Грозин: узвият ба Шӯрои амнияти СММ нуфузи Тоҷикистонро баланд мекунад

© Фото : официальный сайт Института Стран СНГЗаведующий отделом Средней Азии и Казахстана Института стран СНГ Андрей Грозин, архивное фото
Заведующий отделом Средней Азии и Казахстана Института стран СНГ Андрей Грозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар Душанбе расаман тавонад, ки узви Шӯрои амнияти СММ шавад, дар ҳалли мушкилии вазъи Афғонистон диққати бештари ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб мекунад

Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ гуфтанд, ки Тоҷикистон мехоҳад номзадии худро ба узвияти муваққатии Шурои амнияти Созмони миллали Муттаҳид пешниҳод кунад.

Агар аризаи Тоҷикистонро қабул кунанд, нуфузи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ баланд мешавад. Афзун ба ин, кишвар имкон пайдо мекунад, ки   дар як вақт чанд мушкилии минтақавиро ҳал кунад, мегӯяд мудири шӯъбаи Осиёи Миёнаи Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин.

Грозин: членство в Совбезе ООН повысит имидж и престиж Таджикистан

"Узвият дар Шӯрои амнияти СММ аз нуқтаи назари шинохта шудани кишвар, боло шудани нуфузи Тоҷикистон муҳим аст. Он дар ҷалби диққати ҷаҳониён ба мушкилии минтақавӣ, аз ҷумла пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилии Афғонистон, ки Душанбе ҳавасманд аст, кӯмак мекунад", — тавзеҳ дод Грозин.

 Грозин сиёсати Қазоқистонро  мисол меорад, ки дар мӯҳлати кӯтоҳи узвияти муваққатӣ ба Шӯрои амнияти СММ тавонист диққати мушоҳидакунандагони байналмилалиро барои ҳалли мушкилии кишвар ҷалб кунад.

Лентаи хабарҳо
0