Журналист, теле- и радиоведущий Владимир Соловьев

Бояд аз тоҷикон сипосгузор бошем: Соловёв даҳони бадгӯёни Тоҷикистонро баст-Навор

2831
Тоҷикон замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ русҳо, укроинҳо ва белорусҳоро дар сарзамини худ қабул карданд, мо барои ин бояд аз онҳо сипосгузор бошем. Чунки дар назди онҳо қарздорем, мегӯяд Соловёв

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Рӯзноманигори рус Владимир Соловёв дар баҳси телевизионӣ бо коршиноси амрикоӣ Ариэл Коэн дар барномаи “Вечер с Владимиром Соловьёвым”  даҳони бадгӯёни Тоҷикистонро баст ва гуфт мардуми тоҷик қобили эҳтирому муҳаббат ҳастанд.

Коршиноси амрикоӣ Ариэл Коин дар рафти баҳс дар барнома таъкид кард, ки мардуми Укроин имкони иваз кардани роҳбари худро доранд, аммо дар кишварҳои дигари собиқ Шуравӣ аз ҷумла Тоҷикистон чунин механизм фароҳам нест.

Дар ҳамин ҷо риштаи баҳс ба сӯи Тоҷикистон кашида шуд ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон баррасӣ гардид.  

Аммо Владимир Соловёв дар ҳол лаҷоми баҳсро ба даст гирифт ва гуфт, ки пеш аз баррасии як кишвар бояд дар бораи он маълумоти пурра дошт.  “Тоҷикистон чунин низоми  давлатдориро баъд аз даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандӣ пеш гирифтааст”, - таъкид кард рӯзноманигори рус.

“Ин даҳшат дар Тоҷикистон дар гузаштаи на он қадар дур буд. Тоҷикистон кишвари махсус аст. Ҳар замоне, ки надониста мехоҳанд ба кишвар роҳи давлатдории дурусте, ки ба онҳо қобили қабул нест, нишон бидиҳанд, сари қудрат нафарони тундрав меоянд”, - афзуд вай.

Инчунин Соловёв таъкид кард, ки он даҳшате, ки мардуми Тоҷикистон замони ҷанги шаҳрвандӣ диданд, боиси баҳс нест.

“Мардуми тоҷик дар Иттиҳоди Шуравӣ дар баробари дигар миллатҳо ба монанди қирғизу қазоқ ба сар мебурданд, ин мардумест, ки ба мо бародар ҳасту, мо онро мо дӯст медорем”,  -зикр кард Соловёв.   

Вай илова намуд, ки замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тоҷикон дар сарзамини худ ба русҳову укроинҳову белорусҳо ҷой дода буданд, ки мардуми рус барои ин дар нази тоҷикон қарздоранд.

“Тоҷикистон замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ оилаҳои рус, укроин ва белорусро қабул кард, мо бояд аз онҳо сипосгузор бошем. Мо аз онҳо қарздор ҳастем”- гуфт Владимир Соловёв .

2831
Барчаспҳо:
баҳс, ҳамкорӣ, Русия, Тоҷикистон