. Фото Александра Хроленко.

Коршинос гуфт ба ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кӣ кумак мерасонад

311
(Таҷдидшуда 18:11 01.10.2019)
Вячеслав Некрасов, собиқадори ҷанги Афғонистон ва раиси Иттиҳодияи собиқадорони Русия дар Афғонистон тавзеҳ дод, ки бо кумаки кӣ ҷангҷӯён дар марзи Тоҷикистону Афғонистон фаъол шуданд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Собиқадори ҷанги Афғонистон Вячеслав Некрасов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон, шарҳ дод, ки дар шимоли Афғонистон ҷангҷӯён аз куҷо пайдо шуданду ба онҳо кӣ кумак мерасонад.

“Ман дар Афғонистон аз соли 81 инҷониб ба фарҳанг, таълиму варзиш машғулам. Вақте, ки чорабинии муҳим ташкил мекунем, кор то ҷое мерасад, ки мардуми Афғонистон метарсанд аз хона бароянд. Онҳо тарс доранд дар кадом як инфиҷоре кушта шаванд”, - гуфт Некрасов.

Вай таъкид дошт, ки дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир, 21 гурӯҳҳи террористӣ фаъолият дорад, ки метавоананд бо кумакҳои алоҳида фаъолият хуб дошта бошанд.

Некрасов қайд кард, ки ҳоло нооромии вазъ дар шимоли Афғонистон мушоҳида мешавад ва он ҳам сунъӣ мебоашд.

“Ҷангҷӯёнро аз Сурия тариқи киштиҳои Бритониё ба бандарҳои Покистон мерасонанд. Сухан дар бораи ҳазорҳо нафар меравад”, - гуфт собиқадори ҷанги Афғонистон.

Вай зикр кард, ки ҷанҷӯён аз Сурия мутташакилона интиқол дода мешаванд ва бидуни ягон ҳуҷҷат ва бо номҳои гуногун вориди хоки Афғонистон мегарданд.

“Онҳо бидуни ному насаб, танҳо зери рақамҳои махсус, 20 нафарӣ ба шимоли Афғонистон интиқол дода мешаванд”, - гуфт вай.

Ба боварии коршинос ин як нақшаи кашидашуда аст, ки вазъро дар минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон ноором созанд.

Собиқадори ҷанги Афғонистон тавзеҳ дод, ки агар вазъи ҷангҷӯён дар маҳалли даргирӣ бад шавад, онҳоро зуд аз маҳали даргирӣ тариқи  чархболҳои бидуни ному нишон ба ҷои амн интиқол медиҳанд.

“Кадом чархболи ношинос бидуни иҷозат метавонад дар ҳудуди Афғонистон парвоз кунад? Танҳои чархболҳои НАТО ва Амрико”, - таъкид кард Некрасов.

Ёдрас мешавем, ки дар моҳи сентябри соли равон ҷангҷӯён борҳо ба манотиқи марзии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, ҳамла намуда ва чандин минтақаро тасарруф карданд.

311
Барчаспҳо:
кумак, коршиносон, вазъият, марз, ҷангҷӯён, ҷангҷӯ, Афғонистон, Тоҷикистон