Ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон

Кобулов дар бораи ҳуҷум ба дидбонгоҳи "Ишқобод": Русия бохабар буд

1844
(Таҷдидшуда 11:22 17.12.2019)
Намояндаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон ва мудири департаменти дуюми Осиё дар ВУХ, Замир Кобулов ҳамла ба дидбонгоҳи Ишқободро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳқиқи ҳуҷум ба дидбонгоҳи "Ишқобод" аз Русия кӯмак нахостааст, қайд кард намояндаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон, Замин Кобулов дар суҳбат бо ТАСС.

"Мо ба додаҳои расмии ҷониби Тоҷикистон такя мекунем ва онро чун маълумоти боэътимод мешуморем. Худи ин ҳодиса ташвишовар аст. Агар касе ҷойгоҳи Русияро дар муносибат бо ташкилотҳои террористӣ ва Давлати исломӣ дар Афғонистон, пайгирӣ карда бошад, мо чанд сол пеш дар бораи чунин шакл гирифтани ҳодисот огоҳ карда будем. Мутаассифона пешбинии мо дар ин росто дуруст баромад", - гуфт Кобулов.

Ӯ афзуд, ки Русия кайҳо кӯшиш дорад то ба "гӯш"-и мамолики Ғарб таҳдиди тероризм ба кишварҳои Осиёи Марказиро расонад. Вале, дар посух ба ВКХ Русия танҳо ҷавобе гирифт, ки "гуиё Русия барқасд кишварҳои Осиёи Марказиро метарсонад, то пойгоҳҳои ҳарбии худро он ҷо мустақар созад, дар асл ин миф аст".

Вале танҳо замоне, ки дар кишвари ором чунин воқеъаи шадид рух дод, дар мамолики Ғарб дар бораи таҳдиди ҷиддии терроризм ба ин минтақа ва ҷамъияти байналмилалӣ ҳарф заданд.

Қазоқистон назорати марзро баъд аз ҳамла ба дидбонгоҳи Тоҷикистон пурзур намуд - видео

"Мо тарафдори он, ки бо ҳама гуна бадӣ дар давраи сар заданаш бартараф шавад, на он замоне, ки ба таҳдиди воқеъӣ ба давлатҳо ва ҳамсояҳо табдил меёбад. Ман бар ин ҳастам, ки натанҳо мо, балки дигар кишварҳо низ қазияи ҳамла дар Тоҷикистонро омӯзанд ва қарорҳои дахлдор қабул кунанд, то нагузорем, ки минбаъд чунин ҳодиса такрор шавад", - афзуд коршинос.

Эмомали Рахмон на заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ҳуҷум ба дидбонгоҳи "Ишқобод": нақли аскари шоҳид

Кобулов ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон узви СПАД аст ва ҳамеша метавонад натанҳо ба кӯмаки Русия, балки дигар шарикон такя кунад. 

Вазифаи глобалии Русия ва СПАД - пешгирии чунин ҳодисонт дар кишварҳои шарик аст.

Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД ҳушдор дод

"Ҳуҷуми террористон дӯстони тоҷики моро натарсонд, онҳо ҳодисаро таҳти назорат гирифтаанд", - хулоса кард Кобулов.

1844
Барчаспҳо:
ҳамла, Суғд, Ишқобод, Замир Кобулов
Холод Леонид доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия РФ

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

55
(Таҷдидшуда 18:37 01.08.2020)
Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия тавзеҳ дод, ки оё дар Тоҷикистон рушди содирот ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад ё не

Кӣ ба чунин натиҷа ноил шуд - табиат ё одамон бо кӯшиши худ ва истифодаи агротехнодогия, саволест, ки вақт металабад, таъкид мекунад, Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Холод рассказал, как укрепление сельхозсферы влияет на экономику Таджикистана

"Рушди 8 дар садии соҳаи аграрӣ натиҷаи хуб аст. Ин дастоварди муваққатӣ нест", - афзуд коршинос.
Холод гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳосилро пештар аз Русия мебардоранд, ин аз он шаҳодат медиҳад ки омор аз натиҷаҳои бадастомада аст.

"Содирот чизи хуб аст, агар нархҳои дохилиро набардорад, молро дар худи дохили кишвар кам накунад,", - таъкид кард коршинос.

Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки рушди нишондодҳои он боиси мустаҳкам шудани пули миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар мешавад.

55
Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода

Рӯзҳои сахти "Тоҷикэйр": қарз аз маош ва рухсатии бемузди кормандон

706
Ширкати ҳавонавардии "Тоҷикэйр" ҳудуди 90% дарсади кормандонашро дар пайи қатъи парвозҳо ба рухсатии бемузд фиристодааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дилшод Исматуллозода, директори кулли ширкати "Тоҷикэйр", ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар шарҳи ин матлаб гуфт, моҳи март вақте парвозҳо қатъ карда шуданд, ҳамчунин зарурат – ба рухсатии бемузд фиристодани 80 – 90% кормандони ширкат пеш омадааст.

"Аммо замоне, ки парвозҳои чартерӣ шурӯъ шуданд, мо аксарияти онҳоро дигарбора ба кор ҷалб намудем. Аз моҳи август вақте парвозҳои мунтазам сар шаванд, ҳамаи коргаронамон сари кор хоҳанд буд", - гуфт Дилшод Исматуллозода.

"Тоҷикэйр" аз соли гузашта ба ин сӯ бо мушкили молӣ мувоҷеҳ шудааст. 4 январи соли 2019 ин ширкат муваққатан парвозҳояшро қатъ карда, аз 2 сентябри ҳамон сол онҳоро дубора аз сар гирифт.

Аммо қатъи дубораи парвозҳои байнулмилалӣ дар моҳи марти соли равон дар пайи густариши "вируси корона" дар ҷаҳон ширкатро дигарбора ба мушкил мувоҷеҳ сохт.

Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Директори кулли ширкат мегӯяд, ҳолати бефаъолиятӣ ширкатро ба қарз афканд, аз ҷумла бештар аз 12 миллион сомонӣ аз музди меҳнат пеши кормандонаш бидеҳкор шуд.

"Пас аз шурӯъи дигарбораи кор мо тавонистем 4 миллион сомонӣ қарзи пештара аз ҳисоби музди меҳнати кормандон ва ҳам 8 миллиону 200 ҳазор сомонии дигар маош пардохт кунем. Умедворем, ки пас аз барқарор шудани парвозҳо ҳармоҳа маоши кормандонро мепардозем ва парвозҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки қарзҳои пешинаро низ адо кунем", - гуфт ӯ.

"Тоҷикэйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.

706
Барчаспҳо:
кормандон, маош, қарз, Тоҷик Эйр
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Пулис сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯяд: аз чор нафар 1.5 миллион сомонӣ гирифту ғайб зад

0
Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯянд, ки дар фиреби 4 мард муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Аз болои сокини 30 - солаи шаҳри Кӯлоб марди 40 - сола, ки низ аз ҳамин шаҳр мебошад, ба ШВУД дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуд, хабар медиҳад котиботи ВУД.

Бар тибқи даъвои сокини Кӯлоб, ҷавони 30 - сола соли гузашта ба боварияш даромада аз ӯ 1 миллиону 147 ҳазору 500-сомонӣ гирифта, ғайб задааст.

Зимнан, ин ҷавон бо ҳамин тарзу усул бо роҳи фиреб ба воситаи шахси сеюм ба боварии марди 34 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 88 ҳазор сомониро гирифта, барнагардондаст.

Раис аз дасти коргар фиреб хурд: боздошти корманди ширкати “Афзалият-Групп” барои қаллобӣ

Инчунин ӯ бо роҳи фиреб ба воситаи марди 34 - сола ба боварии марди 32 - солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 115 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи мазкурро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.

"Боз ӯ бо роҳи фиреб ба боварии марди 30 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, ба воситаи ӯ аз марди 34 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Муъминобод, 234 ҳазор сомонӣ, чорвои майдаи шохдор гирифта ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки  дар маҷмӯъ номбурда ба шахсони дар боло зикршуда, маблағи умумии 1 миллиону 584 ҳазору 500  сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Манбаъ меафзояд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 банди "б"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
қаллобӣ, пулис, ҷустуҷӯ, сокин, Кӯлоб