Сотовый телефон, архивное фото

Чанд тавсияи олимон барои кам кардани зарари смартфон ба саломатии инсон

193
(Таҷдидшуда 14:29 31.10.2019)
Яке аз тавсияҳои асосии олимон барои кам намудани зарари смартфон ба саломатии инсон, истифодаи ин намуд техника бо танаффускорӣ ба ҳисоб меравад

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ҳамарӯза кор кардан бо телефон ба карахтшавии мушакҳо, маҳдудӣ, дарди сарангушт, банди даст, гардан ва тахтапушт оварда мерасонад, менависад ходими илмии Perdana University-и Малайзия Эрн Фариз Мохд Пут.

Барои пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии истифодаи гаҷет, смартфони мувофиқ харидан лозим аст. Онро дар даст доштан бояд қулай бошад.

Андозаи калони экранро пайгирӣ кардан лозим нест. Бояд дар он бо ду даст навиштан ёд гиред. Ин сарбории панҷаи дастро коҳиш медиҳад. Агар ин одатро аз худ дур карда натавонед, бо ҷои муллоими ангушт навиштан бехатартар аст, на ин ки бо нӯгаш.

Чаро Путин аз истифодаи смартфон ҳазар мекунад

Ҳангоми бо смартфон кор кардан мавқеи муайянро гирифтан зарур аст: онро бояд дар сатҳи чашм ё қафаси сина нигоҳ дошт, то ки гардан дар ҳолати табиӣ бошад. Дар сӯҳбатҳои тӯлонӣ, аз гӯшмонакҳо истифода бурдан лозим аст, на ин ки телефонро дар наздикии сари худ доштан.

Барномаҳои гаҷети худро чунон ҷобаҷо кардан лозим аст, ки дар ҷустуҷӯи он вақти зиёд сарф нашавад. Ва, албатта, ба монанди ин ҳангоми кор бо компютер, бояд танаффус кард то ин ки мушакҳо дам гиранд.

Коршинос: компютер ва телефон ба чашм зарари калон дорад

Ба наздикӣ ширкати Toll Free Forwarding тадқиқоти илмӣ ва ақидаи коршиносонро гирд овард ва дар 3D-модел нишон дод, ки бадани мо ба сабаби вобастагии гаҷет ба чӣ табдил меёбад.

193
Барчаспҳо:
телефон, зарар, Олимон