Абу Бакр Аль-Багдади, архивное фото

"Разветка"-и Ироқ охирон маълумотҳо дар бораи роҳбари ДОИШ Бағдодиро гуфт

292
(Таҷдидшуда 20:09 04.06.2019)
Маълумотҳо пайдо шуданд, ки Абӯбакр Бағдодӣ ба минтақаҳои марзии Ироқу Сурия - Ҳомс, биёбони Анбар, Хатре ва Баҷе интиқол ёфтааст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Созмони иттилоотии низомии Ироқ маълумотҳои ахир дар бораи роҳбари гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) Абӯбакр Бағдодиро нашр кардааст.

Бино бар маълумоти созмон, Бағдодӣ ба минтақаҳои марзии байни Ироқу Сурия, ба музофоти Ҳомс, ба минтақаҳои биёбонии Ироқ ва ба минтақаҳои ҳаммарз бо Туркия, ки дар он қувваҳои мусаллаҳ нестанд, интиқол ёфтааст. Дар ин бора роҳбари созмони иттилооти низоми Ироқ Саъд Музҳар хабар додааст.

Номи аслии ал-Бағдодӣ Иброҳим Авад Иброҳим ал-Бадрӣ буда, ӯ  соли 2014 дар масҷиди Мосул дар бораи ташкилёбии "Халифати исломӣ" эълон кард.

Пештар хабари кушта шудани Бағдодӣ борҳо расонаӣ мегашт, аммо боре тасдиқи худро наёфта буд.

292
Барчаспҳо:
паноҳанда, паноҳандагӣ, Сурия, Абубакр Бағдодӣ, Бағдодӣ, Ироқ