Депутат ГД Анатолий Выборный

Виборний: СПАД бояд дастаҷамъона барои амнияти интернетӣ талош намояд

41
(Таҷдидшуда 19:08 08.07.2019)
Кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) бояд дар ҳамоҳанг бо як дигар масоили амнияти интернетиро ҳал намоянд, гуфтааст Анатолий Виборний, раиси комиссия доимамалкунандаи асамблеяи парлумонии СПАД доир ба масоили амниятӣ

Шаҳрвандоне, ки аз маҳалҳои фаъолияти терористӣ ё аз маҳбасҳо, ки ба онҷо барои таблиғи  экстремизм маҳкум шуда буданд, бармегарданд, қисман ба талиғ дар интернет машғул мешаванд. Ба гуфтаи Анатолий Виборний, масоили амнияти интернетиро метавон дар чаҳорчуби СПАД ҳал намуд.

“СПАД дар таъмини амният ба як сатҳи назаррас расидааст. Ин пеш аз ҳама дар мубориза таҳдидҳои беруна, ки кишварҳои мо бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Пеш аз ҳама дар мубориза бо терроризм. Мо имрӯз аз он нигаронем, ки дар интернет идеологияи экстреместӣ хеле густарда паҳн ёфтааст. СПАД метавонад ба марказе табдил ёбад, ки кушишҳои кишварҳоро дар ин ҷодда о ҳам биёрад” – гуфт Виборний дар гуфтугӯ ба Sputnik Тоҷикистон.

41
Барчаспҳо:
амният, интернет, СПАД, коршинос, коршиносон, Тоҷикистон