Пас аз он ки дар Серпухов ҷасади Ҳувайдо Тиллозода пайдо гашт, муттаҳам Александр Сёминро ба ҳабс гирифтанд.
Кумитаи тафтишоти Русия бо ин далели ҳодисаро пурра тафтиш мекунад.
"Дар манзили муттаҳам тафтишот гузаронида шуд. Мақомот ӯро чанд маротиба бозпурсӣ карданд. Тафтишот идома дорад. Ҷинояте ки нисбати ноболиғ анҷом ёфтааст — кӯдакозорӣ ё педофилия ном дода мешавад. Бо ҳамин далел, сини Ҳувайдо, мутаассифона боиси тӯъмаи қотил шуданаш, гашт, на миллаташ ", — гуфт ба Sputnik Тоҷикистон ёвари калони сардори раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав Олга Врадий.
Вай афзуд, ки пештар низ Сёмин ба бадрафторӣ нисбати кӯдакон гумонбар дониста шуда буд.