Намоз дар назди Масҷиди Ҷомеъи Маскав

Чор гурӯҳи одамон, ки намозашонро Худованд дар моҳи Рамазон қабул намекунад

1544
(Таҷдидшуда 14:16 17.05.2018)
Ҳатто агар мусулмон рӯза гираду ҳар рӯз намоз хонад, вале чаҳор иштибоҳ дархостҳои ӯро дар давоми моҳи мубораки Рамазон ношунаво мекунад

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Моҳи Рамазон — замонест, ки ҳар мӯъмин бояд хайру эҳсони худро афзоиш диҳад.

Моҳи мубораки Рамазон ба мусулмонон аз сӯи Худованд тавсия шудааст, бинобар ин, бояд дар давоми як моҳ рӯза гирифта шавад.

Албатта, ин ҷо сухан дар бораи одамони солим меравад. Агар мувофиқи нишондодҳои табибон шахси тақводор бояд рӯзона ғизо хӯрад, пас ӯ метавонад рӯзаи гирифтаашро бурад, аммо пас аз сиҳат шудан, бояд ҳатман рӯзаи буридаашро ҷуброн кунад.

"Тибқи гуфтаҳои пайғамбар Муҳаммад (с) дар муддати даҳ рӯзи аввал Аллоҳ раҳмати махсуси худро мефиристад, дар давоми даҳ рӯзи дуввум Аллоҳ ҳамаи гуноҳҳо ва рафторҳои ношоистаи намозгузорро мебахшад, ва таи даҳ рӯзи охир Аллоҳ имондорро аз оташи ҷаҳаннам озод мекунад!", — шарҳ медиҳад имом-хатиби масҷиди "Нури Остона" Даурен Муслимов.

Бояд зикр кард, 4 гурӯҳи афроде ҳаст, ки намози онҳо шунида намешавад. Ҳар чизеро, ки онҳо дархост кунанд, Худованд қабул намекунад, мегӯяд имом-хатиб.

Алкул дар моҳи мубораки Рамазон манъ аст
Албатта, мусулмони тақводор дар рӯзҳои муқаррарӣ низ машрубот наменӯшад, вале дар моҳи мубораки Рамазон истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ қатъан манъ аст.

Чунин шуморида мешавад, ки алкул — оғози тамоми бадбахтиҳост, бино бар ин, нӯшокиҳои спиртиро аз худ каме дуртар гузоштан беҳтар аст. Бо истеъмоли машруботи спиртӣ дар моҳи Рамазон, мусулмон ду гуноҳи бузург мекунад: ӯ дар айни замон рӯзаашро мебурад, баъдан нӯшокии мамнӯъро истеъмол менамояд.

Дар моҳи мубораки Рамазон бо волидайнатон оштӣ кунед

Ҳеҷ як дуо дар моҳи шарифи Рамазон кӯмак намекунад, агар шахси муъмин волидайни худро ҳурмату эҳтиром накунад, ба онҳо ёрӣ надиҳад ё ба эшон умуман сӯҳбат накунад.

Агар падару модаратон дар қайди ҳаёт бошанд, онҳоро дар моҳи мубораки Рамазон ҳатман бояд хабар гирифт, бо онҳо оштӣ кард, барои дуруштӣ аз эшон бояд бахшиш пурсид.

Ворид шудани мусулмон ба биҳишт аз он вобаста аст, ки оё волидайн аз фарзандашон розӣ буданд ё на? Ҳар касе, ки модарашро ранҷонидааст, ҳатто бӯи биҳиштро ҳис намекунад.

Азбаски сулҳ бо хешовандон — яке аз роҳҳои беҳтарин ба биҳишт аст, пас дилсиёҳӣ —  роҳи кӯтоҳе ба сӯи нобудӣ дар ин дунё ва олами абад аст. Маҳз ба ҳамин хотир, дар Қуръони Маҷид кандани пайвастҳои хешутаборӣ якҷоя бо паҳншавии бадӣ дар рӯи замин зикр шудааст.

Худованд алоқаашро бо онҳое нигоҳ медорад, ки бо волидайн ва дигар хешовандон дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекунанд. Маҳз бо сабаби мушкилии худ, мусолиҳа мақоми ниҳоят баландеро дар байни хубтарин ва писандидатарин аъмоли Худованд соҳиб аст. Ва моҳи Рамазон — имконияти ниҳоят хубе барои оштӣ дорондани ранҷидагон ва ҳифзи муносибатҳои хуби минбаъдаи онҳо мебошад.

Дар моҳи мубораки Рамазон бояд ҳамаи хешовандонро бахшид

Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон
© Sputnik / Тарас Литвиненко

Дар остонаи Рамазон, агар дар байни хешовандон муносибати на он қадар хуб ҷой дошта бошанд, бояд онҳоро барои розигии Худованд бахшид. Дастгирии алоқаҳои хешутаборӣ — яке аз дарсҳои ибратомӯзи моҳи мубораки Рамазон аст.

Агар бо кадом сабабе ягон хеши шумо дар байни дигар ақрабоятон бадӣ карду, ҳисси ҷудоӣ андохт ва дигар бо ҳам дӯстиву рафоқат намекунеду, ҳамгап нестед, пас намеарзад, ки ин ҳисси нохубро ба замони дигар ҳавола кард. Бино бар ин, новобаста аз он, ки кӣ айбдор аст, бояд роҳи оштиро ҷӯст, якум шуда ба сӯи дӯстӣ гом ниҳод, тамоми саъю кӯшишро ба харҷ дод то ҳама робитаҳо барқарор шаванд.

Дастгирии алоқаҳои хешутаборӣ — ин далели тақводорӣ ва адолатхоҳии ҳар як мусулмони покдил аст.
Чунин шуморида мешавад, ки ибодати Худованд тавассути дастгирии хешутаборӣ — яке аз беҳтарин корҳои нек мебошад, ки инсонро ба Худованд наздик месозад.

Чор хатогиро ҳамеша дар хотир доред, ки бояд аз онҳо канорагирӣ кард: ба бадӣ бо бадӣ ва ба ранҷиш бо ранҷиш ҷавоб додан; ба гардани худ гирифтани гуноҳи азим, яъне тамоми тамосро бо хешовандон кандан; дар моҳи Рамазон мисли моҳҳои дигар, на беҳтар, амал кардан; фикр кардан, ки муносиботро бо онҳое, ки ба шумо тамос надоранд, дастгирӣ накардан.

Дар моҳи мубораки Рамазон қасдро фаромӯш кунед

Ин дастур ҳатто бидуни ҳарф фаҳмида мешавад. Дар айёми моҳи мубораки Рамазон шахси имондор бояд аз ҳама гуна афкору аъмоли номатлуб худро ҳифз кунад, ва хоҳиши қасд гирифтан аз касе барои таҳқири гузашта, баръакс маънии рӯзаро гум мекунад.

Бинобар ин, бо вуҷуди ҳамаи неъмати моҳи мубораки Рамазон, ин чор гурӯҳи мусулмонон бахшида намешаванд", — хулосагирӣ мекунад олими диншинос.

Аз доштани рӯза кӯдакони хурдсол, шахсонии дар роҳи сафар буда, сарбозон, занони ҳомиладор, беморон ва пиронсолон, ки бо сабаби аҳволи саломатӣ ё тибқи тавсияҳои духтурон наметавонанд шароити рӯзаро риоя намоянд, озод карда мешаванд.

1544
Барчаспҳо:
чор гурӯҳи одамон, моҳи Рамазон, Ҷаҳон, Тоҷикистон