Громов: сабукиҳо дар андозбандӣ метавонад “Газпром”-ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунад

© Sputnik / Владимир ТрефиловАлексей Громов
Алексей Громов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алексей Громов, роҳбари бахши энергетикии Пажуҳишгоҳи энергетикӣ ва молия Русия аз имтиёзу сабукиҳо дар андозбандӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Тоҷикистон барои ширкатҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок имтиёзҳои андозӣ ихтисос хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазорати молияи кишвар супориш дод, ки ин масъаларо баррасӣ намояд.

Громов: облегчение налогового режима в Таджикистане заинтересует "Газпром"

Коршиноси рус Алексей Громов ин иқдомро дуруст ва сари вақт шуморид.

“Бидуни шак, имтиёзҳои андозие, ки мақомоти Тоҷикистон пешниҳод намудааст, метавонад ширкати “Газпром”-ро ҳавасманд намояд. Аммо наметавон гуфт, ки ширкатҳои русӣ чандон ба канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон таваҷҷуҳ зиёд доранд. Ин тавр аст, ки ин минтақа аз лиҳози кашфи конҳои газу нафт Элдорадо нест. Тоҷикистон пеш аз ҳама кишвари кӯҳистонст ва дар инҷо кашф кардани конҳои нафту газ бисёр мушкил аст. Новобаста аз ин мушкилот ширкатҳои нафту гази Русия ба Тоҷикистон алоқамандии зиёд доранд”, - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, коршинос илова кард, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат музокироти Тоҷикистон бо ширкати “Газпром”-и Русия дар бораи кашфи конҳои нафту газ дубор оғоз хоҳад ёфт.     

Лентаи хабарҳо
0