Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото

Бердимуҳаммедов: равобит бо Тоҷикистон муҳим аст

408
(Таҷдидшуда 14:06 21.12.2018)
Роҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов зимни суҳбат дар мавриди авлавиятҳо дар сиёсати хориҷии кишвараш, тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказӣ ба хусус Қирғизистону Тоҷикистонро муҳим донист

ДУШАНБЕ, 21 дек - Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон  Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов эълон намудааст, ки ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон муҳим мебошад, иттилоъ додааст рӯзномаи русизабони ҳукумат “Нейтралний Туркменистан”.

Дар суҳбат дар мавриди авлавиятҳо дар сиёсати хориҷии кишвараш, роҳбари Туркманистон дар бораи тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ба хусус бо Қирғизистону Тоҷикистонро муҳим донист.

Инчунин, Бердимуҳаммедов дар суҳбат дар бораи аҳамияти ва рушди ҳамкориҳои Туркманистон бо кишварҳои ҳамсоя - Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Узбакистон ва Озарбойҷон таъкид намуд.

Ба гуфтаи вай, Туркманистон ҳамчунин ҳамкориҳояшро бо кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором, ки марказҳои нави иқтисодӣ ва технологӣ ташкил шуда истодааст, тақвият мебахшад.  Раисҷумҳури Туркманистон дар бораи ҳамкориҳои кишвараш бо Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Малайзия таъкид намудааст.

Тавре, ки дар ҷаласаи ҳукумат Рашид Мередов ноиби сарвазир, роҳбари вазорати хориҷаи Туркманистон иттилоъ дода буд, дар ҳоли ҳозир кишвараш бо 146 кишвари дунё равобити дипломатӣ барқарор намудааст. Инчунин ин кишвар узви 47 ташкилоти байналмилалӣ мебошад.  

Дар хориҷ аз кишвар Туркманистон дорои 38 сафорат, консулгарӣ ва намояндагии доимӣ мебошад. Дар Туркманистон ба таври доимӣ 35 сафорату консулгарии кишварҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Инчунин дар Туркманистон 15 ташкилоти байналмилалӣ фаъолият доранд.    

408
Барчаспҳо:
тақвияти ҳамкориҳо, равобит, ҳамкорӣ, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон, Тоҷикистон