Виктор Литовкин

Коршинос Литовкин: Тоҷикистон ба пурзур намудани артиш ниёз дорад

211
(Таҷдидшуда 20:58 28.05.2019)
Коршиноси низоми Виктор Литовкин, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид намудааст, ки кумакҳои низомӣ аз сӯи Русия ба Тоҷикистон бояд афзоиш дода шавад

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу имрӯз бо роҳбарияти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои навсозии неруҳои ҷумҳурӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии 201-и Русия мулоқот кард.

Литовкин таъкид намуд, ки чораҳои пурзур намудани артиши Тоҷикистон бисёр муҳим аст, чунки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон наздик ба панҷ ҳазор ҷангҷӯёни ДОИШ (мамнуъ дар Русия) ҷамъ омадаанд ва ҳар дар лаҳза метавонанд сарҳадро убур карда, ба тарафи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамла намоянд.

“Ҳифзи марзи Тоҷикистон – ин иқдоми бисёр муҳим аст. Барои ҳамин бояд артиши ин кишварро пурзур кардд. Бояд сарбозони тоҷикро бо аслиҳаву техникаҳои низоимии муосир ошно сохт. Ба сарбозони тоҷик омӯзондани ҳунари тиктикӣ, разведка, алоқа, идора ва назорати сарҳадро лозим аст. Инчунин ба Тоҷикистон бояд техникаҳои муосир ба монанди ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки метавонанд аз марз назорат баранд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ бомборон кунанд, дода шавад”,- гуфт коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, коршинос афзуд, ки Тоҷикистон ба техникаҳои тамоман нав ниёз надорад. Ба кишвар бояд техникаҳое дода шавад, ки онро замони ҷанг дар минтақаҳои куҳӣ истифода карда тавонанд. Аз ҷумла ба Тоҷикистон пеш аз ҳама бояд чархболу, туп ва минаандоз дода шавад.  

211
Барчаспҳо:
силоҳ, Афғонистон, сарҳад, марз, низомӣ, ҳамкорӣ, Русия, Тоҷикистон