Дмитрий Верхотуров

Коршинос: толибон доим ба минтақаҳои сарҳадӣ чашм ало мекарданд

222
(Таҷдидшуда 14:39 28.08.2018)
Агар “Толибон” тавонанд, ки дар минтақаҳои сарҳадии Афғонистон нуфузи бештар пайдо кунанд, пас амнияти Тоҷикистон зери хатар монда, тиҷорати гардишгарии кишвар зарар мебинад

Ҳафтаи гузашта "Толибон" дар  вилояти Тахор гузаргоҳеро зери назорати худ гирифта,  чанд марзбонро куштанд. Пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса,  26 август сокинони ноҳияи Фархор, ки бо Тахор ҳамсарҳад аст, аз ҷониби Афғонистон тирборон шуданд, ки дар натиҷа ду тан ба ҳалокат расида, як нафар ҷароҳат бардошт. Тахмин меравад, ки ҳуҷумкунандагони афғон дар марзи Тоҷикистон пинҳон шудаанд.

Верхотуров: в плане безопасности талибы возвращают Таджикистан в 90-е

Чунин ҳодисаҳо барои амнрянияти ҳарду кишвар хатаровар мебошанд, мегӯяд коршиноси Маркази пажӯҳиши Афғонистони муосир Дмитрий Верхатуров.

"Тоҷикистон аз ин ҷиҳат ба солҳои 90-ум бармегардад, ки хати марзӣ бисёр хатарнок буд. Ба назар чунин мерасад, ки вазъият дар  тамоми минтақаҳои сарҳадӣ набошанд ҳам, дар бархе аз онҳо хатарнок мемонад. Ҳодисаҳои охир тасодуфи нестанд, толибон доим ба ин минтақаҳо чашм ало мекарданд" — афзуд коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Шарҳи бештари назари коршиносро аз сабти овозии мо гӯш кунед.

222
Барчаспҳо:
Толибон, коршиносон, Афғонистон, Тоҷикистон
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Як сол кам аст: коршинос чуну чарои лағви андози замин дар Тоҷикистонро шарҳ дод

311
(Таҷдидшуда 19:42 26.01.2021)
Коршинос таъкид кард, ки барои самараноктар шудани натиҷаи лағви андози замин як сол аст, аммо, ба гуфтаи вай, ба ҳар ҳол ин амали дуруст ва натиҷаовар аст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Изҳороти роҳбари давлати Тоҷикистонро дар бораи бекор кардани андози замин коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисодӣ Леонид Холод тавзеҳ дод.

"Дар Тоҷикистон дар бозори озуқа вазъи ғайриоддие ба миён омад, ки сабабаш дар охири соли 2020 ва оғози соли 2021 коҳиш ёфтани сомонӣ нисбат ба рубл, доллар ва евро буд", - гуфт Холод дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли вай, ин маънои онро дорад, ҷумҳурие, ки маҳсулоти озхуқа ва кишоварзиро бештар ворид мекард, қисме аз аҳолиро аз хатари бе ин намуди маҳсулот мондан, наҷот додан мехоҳад, зеро мардум маводи воридгардидаро бо нархи наву гаронтар харидан маблағ надоранд.

"Вобаста ба ин бозор бояд вокуниш кунад. Вақте рақиби берунӣ гарон мешавад, пас ин бояд истеҳсолоти ватаниро ҳавасманд гардонад. Равандҳои бозори худтанзимкунӣ вақт мехоҳад ва давлат бояд ин мушкилиро тезтар ҳал кунад", - мегӯяд Холод.

Ба гуфтаи иқтисодшинос, маҳз барои ҳамин Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон соҳаи кишоварзиро бояд ба ҳар роҳ рушд диҳад.

"Имрӯзҳо имконияти аграрии ҷумҳурӣ пурра истифода намешавад. Дар Тоҷикистон он қадар заминҳои барои кишту кор мувофиқ мавҷуд нестанд, аммо он чизе, ки мавҷуд аст, бояд истифода шавад", - афзуд вай.

Маблағи андози замин дар Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.

"Барои Тоҷикистон ин маблағи калон аст, барои деҳқонони тоҷик бошад, ин пули хело калон аст. Яъне, онҳо ин миқдор маблағро намесупоранд ва вазъи молиашон беҳтар мешавад. Онҳо ин маблағро ба нарх изофа намекунанд ва дар натиҷа имкон фароҳам меояд, ки нархи дар натиҷаи асъор болоравандаро танзим карда тавонанд", - гуфт коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, лағви андози замин боиси аз худ кардани заминҳои боқимонда мегардад.

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

"Агар ин чораҷӯӣ барои як сол аст, ин кам аст ва беҳтараш онро барои якчанд сол ҷорӣ кунанд, то минтақаҳое, ки истифода намешуданд, аз худ карда шаванд. Аз нуқтаи назари рушди хоҷагии қишлоқ ин чораҷӯӣ самарабахш ва дуруст аст", - гуфт дар анҷом Холод.

311
Барчаспҳо:
замин, андоз, коршиносон
Международные военные учения НАТО, архивное фото

"Русҳоро аз ҷои осебпазир мезанем": НАТО чӣ нақша дорад

276
(Таҷдидшуда 16:58 22.01.2021)
Бо эҷоди воҳиди низомӣ, сохтани инфрасохтор ва муттаҳидсозӣ - дар соли 2021, НАТО фишорро ба марзҳои ғарбии Русия афзоиш хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik, Андрей Котс. Дар моҳҳои май-июн, эътилоф бузургтарин тамринҳоро пас аз Ҷанги Сард, таҳти унвони Defender Europe - 2021 баргузор мекунад.

Ҷавоб ба онҳо машқҳои баробармиқёси муштараки Русия ва Белорус "Ғарб - 2021" хоҳад буд, ки моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Майдони ҳарб - Урупо

Дар доираи Defender Europe 2021, мисли пештара, дар Урупои Шарқӣ ва назди Балтика амалҳои мудофиавӣ ва ҳуҷумӣ машқ карда мешаванд. Тибқи нақшаи тамрин, нерӯҳои НАТО ба вилояти Калининград ҳамла карда, минтақаҳои ғарбии Русияро муҳосира мекунанд ва инчунин "ҳамлаи густурдаи Русия" -ро пешгирӣ кунанд. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ, дар соли 2021, на ба Урупои Шарқӣ, балки ба Урупои Ҷанубӣ диққати махсус дода мешавад.

Манёврҳо дар Черногория, Косово ва Албания ба нақша гирифта шудаанд. Дар Булғористон ва Руминия тамринҳои ҳавоӣ ва партоби мушакҳои замин ба замин баргузор мешаванд. Ва Маҷористон ҳамчун ақибгоҳи "ҷанг" хизмат хоҳад кард.

Амрикоиҳо нерӯҳои худ, аз ҷумла қисмҳои 1-уми савора ва дивизияҳои 82-уми десантиро ба Урупо интиқол медиҳанд. Садҳо воҳиди техникаи ҳарбӣ барои мақсадҳои гуногун тавассути Атлантика интиқол дода мешаванд. Ғайр аз ин, бригадаи 53-уми пиёдагард аз Флорида оварда мешавад.

Истисно нест, ки пас аз тамринҳо амрикоиҳо боз баъзе аз силоҳҳоро дар Урупо "фаромӯш" хоҳанд кард, чунон ки на як бору ду бор рух дода буд. Ба гуфти коршиносон, бо ин роҳ Пентагон қобилияти ҳамлаии худро дар минтақа сол ба сол афзоиш медиҳад.

Дар посух ба Defender Europe 2021, Русия ва Белорус дар моҳи сентябр манёврҳои West-2021-ро баргузор мекунанд. Вазири дифоъи Белорус Виктор Хренин рӯзи душанбе гуфт, ки "тамринҳои муштарак имкон медиҳанд, ки усулҳои нави амалҳои муштарак тавассути воҳидҳои ҳамлаи ҳамҷоя санҷида шаванд" ва "арзёбии самаранокии силоҳ ва таҷҳизоти нав ва муосир аз санҷиш гузарад".

Минск таъкид кард, ки манёврҳои стратегӣ "муносибатҳои қавии иттифоқӣ ва ягонагии дидгоҳҳои вазоратҳои дифоъи Белорус ва Русияро дар бораи таъмини амнияти низомии Давлати Иттиҳодӣ" инъикос мекунанд.

Намоиши нерӯ

Ҳарду ҷониб аз забони маъмулии дипломатӣ дар бораи манёврҳои ғайримуқаррарӣ алайҳи ягон блоки давлатӣ ё низомӣ истифода накарданд. Амалияи ҳамла ба нерӯҳои НАТО ба Калининград ва омода кардани хизматчиёни ҳарбии Русия ба ҷангҳои шаҳрӣ равшан нишон медиҳад, ки кӣ бо кӣ ҷангиданист. Албатта, эҳтимолияти задухӯрди миқёсӣ кам аст, аммо хеле воқеист.

Ба гуфтаи коршиносон, тағйири қудрат дар Иёлоти Муттаҳида ба амалҳои НАТО дар соли 2021 мустақиман таъсир хоҳад гузошт. Дар тӯли чор соли президенти Доналд Трамп ягонагии блоки Атлантикаи Шимолӣ ба таври назаррас суст шуд. Соҳиби Кохи Сафед пинҳон намедошт, ки ӯ пеш аз ҳама манфиатҳои Амрикоро пайгирӣ мекунад ва ҳатто имкони баромадан аз иттифоқро истисно намедонад. Ин суханронӣ дар Урупо боиси нигаронии шадид гашт, масъалаи артиши ИА дубора ба миён омад. Президенти нав бешубҳа кӯшиш хоҳад кард, ки ҳама чизро ислоҳ кунад.

"Муносиботи Русия ва НАТО имсол бадтар хоҳанд шуд", - гуфт Константин Сивков, муовини аввали президенти Академияи масоили геополитикӣ. "Байден мехоҳад эътилофро барқарор кунад. Ва ин душмани берунаро талаб мекунад. Русия барои ин нақш аз ҳама мувофиқтар аст, азбаски Чин хеле дур аст. Вашингтон инчунин барои муттаҳид сохтани ҷомеаи Амрико ба тасвири душмани беруна ниёз дорад.

Пул кор кардан

Аммо, коршиносон чунин мешуморанд, ки дар асл НАТО ҳеҷ нақшаи ошкорои хашмгин алайҳи Русия надорад. Тавсеаи минбаъдаи эътилоф барои амрикоиҳо танҳо роҳи пул кор кардан ва Урупоро бештар ба худ бастан аст. Вашингтон ба давраи пеш аз Трамп бармегардад ва дахолати худро ба умури Дунёи қадим афзоиш медиҳад.

Аврупо барои ИМА таҳти роҳбарии Байден яке аз бозорҳои асосии маҳсулоти низомӣ боқӣ хоҳад монд. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд интизор шавем, ки суханрониҳои зидди Русия аз хориҷа зиёдтар шаванд. Аммо аксари коршиносон мутмаинанд: Вашингтон ва Брюссел ба гумон аст, ки ҷуръат кунанд, ки нерӯи дуввумин абарқудрати ҷаҳонро дар ҳақиқат бисанҷанд.

276
Барчаспҳо:
нақша, осеб, НАТО, НАТО, Русия
Мужчина с автоматом в руке, архивное фото

Ҳимояи худу фарзандон: шарҳи дастгиршуда дар Турсунзода дар бораи нигоҳдории силоҳ - видео

0
(Таҷдидшуда 20:55 27.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини шаҳри Турсунзода барои нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ хабар додааст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.  Бар асоси гузориши ВУД, маъмурини Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар пайи як амалиёт Маъбурҷон Таҳоров, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд.

Дар пайи кофтукоб дар боми хонаи падари дастгиршуда, дар деҳаи Шукурови шаҳри Турсунзода як автомати Калашников бо 29 дона тир ва норинҷак пайдо карда шуд. Таҳоров дар гузориш изҳор медорад, ки ин аслиҳаро солҳои 1997 ё  1998 ба ивази 300 доллар бо ҳадафи ҳимоя харид.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин силоҳро он замон барои ҳимояи худу фарзандонаш гирифта буд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан алайҳи Таҳоров парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин ниҳод зикр намуд, афроде, ки ихтиёран ба мақомоти умури дохилӣ силоҳи оташфишон месупоранд аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.

0
Барчаспҳо:
силоҳ, шаҳри Турсунзода, Тоҷикистон