Семен Аркадьевич Багдасаров

Багдасаров гуфт, ки чаро вазъ дар Осиёи Марказӣ "нисбатан ором аст"

190
Ба гуфтаи мудири маркази тадқиқоти кишварҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ Семен Багдасаров, дар Осиёи Марказӣ хурӯҷи ҷавонон ба дигар кишварҳо барои кор, сабаби нисбатан ором будани минтақа аст

Коршиноси рус Семён Багдасаров мегӯяд, "солҳои охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тундгароён амалиёти террористӣ анҷом намедиҳанд. Ба назар чунин мерасад, ки вазъ ором аст".

"Аммо гап дар он аст, ки яке аз сабабҳои он, хуруҷи ҷавонон ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия барои кор аст. Инҳо нафароне мебошанд, ки дар шароитҳои мутобиқ ба ифротгароӣ рӯ овардаанд. Дар Русия онҳо аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт мешаванд. Ин яке аз омилҳои нисбатан ором будани кишварҳои Осиёи марказӣ аст. Албатта агар муҳоҷирон ба кишварҳояшон баргарданд, пас шояд ифротгароӣ боз доман паҳн кунад", - гуфтааст Багдасаров ба Sputnik Узбекистон.

Тафсилоти бештарро аз сабти овозӣ гӯш кунед.

190