Станислав Тарасов политолог, эксперт по проблемам стран Ближнего Востока и Кавказа, архивное фото

Коршинос Тарасов: кишварҳои узви СҲШ метавонанд Ҳидустону Покистонро ором кунанд

111
(Таҷдидшуда 16:52 28.02.2019)
Коршинос Станислав Тарасов шиддат ёфтани мухолифат миёни Покистону Ҳиндустонро шарҳ дод

Коршинос таъкид намуд, ки дар вақтҳои ахир мухолифат равонӣ ва сиёсӣ миёни Ҳиндустону Покистон шиддаст ёфта буд. 

Тарасов о конфлике Индии и Пакистана: страны ШОС могут успокоить страсти

“Ҳоло мақсади асосӣ –оташбас аст. Бояд таъкид кард, ки ин кишварҳо бо Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамкорӣ мекунанд, ва муҳим дар онаст, ки кишварҳои дигари узви ин созмон метавонанд ташаббус карда, ҳарду тарафро ором кунанд”, - гуфт коршинос ба радио Sputnik.

Ба ақидаи Тарасов, баъзе аз қуваҳо мехоҳанд ба ин мухолифат Чинро ҳамроҳ кунанд ва ин минтақаи Осиёиро ноором созанд.

“Бубинед, ки минтақаи нооромӣ чӣ гуна дигар мешавад – нооромӣ аз Шарқи наздик ба Осиёӣ анубӣ куч медиҳад. Ҳоло муҳим он аст, ки роҳбарони кишварҳои абарқудрат чӣ гуна рафтор мекунанд. Русия метавонад ташаббус намояд ва мухолифати тарафҳоро ба сулҳ расонад. Амрико низ метавонад чунин иқдомро анҷом диҳад, аммо ҳоло онҳо аз ин манфиатдор нестанд”, - таъкид намуд коршинос.   

111
Барчаспҳо:
коршинос, коршиносон, СҲШ, оташбас, мухолифат, Покистон, Ҳиндустон, ҳинду, Русия, Тоҷикистон
Холод Леонид доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия РФ

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

53
(Таҷдидшуда 18:37 01.08.2020)
Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия тавзеҳ дод, ки оё дар Тоҷикистон рушди содирот ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад ё не

Кӣ ба чунин натиҷа ноил шуд - табиат ё одамон бо кӯшиши худ ва истифодаи агротехнодогия, саволест, ки вақт металабад, таъкид мекунад, Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Холод рассказал, как укрепление сельхозсферы влияет на экономику Таджикистана

"Рушди 8 дар садии соҳаи аграрӣ натиҷаи хуб аст. Ин дастоварди муваққатӣ нест", - афзуд коршинос.
Холод гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳосилро пештар аз Русия мебардоранд, ин аз он шаҳодат медиҳад ки омор аз натиҷаҳои бадастомада аст.

"Содирот чизи хуб аст, агар нархҳои дохилиро набардорад, молро дар худи дохили кишвар кам накунад,", - таъкид кард коршинос.

Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки рушди нишондодҳои он боиси мустаҳкам шудани пули миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар мешавад.

53
Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода

Рӯзҳои сахти "Тоҷикэйр": қарз аз маош ва рухсатии бемузди кормандон

701
Ширкати ҳавонавардии "Тоҷикэйр" ҳудуди 90% дарсади кормандонашро дар пайи қатъи парвозҳо ба рухсатии бемузд фиристодааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дилшод Исматуллозода, директори кулли ширкати "Тоҷикэйр", ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар шарҳи ин матлаб гуфт, моҳи март вақте парвозҳо қатъ карда шуданд, ҳамчунин зарурат – ба рухсатии бемузд фиристодани 80 – 90% кормандони ширкат пеш омадааст.

"Аммо замоне, ки парвозҳои чартерӣ шурӯъ шуданд, мо аксарияти онҳоро дигарбора ба кор ҷалб намудем. Аз моҳи август вақте парвозҳои мунтазам сар шаванд, ҳамаи коргаронамон сари кор хоҳанд буд", - гуфт Дилшод Исматуллозода.

"Тоҷикэйр" аз соли гузашта ба ин сӯ бо мушкили молӣ мувоҷеҳ шудааст. 4 январи соли 2019 ин ширкат муваққатан парвозҳояшро қатъ карда, аз 2 сентябри ҳамон сол онҳоро дубора аз сар гирифт.

Аммо қатъи дубораи парвозҳои байнулмилалӣ дар моҳи марти соли равон дар пайи густариши "вируси корона" дар ҷаҳон ширкатро дигарбора ба мушкил мувоҷеҳ сохт.

Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Директори кулли ширкат мегӯяд, ҳолати бефаъолиятӣ ширкатро ба қарз афканд, аз ҷумла бештар аз 12 миллион сомонӣ аз музди меҳнат пеши кормандонаш бидеҳкор шуд.

"Пас аз шурӯъи дигарбораи кор мо тавонистем 4 миллион сомонӣ қарзи пештара аз ҳисоби музди меҳнати кормандон ва ҳам 8 миллиону 200 ҳазор сомонии дигар маош пардохт кунем. Умедворем, ки пас аз барқарор шудани парвозҳо ҳармоҳа маоши кормандонро мепардозем ва парвозҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки қарзҳои пешинаро низ адо кунем", - гуфт ӯ.

"Тоҷикэйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.

701
Барчаспҳо:
кормандон, маош, қарз, Тоҷик Эйр

Хайр Маскав: маросими пӯшидашавии Олимпиадаи соли 1980 - аксҳои нодир

0
(Таҷдидшуда 19:45 03.08.2020)
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
Рӯзи 3 августи соли 1980 дар Маскав маросими пӯшидашавии Бозиҳои тобистона баргузор гардид. Ин маросим аз зеботарин маросимҳо дар таърихи олимпиада шинохта шудааст

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав аз 19 июл то 3 август идома кард. Ин нахустин олимпиада дар қаламрави Урупои Шарқӣ буд. 

Макони асосии баргузории мусобиқаҳо шаҳри Маскав буд. Вале бархе аз рақобатҳо дар Таллин, Киев, Ленинград ва Минск низ гузаронида шуданд.

Ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 - 5179 варзишкор аз 80 давлати ҷаҳон омада буданд.

Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980

Маросими пӯшидашавии Олимпиада рӯзи 3 август баргузор гардид. Барномаи консертӣ чанд соат идома кард.

Байрақи сафеди олимпӣ фароварда шуд ва таҳти навои Эдуард Артёмов "Эй варзиш ту ҳамеша пешравӣ ҳастӣ" духтарон бо пироҳанҳои якранг ба майдон баромаданд ва композитсияи даврони Юнони қадимро нишон доданд. Оташи олимпӣ ҳамон лаҳза хомӯш шуд.

Дар рӯи экран симои Хирсак - рамзи Олимпиадаи соли 80-ум намудор шуд. Расми Хирсакро навиштаҷоти "Роҳи сафед" ҳамроҳӣ мекард.

Яке аз ҳассостарин лаҳазот ашкрезии хирсак шуд.

Дар охири маросим меҳмононро сюрприз интизор буд. Дар мобайни майдон таҳти суруди "Хайр Маскав" дар иҷрои Лев Лешенко ва Татяна Антсиферева хирси бузурге бо пуфакҳо пайдо шуд.

Таҳти суруд ва замоне, ки Хирсак ба ҳаво бармехост, аксари мардум ашк мерехтанд.

Олимпиадаи соли 1980 то ҳол дар хотири меҳмонон ва аксари тамошобинону варзишкорон нақш бастааст. Ин бозиҳо яке аз боадолаттарин дар таърихи варзиш шинохта шудаанд, зеро пас аз итмоми онҳо ягон аризаи шикоятӣ ба комиссияи варзишӣ ворид нашудааст.

0
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980, 3 август дар майдони ба номи Ленин (Лужники) баргузор гардид.

  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
    © Sputnik / Дмитрий Донской

    Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Сомов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Олимпиадаи соли 1980 натанҳо барои шаҳрвандони ИҶШС балки мардуми ҷаҳон рухдоди муҳиме шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Торжественная церемония закрытия Игр XXII Олимпиады. Центральный стадион имени В.И. Ленина 3 августа 1980 года.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Барои миллионҳо меҳмони хориҷӣ Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав бо меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии мардуми рус ёддошт шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Оташбозӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Олимпиадаи соли 1980 яке аз бозиҳои боадолаттарин дар ҷаҳони варзиш шинохта шудааст, чун дар давоми мусобиқот ягон аризаи шикоятӣ дар бораи натиҷаҳои бозиҳо навишта нашудааст.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд.

Барчаспҳо:
маросим, олимпиада, Маскав