Эксперт по государственно-муниципальному управлению РАНХиГС, генеральный директор ГК Салюс Егор Иванков

Иванков: Тоҷикистон бояд миёни тиҷорату давлат тавозун пайдо намояд

81
(Таҷдидшуда 18:10 28.10.2019)
Егор Иванков, коршиноси мудирияти кишвариву шаҳрии РАНХиГС масъалаи коҳиши тиҷорат дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҷараёни коҳиш ёфтани фаъолияти тиҷорӣ идома дорад, таъкид намуд Егор Иванков, коршиноси мудирияти кишвариву шаҳрии РАНХиГС дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Иванков: в Таджикистане необходимо найти баланс между бизнесом и государством

Коршинос чанд ҷанбаи коҳиши тиҷорат дар Тоҷикистонро шарҳ дод: аввал ин коҳиши имконияти истеъмолӣ мебошад.

“Тоҷикистон барои рушди тиҷорат имкониятҳои хуб дорад ва дастгирии давлатӣ, ин иқдоми дуруст аст”, - қайд кард Иванков.

Коршинос гуфт, мушкилтарин ҷанба ин аст, ки миёни тиҷорату давлат бояд тавозун пайдо кард.

“Дар аксари вақт ин аз худи тиҷорат вобастааст. На ҳама ширкатҳои хурду миёна метавонад бо корпоратсияҳои бузург рақобат намояд”, - афзуд вай.

Коршинос илова кард, ки мобилӣ будани ширкатҳо ва корпоратсияҳо дар ин давара як чизи одист: корхонаҳо ҳамеша шароити беҳтар меҷӯянд.

Ба Тоҷикистон барои нигоҳдории тиҷорат дар қаламрави кишвар метавонад таҷрибаи кишварҳои дигар аз ҷумла Русия ва Чин кумак намояд.  

81
Барчаспҳо:
шарҳ, коршинос, коршиносон, тиҷорат, Тоҷикистон
Холод Леонид доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия РФ

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

54
(Таҷдидшуда 18:37 01.08.2020)
Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия тавзеҳ дод, ки оё дар Тоҷикистон рушди содирот ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад ё не

Кӣ ба чунин натиҷа ноил шуд - табиат ё одамон бо кӯшиши худ ва истифодаи агротехнодогия, саволест, ки вақт металабад, таъкид мекунад, Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Холод рассказал, как укрепление сельхозсферы влияет на экономику Таджикистана

"Рушди 8 дар садии соҳаи аграрӣ натиҷаи хуб аст. Ин дастоварди муваққатӣ нест", - афзуд коршинос.
Холод гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳосилро пештар аз Русия мебардоранд, ин аз он шаҳодат медиҳад ки омор аз натиҷаҳои бадастомада аст.

"Содирот чизи хуб аст, агар нархҳои дохилиро набардорад, молро дар худи дохили кишвар кам накунад,", - таъкид кард коршинос.

Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки рушди нишондодҳои он боиси мустаҳкам шудани пули миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар мешавад.

54
Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода

Рӯзҳои сахти "Тоҷикэйр": қарз аз маош ва рухсатии бемузди кормандон

703
Ширкати ҳавонавардии "Тоҷикэйр" ҳудуди 90% дарсади кормандонашро дар пайи қатъи парвозҳо ба рухсатии бемузд фиристодааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дилшод Исматуллозода, директори кулли ширкати "Тоҷикэйр", ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар шарҳи ин матлаб гуфт, моҳи март вақте парвозҳо қатъ карда шуданд, ҳамчунин зарурат – ба рухсатии бемузд фиристодани 80 – 90% кормандони ширкат пеш омадааст.

"Аммо замоне, ки парвозҳои чартерӣ шурӯъ шуданд, мо аксарияти онҳоро дигарбора ба кор ҷалб намудем. Аз моҳи август вақте парвозҳои мунтазам сар шаванд, ҳамаи коргаронамон сари кор хоҳанд буд", - гуфт Дилшод Исматуллозода.

"Тоҷикэйр" аз соли гузашта ба ин сӯ бо мушкили молӣ мувоҷеҳ шудааст. 4 январи соли 2019 ин ширкат муваққатан парвозҳояшро қатъ карда, аз 2 сентябри ҳамон сол онҳоро дубора аз сар гирифт.

Аммо қатъи дубораи парвозҳои байнулмилалӣ дар моҳи марти соли равон дар пайи густариши "вируси корона" дар ҷаҳон ширкатро дигарбора ба мушкил мувоҷеҳ сохт.

Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Директори кулли ширкат мегӯяд, ҳолати бефаъолиятӣ ширкатро ба қарз афканд, аз ҷумла бештар аз 12 миллион сомонӣ аз музди меҳнат пеши кормандонаш бидеҳкор шуд.

"Пас аз шурӯъи дигарбораи кор мо тавонистем 4 миллион сомонӣ қарзи пештара аз ҳисоби музди меҳнати кормандон ва ҳам 8 миллиону 200 ҳазор сомонии дигар маош пардохт кунем. Умедворем, ки пас аз барқарор шудани парвозҳо ҳармоҳа маоши кормандонро мепардозем ва парвозҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки қарзҳои пешинаро низ адо кунем", - гуфт ӯ.

"Тоҷикэйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.

703
Барчаспҳо:
кормандон, маош, қарз, Тоҷик Эйр
Грузовик с газом, архивное фото

Боз гаронтар: газ 4, 5 сомонӣ шуд. Оё нарх поён меравад?

0
(Таҷдидшуда 15:17 06.08.2020)
Қимати гази моеъ, аз умдатарин маводи сӯзишвории нақлиёт дар Тоҷикистон боз ҳам боло рафта ба 4, 5 ва дар баъзе аз таъмингоҳҳои маводи сухт то ба 4, 7 сомонӣ баробар шудааст. Зимнан ин нархнома назар ба як моҳи қабл беш аз 55 % баланд гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Шурӯъ аз имрӯз нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон тағйир ёфтааст.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон ҳоло арзиши як литр гази моеъ ба 4, 5 – 4, 7 сомонӣ боло рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ нархи он дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 4, 2 ва 4, 3 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Сабаби боло рафтани қиммати газро масъулини ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт расман шарҳ намедиҳанд. Як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (автозаправка) дар ноҳияи Варзоб гуфт, барои ӯ ҳам дақиқ маълум нест, ки чаро нархи газ рӯз ба рӯз боло меравад.

“Мо коргари оддӣ ҳастем. Шахсан ман танҳо дастгоҳи газдиҳандаро ба баки мошинҳо насб мекунам. Маблағи фурӯши газро нафари дигар дар хазина қабул мекунад. Ростӣ барои мо ҳам маълум нест сабаби болоравии нарх, инро роҳбарон медонанд”, иброз намуд, ҳамсуҳбти мо.

Дар ҳамин ҳол аксар ронандаҳои нақлиёт аз баланд шудани нархи газ изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегуянд, баланд шудани арзиши газ дар замони хуруҷи пандемияи COVID -19 ба ҷайби зарба мезанад.

Коршинос сабабҳои ҷаҳиши  нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро гуфт

"Нархи газ ба кори мо таъсир мерасонад. Нархи газ гарон шуд гуфта, нархи хизматрасонии мусофиркашони (таксӣ) ро зиёд кунем, ҳеҷ кас намешинад. Дар ин миён мо бояд ҳар моҳ маблағи патентро супорем. Агар нарх ҳамингуна боло рафтан гирад, кори мо тамом мешавад”, - гуфт ронандаи таксӣ.

Коршиносон мегуянд, тағйири нархи газ дар Тоҷикистон дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омад.

Дар оғози моҳи май вақте мақомот сабти бемории вируси каронаро расман тасдиқ карданд, гаштугузори мошинҳо дар шаҳру навоҳии кишвар ба маротиб коҳиш ёфт.

Дар ин миён қимати газ то ба 2, 4 сомонӣ поён рафт. Аммо баъди хатми муҳлати қарантинаи хонагӣ ва эълони вазъи муътадили беҳдоштӣ дар кишвар ҳаракати восиатҳои нақлиёт бештар шуд ва ба ин минвол нархи гази моеъ умдатарин василаи ҳаракатдиҳандаи нақлиёт ҳам рӯз ба рӯз баланд шуд.

Ҳоло бар тибқи мушоҳидаҳо нархи газ дар қиёс ба як моҳи пеш беш аз 55 % баланд шуда то ба 4, 5 - 4, 7 сомонӣ баробар шудааст.

Иктишофи нафту гази Тоҷикистон: танҳо ду ширкат, ҳарду ҳам кор намекунанд

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст. "Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон нафт" ва “Суғднефт” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Саридораи геологияи гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар кони нафту газ аст

Аммо то кунун ҳеҷ кадом аз ин ширкатҳо дар бораи сабабҳои болоравии нарх расман изҳори назар накардаанд. Ин вазъ то кай давом мекунад ва нархи газ кай поён меравад? Ин суолест, ки ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар масъулинро манзур медорад.

0