Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото

Дипломати рус теъдоди ҷангиёни ДОИШ дар марзи Тоҷикистонро нигаронкунанда хонд

661
(Таҷдидшуда 19:55 28.08.2019)
Аз ҳама беш таҷаммӯи ҷангиёни ДОИШ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Туркманистон бо Афғонистон ба қайд гирифта шудаст

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik.  Шумораи умумии ҷангиёни гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон беш аз 4 000 нафарро ташкил медиҳанд, изҳор намудаст муовини намояндаи Русия дар СММ Геннадий Кузмин.

Ба гуфтаи ин дипломати рус, ҷангиёни ин гурӯҳи террористӣ Афғонистонро макони қуллай барои худ интихоб намуда, сипас аз қаламрави ин кишвар кӯшиш мекунанд ба дигар кишварҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон сар дароранд.

Зимнан Кузмин илова намуд, ки ҷангиёни ДОИШ аслан дар қисмати шимолу шарқи Афғонистон маскун гирифтанд.

Феълан ҷангиёни ДОИШ миёни ҷавонон, фармондеҳони гурӯҳҳои террористии маҳаллӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Толибон ва Ҳаракати Ҳизб-ут-Таҳрир амалҳои мағзшуйиро гузаронида истодаанд, мегӯяд Геннадий Кузмин.

Вазорати дифоъи Амрико шумори ҷангҷӯёни пинҳонии ДОИШ дар Сурия ва Ироқро шумориш кард

Гузашта аз ин аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ ба сафи худ ҷангиён аз дигар минтақаҳои даргир дар Шарқи наздикро низ ҷалб карда истодаанд.

"Вазъи аз ҳама хатарнок дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону туркманистон бо Ҷумҳурии Афғонистон аст .ки шумораи ҷангиёни ДОИШ дар ин манотиқ ба 1,3 ҳазор нафар баробар шудаст", - зикр намудаст Геннадҷй Кузмин.

Илова бар ин роҳбарони ДОИШ саъй доранд то ҳузури худро дар шимол ва шарқи Афғонистон низ густариш диҳанд.

661
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Афғонистон, ДОИШ