Гусев дар бораи мулоқоти Раҳмону Путин: мушкилии зиёде ҷамъ шудааст

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муносибати Тоҷикистону Русия дӯстона аст, мегӯяд коршиноси рус, доктори илмҳои сиёсӣ Александр Гусев

Дар Русия раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро интизоранд. Президент 17 апрел бо сафари дурӯза вориди Маскав мешавад.

Коршиноси рус Александр Гусев дар мулоқот бо Sputnik Тоҷикистон пешбинӣ кард, ки сарони кишварҳо кадом масъалаҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистон узви СПАД ва ИДМ аст ва маҳз аз ҳамин нақтаи назар бояд мулоқоти қарибулвуқӯи раисҷумҳури Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путинро баҳо дод.

Ба гуфтаи коршинос, дар мулоқот сарони кишварҳо пеш аз ҳама масоили амниятиро баррасӣ мекунанд.

Ӯ таъкид мекунад, ки баррасии мавзӯи Афғонистон - яке аз онҳо мебошад.

Гусев о предстоящем визите Рахмона в Россию

Гусев қайд мекунад, ки шумораи зиёди муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия қарор доранд, ки ба буҷаи Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.

"Ин мавзӯъ ҳам дар мулоқоти шахсии Путину Раҳмон инъикоси худро меёбад", - афзуд вай.

Сиёсатшинос мегӯяд, раисҷумҳурон густурда шудани фаъолияти ИМА ва Чинро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа баррасӣ хоҳанд кард.

"Мушкилиҳои зиёде ҷамъ шудаанд, барои ҳамин мулоқот бояд судманд бошад, ки дар натиҷа сарони кишварҳо  ба тавофуқ расанд", - таъкид кард вай.

Лентаи хабарҳо
0