Колючая проволока, архивное фото

Коршинос сабаби кушта шудани зиндониҳоро дар "Кирпичний" гуфт

3293
Антон Светков бар ин аст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон корҳои оперативӣ ва тарбиявӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Маъмурияти муассисаи ислоҳии воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, ба чунин ҳодисоти фоҷиабор омода набудааст, гуфт дар суҳбат бо РИА Новости раиси Шӯрои коршиносон оид ба амният Антон Светков.

Дар паи ошӯб дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, се посбон ва 29 зиндонӣ кушта шуданд. Дар умум дар зиндони маъмул ба номи "Кирпичний" 1500 маҳбус нигоҳ дошта мешаванд.

Рӯйхати пурраи кушташудаҳо дар зиндони “Кирпичний”: кӣ, аз куҷо бо чӣ ҷурм?

"Ин на танҳо як ҳаводиси ҷиддист. Чизе, ки дар зиндони Тоҷикистон гузашт, даҳшатовар аст. Талафот офатбор аст. Чунин менамояд, ки дар зиндон корҳои оперативӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Корҳои тарбиявӣ ҳам бо зиндониҳо баргузор нашудааст",-изҳор дошт Светков.

Ӯ қайд кард, ки маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ба чунин шакл гирифтани ҳодиса омода набуданд ва надонистанд чӣ кор кунанд. "Ҳамин нофаҳмӣ ба талафоти бузург оварда расонд".

Светков бар ин аст, ки корҳои профилактикӣ ва тарбиявӣ бояд дар зиндонҳои Тоҷикистон пешакӣ гузаронида шаванд.

Тибқи иттилоияи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, "ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи “Давлати исломӣ” буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд".

Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи номбаршуда аввал се корманди муассисаи ислоҳӣ — майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовичро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавии муассиса 8 нафар маҳбусони дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии “Давлати исломӣ” буданд, озод карданд ва сипас 5 нафар маҳбусон, аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур)-ро дар назди дигар маҳбусон бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд ва даҳҳо нафар маҳбусони дигарро латукӯб ва захмӣ карданд.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ афзуда, ки сипас аъзои ин гурӯҳ қисми тиббии муассисаро оташ зада, якчанд нафар маҳбусонро гаравгон гирифтанд ва бо мақсади фирор аз муассиса ба кормандони он ҳуҷум карданд.

Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд. Шахсони ба гаравгон гирифташуда озод карда шуданд.

Сарраёсат таъкид карда, ки дар бораи ҳодисаи баамаломада аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва тафтишот идома дорад.

Ин ниҳод афзуда, ки низоми муқаррарӣ дар муассиса, ки дар он якуним ҳазор нафар маҳбусон адои ҷазо мекунанд, барқарор карда шуда, вазъият зери назорат қарор дорад.

3293