Анастасия Лихачева, архивное фото

Коршинос: фурӯши барқи Роғун - гарави ба анҷом расонидани нерӯгоҳ аст

197
Барои Ҳукумати Тоҷикистон феълан муҳим аст, ки барқи истеҳсолшударо содир кунанд, то "сохтмони аср"-ро дар рӯди Вахш ба анҷом расонад

Нахустин агрегати нерӯгоҳи Роғун 16-уми ноябр ба кор медарояд. Ва барои ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳ, Ҳукумати кишвар бояд нерӯи истеҳсолшударо ҳарчӣ бештар содир кунад, мегӯяд коршиноси рус Анастасия Лихачева.

"Ҳоло танҳо як агрегати нерӯгоҳ ба кор медарояд, ки тақрибан 1 миллиард арзиш дорад. Тавре ширкати пудратчӣ мегӯяд, дар оянда ширкат ба пули аз фурӯши барқ ба даст овардааш, сохтмонро идома медиҳад", - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Вазифаи муҳими Ҳукумати Тоҷикистон дар он аст, ки дар оянда сохтмони нерӯгоҳро аз ҳисоби фурӯши барқи истеҳсолкардаи он амалӣ кунад.

197