Долина реки Вахш

Иншооти аср: аз сохтумони “Вахшстрой” дар Тоҷикистон 88 сол сипарӣ шуд

72
(Таҷдидшуда 15:11 16.09.2019)
Сохтумони умумииттифоқии Шӯравӣ дар водии Вахши Тоҷикистон 15 сентябри соли 1931 оғоз гардида буд. Sputnik Тоҷикистон аз иншооте ёдовар мешавад, ки бо заҳматҳои зиёди халқҳои бародарии Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст ва сазовори фаромӯшӣ нест

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Оғози сохтумони канали магистралии Вахш ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи ташналаб ба аввали солҳои 30-юми асри гузашта рост меояд. Номҳои чунин иншоотҳои муҳим, ба монанди Днепрогэс, Турксиб, Уралмаш то ҳол дар хотираҳои бисёриҳо боқӣ мондаанд, аммо дар бораи “Вахшстрой” дар Тоҷикистон кам одамон дар хотир доранд.

Ин дар ҳолест, ки водии Вахш баъд аз сохтмони Канали магистралии Вахш ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи ташналаб дар солҳои 30-уми асри 20 ба минтақаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ табдил ёфта буд. Баъди маҳз ин сохтумон дар водии Вахш, бошад ҳамаи намудҳои кишти зироатҳои гандумӣ, полезӣ, техникӣ (пахта) ва боғу токпарварӣ рушд намуд.

Вахшстрой, Таджикистан Советский Таджикистан, Изогиз, 1936
альбом Вахшстрой, Таджикистан"Советский Таджикистан", Изогиз
Вахшстрой, "Советский Таджикистан", Изогиз, 1936

Бояд гуфт, ки ҳангоми сохтумони “Вахшстрой” меҳнаткашони Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо ба мушкилиҳои дар он вақт, биёбони қумзору қамишзори водии Вахш мубориза мебурданд, балки гоҳо маҷбур мешуданд бо лашкари босмачиён низ биҷанганд. Шоҳидони ин иншоот қариб, ки дар қайди ҳаёт нестанд, аммо намояндагони Sputnik Тоҷикистон тавонистанд бо муҳандисоне, дар солҳои баъд дар ин сохтумон кор кардаанд суҳбат анҷом диҳад.

Номумкин ҳам бошад бояд созем

Вахшстрой, Советский Таджикистан, Изогиз, 1936
альбом "Советский Таджикистан", Изогиз, 1936
Вахшстрой, "Советский Таджикистан", Изогиз, 1936

Сохтумони “Вахшстрой” 15-уми сентябри соли 1931 оғоз шуд ва ба ҳайси 150 сохтумони махсусан муҳими Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуда буд. То ин вақт дар наздикиҳои дарёи Вахш ҳамаги 7 ҳазор замин киштукор мешуду халос, аммо бо ба анҷом расонидани ин иншооти муҳим 94 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи ба ботлоқзору қамишзор табдил ёфта ба заминҳои ҳосилхез табдил ёфтанд.

Дар сохтумони ин иншооти муҳим нақши Нусратулло Махсум рлоҳбари вақтии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело муҳим аст. Маҳз ташаббускорӣ ин сохтумон ӯ дониста мешавад.

Бояд қайд кард, ки дар соли 1979 бахшида ба "Вахшстрой" филме, низ ба навор гирифта пешкаши мардум гардонида буданд. 

Дӯстона месозем

 Бояд гуфт, ки дар кори сохтмони умумииттифоқии "Вахшстрой” намояндагони миллату халқиятҳои гуногун фаъолона иштирок мекарданд. Қувваи асосӣ дар сохтмон, ҷавонон будаанд. Корнамоӣ дар мавзеъҳои гуногун қариб ҳар рӯз такрор меёфт, нақшаи пешбинишударо аз меъёр зиёд ба ҷо меоварданд. Комсомолон дар сафи пеш қадам мезаданд.

Сохтмон бо суръат давом карда, баъзан ба коргарон маводи сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта ва ғайра намерасид. Дар як сол дар сохтмон беш аз 10 ҳазор тонна семент, 25 ҳазор кубометр чӯбу тахта лозим мешуд. Масъалаи сохтмони роҳи оҳани камбари Панҷи Поён ва Сарбанд ба миён омад, то маводҳои сохтмонӣ сари вақт ба сохтмончиён ҷиҳати роҳи оҳан таъмин гардад. Дар муҳлати кӯтоҳ роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуда, кори сохтмончиён осон шуд. Коргарону мутахассисон дар пешрафти сохтмон худро масъул дониста, зарбдорона меҳнат мекарданд.

Вахшстрой, Советский Таджикистан, Изогиз, 1936
альбом "Советский Таджикистан", Изогиз
Вахшстрой, "Советский Таджикистан", Изогиз, 1936

Муҳандиси кордони америкоӣ ба шароити сохтмон шинос шуда, изҳор дошт, ки иҷрои кори сохтмон дар муҳлати кутоҳ дар чунин шароит ва норасоии техника имкон надорад. Ӯ аз азму иродаи устувори мардуми Шӯравӣ чандон огаҳӣ надошт ва ҳақиқатро надониста, ташаббускоронро хаёлпараст хондааст.

Съезди 11-уми комсомол моҳи августи соли 1932 "Вахшстрой”-ро ба сарпарастӣ гирифта, 500 нафар комсомолонро ба ин сохтмони муҳими аср ба кор фиристод. Аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳо бо даъвати кумитаи комсомолӣ ба сохтмони зарбдори "Вахшстрой” ҷавонон ба кор омада, бо неруи ҷавонӣ дар рушду нумӯи кор саҳм гузоштанд.

Ҷавонони солҳои сиюм ба маънои ҳақиқиаш ташаббускор, ғайратманду диловар буда, рӯҳи бешикаст доштанд. Муҳимтарин масъалаҳо ва корҳо саривақт ҳалли худро меёфт. Соли 1932 барои сохтмон 25 экскаваторро то Панҷи Поён оварданд.

Вахшстрой, Советский Таджикистан, Изогиз, 1936
альбом "Советский Таджикистан", Изогиз, 1936
Вахшстрой, "Советский Таджикистан", Изогиз, 1936

 "Вахшстрой” ба маблағи 123 миллион рубл сохта шуда, дар корҳои сохтмонӣ 450 автомобил, 28 экскаватор ва дигар механизмҳо истифода шуданд. Соли 1929 дар водии Вахш ҳамагӣ 7 ҳазор гектар замин истифода мешуд. Дар навбати аввали азхудкунии заминҳои водии Вахш беш аз 55 ҳазор гектар замин истифода гашт.

Водии Вахшро одамони огоҳ аз рафти кор ва мушкилиҳои мавҷудаи “Вахшстрой”  водии дӯстию бародарӣ, макони одамони бонангу номуси зиндагиофар, ободгар, сарбаланду зафарёр мебошад, ки дар шукуфоии он намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа меноманд.

72
Барчаспҳо:
бунёд, сохтмон, замин, Вахш, Тоҷикистон