...: ба мошини ёрии таъҷилӣ роҳ надодаанд

0
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба нақлиёт дар Душанбе ронандаҳое, ки ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд ҷарима хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ҷаримаи соҳибони мошинҳое, ки сари вақт ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд, оғоз кардаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, танҳо давоми як санҷиш дар масофаи 15 киллометир 43 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки автомобилҳои шахсӣ, мусофиркашҳо, микроавтобусҳои оддии ҷамъиятӣ ва ҳатто нақлиёти хидматӣ ба садои ёрии таъҷилӣ ва чароғакҳои равшани он тамоман аҳамият намедиҳанд.

Гуфта мешавад,  бо шарофати сабтҳои камераҳои назорати видеоӣ, Раёсати ВКД дар Душанбе тавонист тамоми ронандаҳое, ки ба чунин амал даст задаанд пайдо кардааст, ки миёнашон ронандаҳои худравҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта”, “Мерседес” низ будаанд.

Барои ҳар як ронанда протокол тартиб дода шуд ва барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима ситонида шуд.

Қайд мешавад, ки ҳангоми сафарҳои таъҷилӣ, кормандони гуруҳи ёрии таъҷилӣ тамоми таҷҳизоти огоҳӣ, аз ҷумла чароғаки кабуд ва садоро (сигнал) истифода мекунанд, аммо ҳатто баъзан ин ба духтурон имкон намедиҳад, ки ба зудӣ ба ҷойи даъватшуда бирасанд.

Тибқи гузориш қоидаҳо на танҳо дар роҳҳо ва ҳатто дар назди биноҳои истиқоматӣ вайрон мешавад, ки сокинон дар назди дари биноҳо нақлиёти худро гузоштаанд, ки ворид шуданро душвор месозад.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми сокинони шаҳр хоҳиш менамояд, ки ба сигналҳои ёрии таъҷилӣ бодиққат бошанд ва ба гузариши бригада монеа нашаванд, зеро ин метавонад ба ҳаёти инсон арзиш дошта бошад.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайтахт аз ҳама ронандагон даъват кардааст, ки тамоми қоидаҳои роҳро риоя намоянд ва ба ҳаркати бемамониати нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ халал нарасонанд.

 

 

0