Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон вазифаи ҳар як мусулмони тоҷикро гуфт

587
(Таҷдидшуда 11:39 04.06.2019)
Раҳмон гуфт, бидуни маърифати баланди сиёсиву иқтисодӣ, ҷаҳонбинии муосир, тафаккури навтарини техникиву технологӣ, малакаи баланди касбӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ бо раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва илму техникаи пешрафта баробар қадам гузоштан мушкил мебошад.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошиаш ба муносибати ии саиди Фитр вазифаи ҳар як тоҷикистониро гуфт.

Ба гуфти президент, маҷрои тезутунди пешрафти асри нав ва рушди илму технологияҳо моро водор месозад, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани истиқлолият ва таъмин намудани рушди иқтисоди миллӣ аз навгониҳои илму дониш, тафаккури пешрафта, дастовардҳои навтарини илму техника ва имкониятҳои торафт афзояндаи соҳаи иттилооту коммуникатсия ҳарчи бештар истифода намоем.

Раисиҷумҳур бовар дорад, ки бидуни маърифати баланди сиёсиву иқтисодӣ, ҷаҳонбинии муосир, тафаккури навтарини техникиву технологӣ, малакаи баланди касбӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ бо раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва илму техникаи пешрафта баробар қадам гузоштан мушкил мебошад.

"Бинобар ин, вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва мусулмони равшанфикр имрӯз ва ҳамеша аз он иборат аст, ки баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандиашро низ ба ҷо орад ва ҳамаи кӯшишу талоши худро ба сӯи оромиву ободии Ватан, пешрафти давлат, ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин дастовардҳои мо мебошанд, равона созад",-гуфтааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар ин бобат Раҳмон ҳадиси пайғамбарро хотиррасон кардааст: - "Ҳеҷ гоҳ аз корҳои нек дурӣ наҷӯед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кӯшишу ғайрат намоед".

Рӯйдоду равандҳое, ки солҳои охир дар миқёси сайёра идома доранд, мову шуморо водор месо­занд, ки зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯс­ти­ву ватанпарастӣ ва худшиносиву ифтихори милли­ро ҳаргиз аз даст надиҳем.

Дар баробари ин, нагузорем, ки ғояҳои зӯроварӣ, ақида­ҳои ифротӣ, ҷудоиандозиву нифоқангезӣ, дар кадом шакле набошад, зинда­гии орому босуботи мардуми моро халалдор созанд.

Эътиқоду эътимод ва имону иродаи инсонҳои худоҷӯйро бояд ба роҳи ободиву созан­дагӣ ҳидоят кард, на барои ангехтани нифоқу кина ва анҷом додани амалҳои зишту номуносиб,-таъкид кардааст раисиҷумҳур.

587