Доктор политических наук, директор Института стратегического планирования Александр Гусев. Архивное фото

Гусев: расонаҳои Ғарб қасдан вазъи Бадахшонро воҳима мекунанд

1007
Мудири Пажӯҳишгоҳи барномарезии стратегӣ, доктори илмҳои сиёсӣ Александр Гусев вазъият дар Бадахшонро тавзеҳ медиҳад

Чанд расонаи ғарбӣ, аз ҷумла ширкати Stratfor маводҳои таҳлилӣ мунташир кардаанд, ки дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистон ба наздикӣ ба эҳтимоли яқин амалиёти низомӣ баргузор мегардад. Ба иттилои манбаъ, дар он низомиёни Русия ва Чин ҷалб карда мешаванд.

Мудири Пажӯҳишгоҳи барномарезии стратегӣ, доктори илмҳои сиёсӣ Александр Гусев ин пешгӯиро рад карда, онро муболиға номидааст. Коршинос афзудааст, ки ин хабарҳоро метавон чун боло рафтани диққати Амрико ва Аврупо ба минтақаи Осиёи Марказӣ баҳодиҳӣ кард.

"Вазъият дар Тоҷикистон андак мушкилтар боқӣ мемонанд. Бояд дар назар дошт, ки ҷангиёни ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид мешаванд. Аз нуқтаи ин назар, дар водии Бадахшон эҳтимоли ҳузури ифротгароёни ДОИШ ва "Ҷабҳатун-нусра" мавҷуд аст. Аммо хабари  амалиёти низомӣ дар вилоят ё ворид шудани  терористон ба ҳақиқат рост намеояд. Ҳукумати Тоҷикистон ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро таҳти назар гирифтаанд ва амниятро нигаҳ медоранд", - гуфт Гусев ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи коршинос, "амрикоиҳо дар армони ба кишварҳои Осиёи Марказӣ даромадан мондаанд. Онҳо мехоҳанд, чун дар Афғонистон дар ин кишварҳо низ пойгоҳи низомии худро ҷой кунанд".

Расонаҳои Ғарб қасдан вазъият дар Тоҷикистонро ҳангома мекунанд.

"Дар оби тира моҳӣ доштан осон аст. Барои ҳамин ба ИМА вазъи мушкил дар минтақа манфиатовар аст. Албатта, ин ҳама хабарҳо дурӯғанд", - афзуд коршинос ва қайд кард, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия вазъро дар марзҳои Тоҷикистон ба назорат гирифтааст.

Ба гуфтаи коршинос, ҳарчанд аз ҷониби Афғонистон таҳдиди терористӣ ба назар мерасад, ВМКБ - минтақаи ором аст.

Хабарҳои мунташиршударо метавон чун кӯшиши аз Русия кашида гирифтани кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пурзур намудани нуфузи худ дар онҳо баҳодиҳӣ кард, таъкид дошт ӯ.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафар ба вилояти Бадахшон аз вазъи ҷинояткорӣ дар минтақа изҳори нигаронӣ кард ва дар вилоят тағйироти кадрӣ ба амал овард.

1007
Барчаспҳо:
вазъ, Бадахшон, коршинос, Тоҷикистон