Панҷ далели тоҷикон барои таҷлили тӯй дар Маскав

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешТаджикская свадьба в Москве Хангомы и Алима
Таджикская свадьба в Москве Хангомы и Алима - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикони Маскав дар аксари маврид барои баргузории арӯсӣ на Тоҷикистон балки Маскавро интихоб мекунанд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik, Илона Ярош. Бо фарорасии баҳор ва фасли гармо баргузории тӯйи хонадоршавӣ дар Тоҷикистон авҷ мегирад.

Тӯй дар Тоҷикистон — ин маъракаи саршор аз хурсандӣ, меҳмонони зиёд, ғизои болаззат, табрикоти бепоён аз наздикон, мусиқии баланд ва ҳатман даҳҳо анъанаи муҳими дигари мардумӣ мебошад.  

Ин одату анъана аст. Сарфи назар аз маҳдудсозии расмии вақти тӯйу теъдоди меҳмонон, базми арӯсию домодӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз хеле бошукуҳу серхарҷ сурат мегирад.  Баъзан харҷи тӯйро ҳанӯз аз замони таваллуди арӯсу домодшаванда захира мекунанд.

Тибқи омор муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Узбакистон бештари маврид барои дарёфти харҷи тӯй озими Русия мешаванд.   Феълан ҳолатҳое ҳам зиёданд, ки муҳоҷирон тӯйро дар Русия, бештар дар Маскав баргузор мекунанд.  

Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, далели баргузории рӯзафзуни тӯйи тоҷиконро дар Маскав, на дар Ватан, муайян кунад.

Издивоҷ бо хориҷӣ, ё Топ-3 довталабон ба қалби духтарони тоҷик

Нархи гарони сафар аз Русия ба Тоҷикистон

Воқеан,  парвоз аз Русия ба Тоҷикистон арзон нест.  Нархи миёнаи чиптаи парвоз дар масири Маскав — Душанбе — Маскав муодили 26 ҳазор рубли русӣ мебошад.  Дар авҷи сафари муҳоҷирон ин нарх боз болотар меҷаҳад, ки баробари нисфи маоши бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав мебошад.  Махфӣ нест, ки муҳоҷирон маошашонро моҳҳо захира мекунанд, то ҳадди ақал боре дар як сол ба дидорбинии наздиконашон раванд.

"Бо шавҳарам тасмим гирифтем, ки тӯйро дар Маскав барпо намоем. Харҷи парвоз ба Тоҷикистонро ҳисоб кардем  ва ба хулосае омадем, ки беҳтараш ин маблағи ҳангуфтро барои баргузории маърака сарф намоем.  Инчунин бисёре аз хешу таборамон дар Маскав иқомат доранд ва барояшон зарур меомад, то роҳкирои зиёд пардозанду дар тӯйамон иштирок кунанд"- изҳор дошт Фотима.  

Ба гуфтаи Фотима зимни баргузории тӯй дар Маскав мушкиле пеш наомад. "Худӣ"-ҳо ҳамеша барои иҷораи толори васеъ то пайдо кардани муллои хуб барои никоҳ дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Тоҷикон базму ҳайоҳуйро дар тӯй дӯст медоранд

Бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи танзими расму оин, тӯй дар Тоҷикистон наметавонад аз се соат зиёд давом кунад. Ин маҳдудиятҳо на ба ҳама писанданд.

Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва - Sputnik Тоҷикистон
"Мо аз Помир омадем...": ҷашнвораи фарҳанги Тоҷикистону Русия дар Маскав

Дар Русия барои базму шодӣ маҳдудияте нест. Базм метавонад се соат ва имкон дорад се рӯз давом кунад, танҳо хоҳишу тавоноӣ зарур аст. Ин далели дигарест, ки тоҷикон баргузории тӯй дар Маскавро авлотар медонанд.

"Мо тарабхонаро барои 8 соат иҷора гирифтем ва шодии иштирокдорон поён надошт. Баъди вуруди тағйирот ба қонунгузорӣ, дар Тоҷикистон мо наметавонем чунин маърака ташкил кунем, зеро ҷаримаҳои сангин дар пай дорад" — шарҳ дод Гулноза.

Хонаводаи Гулноза дар манзили зисташон низ базмро идома доданд. Ба гуфтаи арӯс ягона чизе, ки намерасид, ин мусиқии баланд буд: "Мо тоҷикон рақсу пойкӯбӣ ва ҳаёҳуйро дӯст медорем. Ба садои баланди тӯйу  маъракаи густарда одат кардаем, ки албатта намерасид. Аммо ҳамсояҳоро эҳтиром дорем ва намехоҳем оромии онҳоро халалдор кунем. Тайи солҳои зиндагӣ дар наздикии ҳамдигар як муносибати хубе миёни мо ташакккул ёфтааст".

Пироҳани сафед мехоҳам на тилло

Либоси анъанавии тӯйона дар Тоҷикистон аз матоъи бошукуҳи гаронарзиш дӯхта мешавад, ки хеле равшану назаррабо мебошад. Онро тибқи фармоиш медӯзанд. Аммо бархе аз арӯсони тоҷикистонӣ гузинаи ғарбӣ — пироҳани сафедро бар либоси миллии тӯйона авлотар медонанд.

"Дугонаам дар оҷонсии баргузории тӯйу маъракаҳо дар Маскав кор мекунад. Феҳрасти либосҳоро тамошо кардам ва ростӣ, бештар ба пироҳани сафед майл дорам, мехоҳам дугонаҳои арӯс либоси якмаром бо тарҳи ягонаро ба бар кунанд. Бароям либоси миллӣ маъқул аст, аммо матоъ дар Тоҷикистон қимат мебошад ва худам ҳам бештар рангҳои оромкунандаро меписандам", — мегӯяд Нилуфар, ки дар арафаи баргузории тӯйаш қарор дорад.

Уроженка Таджикистана на улице Нью-Йорка - Sputnik Тоҷикистон
Се шарти арӯсӣ: тоҷикдухтарон чиро бояд бидонанд

Ҷавоҳирот мавзӯи дигари муҳим барои арӯсони тоҷик мебошад. Ба гуфтаи Нилуфар арӯсҳо дар Тоҷикистон рӯзи тӯй сар то по бо тилло оро дода мешаванд, ки баъзан вазнаш то ба се кило мерасад ва нархи гарон дорад: "Ман тиллоро хуш надорам. Ҳамаи онро ба бар кардан вазнин аст, рӯзи тӯй арӯс хаста мешавад ва тилловорӣ як сарбории дигар аст".

Теъдоди меҳмонон дар тӯй аҳамият дорад

Соли гузашта дар Тоҷикистон на танҳо вақти баргузории тӯй, инчунин теъдоди меҳмононро ҳам то 200 нафар маҳдуд карданд. Ин меъёр боиси хушнудии бархе ва нороҳатии гуруҳи дигаре шудааст.

Ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар мавриди шумораи меҳмонони тӯй мусоҳибон бархӯрду посухҳои мухталиф ироа карданд.  Тӯйи арӯсии яке аз мусоҳибон бо иштироки 350 нафар ва аз дигаре бо ҳузури 70 меҳмон баргузор шудааст.

Яке аз арӯсон гуфт, "албатта овардани ҳамаи хешу табор аз Тоҷикистон ба Русия ғайриимкон аст. Ҳадди аксар талош кардем,  ҳамаро, ки ин ҷо зиндагӣ мекунанд,  ҷамъ орем.  Ҳудуди 350 нафар ҷамъ омад. Шояд тибқи меъёрҳои Маскав ин тӯйи хурд нест, аммо дар Тоҷикистон одатан аз ин бештар меҳмонон иштирок доранд". 

"Шумо, шояд медонед, ки мардуми мо бо меҳмоннавозияш машҳур аст. Хуш омадед, мегӯянд дар мо. Мо тасмим гирифтем, ки зимни боздид аз Тоҷикистон бо дидорбинии наздиконе равем, ки натавонистанд ба тӯйамон биёянд"-хулоса кард наварӯс.

Тӯйҳои камхарҷ дар Русия

Бисёре аз духтарон қоил шуданд, ки аксаран ҷашни арӯсӣ дар Маскав арзонтар аст. Дар Тоҷикистон барои баргузории тӯй солиёни зиёд захира мекунанд, қарзи зиёд мегиранд ва баъд бо машаққату муддати тӯлонӣ онро бармегардонанд. Ҷашни хонадоршавӣ дар Русия арзон меафтад ва ин яке аз омилҳои муҳим мебошад.

Аммо тоҷикистониён дар Маскав бо анъанаҳояшон хайрбод гуфтанӣ нестанд. Аз ҷумла барои арӯс дар хориҷи Тоҷикистон ҳам қалин талаб мекунанд ва шавҳари оянда ҳатман ҷиҳоз медиҳад. Тоҷикон ҳамоно рақсу шодӣ мекунанд, на ҳар миз тавони бардошти ғизоҳои зиёду гуногуни миллию тӯйонаро дорад. Аммо дар баробари ин хароҷоти тӯй низ аз масъалаҳои меҳварист.

Нилуфар мегӯяд, "намехоҳем ба иззати нафси касе расем, ё нафареро малол кунем, мо анъанаҳоямонро эҳтиром ва пос медорем, аммо дар аксари маврид чунин менамояд, ки маҳдудиятҳои ҷоригардида дар Тоҷикистон дурусту заруранд. Дар ҳама масоил меъёр бояд риоя ва андоза нигоҳ дошта шавад".

Лентаи хабарҳо
0