Коршинос: дар шароити Тоҷикистон танзими нарх бо қарор ё фармоне ғайриимкон аст

© © Тимур СеливановЗаведующая отделом экономических исследований Института стран СНГ Аза Мигранян, архивное фото
Заведующая отделом экономических исследований Института стран СНГ Аза Мигранян, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари шӯъбаи иқтисодии Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Аза Мигранян кӯшиши Тоҷикистонро дар танзими нарх дар бозорҳои кишвар бесамар мехонад

Ҳукумати Тоҷикистон қарор дод, ки назорати доимии нархи наворо дар кишвар роҳандозӣ кунад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери ин қарор имзо гузошта ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистонро, масъули иҷрои қарори мазкур кардааст.

Тибқи ин қарор, нархи 16 навъи "маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ", аз ҷумла орд, нон, гандум, биринҷ, сабзавот, равған, маҳсулоти ширӣ, тухм ва ғайраҳо таҳти танзими давлатӣ қарор мегирад.

Аммо ба гуфтаи коршиноси масоили иқтисодӣ Аза Мигранян, натиҷаҳои ин тартиботи нав дар Тоҷикистон шубҳаноканд, зеро дар кишвар роҳи татбиқи онҳо муайян карда нашудаанд.

Мигранян: трудно представить, как именно в Таджикистане будут удерживать цены на продукты

"Пешниҳод кардан — як тарафи кор аст, муҳимаш онро бояд дар амал татбиқ кард", — мегӯяд Аза Мигранян.

Дар шароите, ки дар Тоҷикистон ҳукумфармост, қазияи боло рафтани нархро бо қарор ё фармоне танзим карда намешавад, афзуд ӯ.

Коршинос тавзеҳ дод, ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ бо кадом роҳҳо метавон боло рафтани нархро танзим кард.

Тафсилоти бештарро аз сабти овозии Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.

Лентаи хабарҳо
0