Сатторов: русҳоро бояд бо фарҳанги тоҷикон бештар ошно кард

© Sputnik / Рамиль СитдиковЧрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана Имомуддин Мирзоевич Сатторов
Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана Имомуддин Мирзоевич Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар шаҳрвандони Русия тоҷиконро бештару хубтар шиносанд, байни онҳо мушкилӣ ва нофаҳмиҳо камтар сар мезанад

Дар Театри калони Маскав маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия баргузор шуд.

Меҳмонони шоми фарҳангиро намоишгоҳи аксҳо, баромади ҳунармандони тоҷик ва гурӯҳҳои рақсӣ ҳамчунин намоиши аксҳои рассомони муосир интизор буд.

Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов  ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки  шаҳрвандони Русияро аз кадом ҷиҳат бояд бештар бо тоҷикон ошно кард.

"Ҳар чизе ки мо овардаем -муҳим ва лозим аст. Ҳар чизе ки дар бораи Тоҷикистон, тоҷикон ва фарҳанги мо нақл мекунад - ҳам акс, ҳам тасвирҳо, ҳам китобҳо - зебову ҷолибанд", - мегӯяд Сатторов.

Сатторов: россияне должны много знать о таджиках

"Дар аксҳову тасвирҳо метавон одамон, рангҳо, ороишот ва табиабро дид - ин ҳама Тоҷикистон аст. Ман доим мегуфтам, ки русҳо бояд дар бораи мо, тоҷикон ва тоҷикистониён маълумоти бештаре дошта бошанд. Бояд донанд, ки  онҳо якҷо бо кӣ зиндагӣ мекунад. То кадоми андоза мо дар бораи ҳамдигар маълумоти бештар пайдо кунем, ҳамон андоза байни мо мушкилӣ ё нофаҳмӣ камтар сар мезанад", - мегӯяд вай.

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия 7 октябр оғоз шуд ва дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург то 10 октябр идома мекунад.

Лентаи хабарҳо
0