Эльдар Муртазин, ведущий аналитик Мобайл Рисёч груп - Mobile Research Group

Коршинос Муртазин сабаби интернети бад дар Тоҷикистонро тавзеҳ дод

335
(Таҷдидшуда 18:27 02.01.2019)
Коршиноси Mobile Research Group Элдар Муртазин илати бад будани интернетро дар Тоҷикистон шарҳ дод
Муртазин о скорости интернета в Таджикистане

“Ҳар чи давлат пешрафта бошад, ҳамон қадар пулдор мобошаду соҳаи алоқааш пешрафта аст. Мардум барои алоқаи хуб пул медиҳанд. Танҳо дар ҳамин сурат операторҳо дастгоҳҳои алоқа насб мекунанду ва ин соҳаро пеш мебаранд”, - таъкид кардааст коршинос.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ба феҳриси кишварҳое дохил шудааст, ки дорои бадтарин суръати интернет мебошад. 

Тибқи раддабандии ҷадиди “Speedtest Global Index”, ки дар моҳи октябри соли гузашта таҳия шуда буд, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон миёни 124 кишвари ҷаҳон бадтарин будааст.

335
Барчаспҳо:
суръати инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон, интернет, коршиносон, Тоҷикистон
Холод Леонид доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия РФ

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

54
(Таҷдидшуда 18:37 01.08.2020)
Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия тавзеҳ дод, ки оё дар Тоҷикистон рушди содирот ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад ё не

Кӣ ба чунин натиҷа ноил шуд - табиат ё одамон бо кӯшиши худ ва истифодаи агротехнодогия, саволест, ки вақт металабад, таъкид мекунад, Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Холод рассказал, как укрепление сельхозсферы влияет на экономику Таджикистана

"Рушди 8 дар садии соҳаи аграрӣ натиҷаи хуб аст. Ин дастоварди муваққатӣ нест", - афзуд коршинос.
Холод гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳосилро пештар аз Русия мебардоранд, ин аз он шаҳодат медиҳад ки омор аз натиҷаҳои бадастомада аст.

"Содирот чизи хуб аст, агар нархҳои дохилиро набардорад, молро дар худи дохили кишвар кам накунад,", - таъкид кард коршинос.

Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки рушди нишондодҳои он боиси мустаҳкам шудани пули миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар мешавад.

54
Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода

Рӯзҳои сахти "Тоҷикэйр": қарз аз маош ва рухсатии бемузди кормандон

703
Ширкати ҳавонавардии "Тоҷикэйр" ҳудуди 90% дарсади кормандонашро дар пайи қатъи парвозҳо ба рухсатии бемузд фиристодааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дилшод Исматуллозода, директори кулли ширкати "Тоҷикэйр", ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар шарҳи ин матлаб гуфт, моҳи март вақте парвозҳо қатъ карда шуданд, ҳамчунин зарурат – ба рухсатии бемузд фиристодани 80 – 90% кормандони ширкат пеш омадааст.

"Аммо замоне, ки парвозҳои чартерӣ шурӯъ шуданд, мо аксарияти онҳоро дигарбора ба кор ҷалб намудем. Аз моҳи август вақте парвозҳои мунтазам сар шаванд, ҳамаи коргаронамон сари кор хоҳанд буд", - гуфт Дилшод Исматуллозода.

"Тоҷикэйр" аз соли гузашта ба ин сӯ бо мушкили молӣ мувоҷеҳ шудааст. 4 январи соли 2019 ин ширкат муваққатан парвозҳояшро қатъ карда, аз 2 сентябри ҳамон сол онҳоро дубора аз сар гирифт.

Аммо қатъи дубораи парвозҳои байнулмилалӣ дар моҳи марти соли равон дар пайи густариши "вируси корона" дар ҷаҳон ширкатро дигарбора ба мушкил мувоҷеҳ сохт.

Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Директори кулли ширкат мегӯяд, ҳолати бефаъолиятӣ ширкатро ба қарз афканд, аз ҷумла бештар аз 12 миллион сомонӣ аз музди меҳнат пеши кормандонаш бидеҳкор шуд.

"Пас аз шурӯъи дигарбораи кор мо тавонистем 4 миллион сомонӣ қарзи пештара аз ҳисоби музди меҳнати кормандон ва ҳам 8 миллиону 200 ҳазор сомонии дигар маош пардохт кунем. Умедворем, ки пас аз барқарор шудани парвозҳо ҳармоҳа маоши кормандонро мепардозем ва парвозҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки қарзҳои пешинаро низ адо кунем", - гуфт ӯ.

"Тоҷикэйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.

703
Барчаспҳо:
кормандон, маош, қарз, Тоҷик Эйр
Парламентские выборы в Таджикистане

Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон эълон шуд

0
(Таҷдидшуда 12:00 06.08.2020)
Замони баргузории интихоботи президентӣ дар тоҷикистон имрӯз зимни баргузории ҷаласасаи навбатии порлумони кишвар дақиқ шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон аз дастгоҳи Маҷлиси миллӣ қарори баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон  дар иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони Тоҷикистон қабул гардид

Ба иттилои манбаъ, бар асоси қаророри қабулгашта интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Дар пайи қабули қарори баргузории интихоботи президентӣ аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе метавонанд номзадҳои худ ба курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дигарбораи раисиҷумҳур интихоб гардид.

0