Аҳмадзода: имрӯз бояд ба тарбияи томактабӣ таваҷҷуҳ кард

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамасола якуми июн дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон чун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мешавад

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ба ин муносибат раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кӯдакони Тоҷикистонро табрик кардааст.

Дар номаи табрикотии ӯ, ки дар равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд мунташир шудааст, аз ҷумла дар бораи тарбияи дурусти кӯдакон сухан меравад.

"Қабул гардидани Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан, ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандўсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем.

детский сад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдакони муҳоҷирон II: Чӣ гуна дар Русия муҳоҷирон барои муҳоҷирон боғча “месозанд”

Дар ин замина, мақомоти вилоят барои таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омўзишу парвариши кўдакони синни томактабӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамояд.

Имрўз вақти он расидааст, ки бар зинаи аввали низоми маориф, яъне тарбияи томактабӣ боз ҳам бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад, зеро дар муассисаҳои тарбияи томактабӣ хиштҳои нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешаванд.

Фаро гирифтани кўдакону наврасон дар фасли тобистон ба истироҳатгоҳҳо, доир намудани чорабиниҳои мухталифи маданию маърифатӣ дар ин ҷойҳо аз иқдомҳои дигари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб мешавад, ки ба тарбияи сазовори насли ояндасоз мусоидат мекунад.

Дар ин рўзҳои пурфараҳ бори дигар фарзандони дўстрўякро аз самими қалб табрику муборакбод мегўям".

Лентаи хабарҳо
0