Врачи, архивное фото

Ҳатто духтарони пероста ба тозагӣ риоя намекунанд дарди дили ҷарроҳ

1628
Эркингул Койбакова мавзӯеро баррасӣ кардааст, ки ҳассос аст. Ӯ камбудиҳоеро гуфтааст, ки на ҳар духтур омода аст, дар бораи он кушод сӯҳабт кунад

Дар ёд дорам, ки дар кӯдакӣ модарам маро чигуна ба назди пизишк мебурд:  ӯ маро оббозӣ медошт, сипас либосҳои тозаю озода пӯшонида, мӯямро шона мекард ва мо ба бемористон равон мешудем. Фикр мекардам, ки аз беморхона  ҷои тозатаре нест, менависад рӯзноманигори  Sputnik Қирғизистон.

Табибони сафедпӯш, бӯи дору, варақаҳои бо тартиб чидашуда, аммо каме ҳаросовар. Табиб бо чеҳраи ҷиддӣ маро аз назар гузаронида, зуд дар варақ  чизе менавишт. Он вақт ман фикр мекардам, ки тандурустӣ – соҳаи тозатарин аст.

Чанд сол гузашт ва ман фаҳмидам, ки миёни табибон шахсони ҳазаркунанда кор карда наметавонанд. Оҳ,  бо чӣ чизҳо мо рӯ ба рӯ намешавем! Дар ёд дорам воқеаро, ки боре  ба шӯъбаи эҳё духтареро баъди таҷовузи гурӯҳӣ оварда буданд. Вай беҳуш буд. Ҷинояткорон ба ӯ кадом доруеро хӯронида будаанд.

Аммо ин тамоми воқеа не, вақте ки мо либосиҳои ӯро кашидем, даҳшат он вақт сар шуд.  Моеъҳои биологӣ бо кадом  бӯи ниҳоят бади дилбеҳузуркунанда омехта мешуданд. Он бӯй то ҳол дар хотири ман мондааст. Духтар ба худ омада, гуфт, ки ба ҳоҷатхона рафтан мехоҳад. Иҷозат надодем. Тамоман беқувват шуда буд.

Саҳар натиҷаи ташхисҳо маълум гашт: вай гирифтори якчанд бемориҳои сирояткунанда будааст. Сардухтурон аз ман мепурсиданд, ки ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ аз дастпӯшак истифоад бурдам ё не.

Аммо духтарак ба ҳамааш нигоҳ накарда, рӯзе аз беморхона фирор кард. Бале чунин ҳолатҳо зиёданд, беморон аз беморхона, ҳатто тани луч мегурезанд. Ба ҷустуҷӯ ин духтари бемор милитсия машғул шуд.

Чихеле, ки шумо пай бурдед, мо аз чизе ҳазар намекунем.  Мо барои иҷрои вазифаамон дар ҳама ҳолат таёрем ва мефаҳмем, ки дар баъзан ҳолатҳо одамон ба вазъияти гирифтор шудаашон худ гунаҳкор нестанд. Масалан, ҳастанд нафароне, ки пешоби худро дошта наметавонанд. Ин як падидаи табиӣ ва мушкилии ҷисмонӣ аст.

Аммо ман беморонеро намефаҳмам, ки аз шустушӯй ва тозагӣ мегурезанд. Медонед, ҳатто духтароне ҳастанд, ки рӯйи худро оро медиҳанд, мижгонҳои сунъи мечаспонанд, аммо зери либос бӯйи баде мекунанд. Мо духтурон медонем.

Баъзе қирғизҳо ба тозагӣ риоя кардан намехоҳанд. Онҳо барои ба назди духтур рафтан шустушӯ кардан ё худро тоза карданро лозим намедонанд. Баъзан ин ҳолатҳо хандаовар ҳам ҳаст.

Боре ҷавони ҷинояткореро бо дастони баста оварданд.  Маълум шуд, ки вай баъди сархушӣ модарашро лату куб карда будааст ва аз ин сабаб дар боздоштгоҳ қарор доштааст. Барои он ки дар боздоштгоҳ шабро рӯз накунад, сарашро ба девор чунон задааст, ки кафидааст. Ӯро милисаҳо ба духтур оварданд.

Он вақт полшӯи  мо як зани бисёр тозакоре буд. Ҳама ҷо аз тозагӣ алвонҷ медод. Вақте, ки ин ҷавон бо калушҳои ифлосаш вориди ҳуҷраи ҷарроҳӣ мешуд, зан аз вай хоҳиш кард, пойпӯшашро кашад. Ҷавон калушҳояшро баровардан баробар, ҳуҷраи хурди ҷарроҳиро бӯйи бади пойяш гирифт. То андозае, ки  чашмонамон месӯхт.  Маълум буд, ки пойҳои вай моҳҳои зиёд обро надидаанд. Полшӯй  гурехт, корманди милиса, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, ранги рӯяш сурху сабз шуда, аз ҳуҷра берун шуд. Мо бо ҳамшира танҳо мондем. Ҳамшира низ қариб беҳуш мешуд, аммо ноилоҷ тақат кард.

Дар ҳамин ҳол корманди милиса вориди ҳуҷра  шуд. Вай даспӯшакҳои резинӣ ва ниқоб пӯшида, боэҳтиёт калушҳои ҷинояткорро пӯшонид. “Бигзор бо калӯш хобад”, гуфт вай.

Зани полшӯ баъди ин ҳодиса як рӯз чизе нахӯрд. Ҳамаи мо ҳайрон будем, ки ҷавони солим барои чӣ шустушӯ намекунад.  Оё метавон бо ин аҳвол зиндагӣ кард?

Беморони азиз! Илтимос, пеш аз ба беморхона рафтан, худро ба тартиб оред.  Оббозӣ карда, дандонҳоятонро шуста бо либосҳои тоза ба назди табибон равед. Умуман, кӯшиш кунед, тозагиро на танҳо барои ба  духтур рафтан, балки ҳамеша риоя кунед. Ва як тавсияи дигар: беҳтараш бо меъдаи грусна ба назди духтур равед, шояд бароятон ягон ташхис лозим шавад.               

1628