ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Юрий Семин -яке аз мураббиёни бо таҷриба дар футболи Русия ба ҳисоб меравад. Чанде пеш ӯ сазовори ордени Александр Невский шуд.
Маҳз Юрий Семин, соли 1983 роҳбарии дастаи “Помир” Душанберо бар ӯҳда гирифт ва давоми чандин сол дар Тоҷикистон фаъолият кард.
Дар муҳлати кӯтоҳ Семин дастаи “Помир”-ро ба яке аз дастаҳои қавии лигаи аввали Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дод. Маҳз ба ҳамин хотир ӯ сазовори унвони мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон шуд.
Ба гуфтаи Семин, вай аз даврони фаъолияташ дар Тоҷикистон танҳо таасуроти неку хотирмон дорад.
“Беҳтарин хотирот ин дастаи мо –“Помир” аст, ки баъд, инчунин ба шарофати Шариф назаров ба лигаи оли Иттиҳоди шӯравӣ роҳ ёфт. Он замон беҳтарин бозиҳо буданд. Майдон ҳамеша пур аз мухлис буд. Ҳамеша барои тамошо мухлисони зиёд меомад. Аз ҷумла ҳамон рӯзе, ки мо бар муқобили ЦСКА бояд бозӣ мекардем”, - нақл кард Юрий Семин ба Sputnik Тоҷикистон.
Мураббӣ таъкид кард, ки бп ӯ меҳмоннавозии тоҷикон бисёр писанд аст. Ӯ инчунин аз меваҳову сабзавотҳои Тоҷикистон гуфт, ки ба назари ӯ бо лаззаттарин ҳастан.
“Гусфанду барраҳои фавқулодда аз ҷумла гусфанди думбадор. Ба ёдам лаҳзаҳое хуби зиёде ҳифз шудааст.” – ба ёд овард вай.
Семин ҳамзамон қайд кард, ки дастархони пур аз нозу неъмати тоҷикон ҳамеша ба ёдаш ҳифз хоҳад шуд.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров дар сӯхбат бо “Ховар” иброз дошт, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор бетаъсир намемонад.
Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.
Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.
“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд.
Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.
“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров.
Бино ба гуфтаи донишманд дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.
Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф зиён намебинанд.
Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.
“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Пизишк ва ровии телевизион Александр Мясников дар саҳифаи Телеграмаш тавзеҳ додааст, ки коронавирус кай ақиб мезанад.
Ӯ таъкид кард, ки намудҳои нави коронавирус аз нафаре ба нафари дигаре хело зуд паҳн мегузарад дар ҳамин ҳол фисади марг зиёд нест.
Барои нафароне, ки эм шудаанд ва ё бемориро аз сар гузаронидаву антитела доранд, бо душмани нав дучор мешаванд.
Пизишк таъкид кард, ки ваксин имконияти мубориза бурдан бо намудҳои нави коронавирусро дорад.
Ба гуфтаи Мясников, ба буридани занҷираи паҳншавии намудҳои нави коронавирусро метавон танҳо ба воситаи эмкунии умумӣ ва комил кардани ваксина ноил шуд.
"Бояд дарк кард, ки намуди нави коронавирус аз замини мо ҳеҷ куҷо намеравад, балки "кӯҳна" мешавад ва дар феҳрасти дарози вирусҳо, мисли зуком, ҷой мегирад", - таъкид кард коршинос.
Мясников дар охир афзудааст, ки одамон маҷбуранд бо COVID-19 дар оянда низ якҷо зиндагӣ кунанд ва эмкунӣ аз он мавсимӣ мешавад. Ӯ ҳамчунин пешбинӣ мекунад, дар оянда шояд ваксинаи коронавирус ва зуком якҷо таҳия корда шавад.
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.
Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.
Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.
Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.
Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.
Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.
Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео
Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.