Главный редактор телеканала RT и МИА Россия сегодня Маргарита Симоньян

Муроҷиати Симонян ба президенти Эстония барои бехатарии кормандони Sputnik

102
(Таҷдидшуда 17:22 19.12.2019)
Маргарита Симонян аз президенти Эстония, Керсти Калюлайд даъват кард, ки аз боздошти хабарнигорони Sputnik барои фаъолияти касбӣ ҷилавгирӣ кунад

ДУШАНБЕ, 19 дек - Sputnik. Маргарита Симонян, сармуҳарири Агентии иттилоотии байналмилалии (АИБ) "Россия сегодня" ва телешабакаи RT ба президенти Эстония Керсти Калюлайд дар робита ба таҳдиди рӯзноманигорони Sputnik Эстония муроҷиат кард ва даъват кард, ки аз чунин таҳдидҳо пешгирӣ карда шавад.

"Президенти мӯҳтарам, хонум Керсти Калюлайд. Ман намедонам, ки шумо аз амалҳои нерӯҳои амниятии кишвари худ, ки ба рӯзноманигорон, шаҳрвандони он таҳдид мекунанд, бо далели он ки онҳо кори худро иҷро мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ таҳдид мекунанд, огоҳ ҳастет ё не. Ба онҳо шарт гузоштаанд, ки  Sputnik-ро то 1 январ тарк кунанд ва ё ба зиндон омодагӣ гиранд", -  навиштааст Симонян дар Telegram-канали худ бо забонҳои эстонӣ ва русӣ.

Кормандони Sputnik Эстония аз роҳбарияти Департаменти милитсия ва Қӯшунҳои сарҳадии кишвари худ мактуб бо таҳдидҳои бевоситаи оғози парвандаи ҷиноятӣ дар ҳолати тарк накардани фаъолияти худ гирифтаанд.

Ҳамчун далели ин амалҳо, таҳримҳое, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар санаи 17 марти соли 2014 алайҳи як қатор шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар партави рӯйдодҳо дар Украина номида шудаанд. 

"Ба ростӣ, ба ман душвор аст тасаввур кунам, ки дар Эстония, бо риоя нашудани ҳама ҳуқуқу озодиҳои мавҷуда омодаанд, ки 30 рӯзноманигорро ба маҳбас фиристанд. Аммо, мутаассифона, ҳамчун сармуҳаррири "Россия сегодня", таҷрибаҳо маро водор мекунанд, ки ин таҳдидро ҷиддӣ қабул кунам, чунки ҳамкасби мо Кирилл Вишинский 400 рӯзи худро дар Украина паси панҷара сарф кард", - навиштааст Симонян.

Вай аз президенти Эстония даъват кард, ки ҳабси журналистонро пешгирӣ кунад.

"Ман медонам, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон беҳбудӣ мехоҳанд. Мо омодагии шуморо барои муколамаи ором медонем ва ба  шумо эҳтиром қоилем. Мо, мисли шумо, воқеан намехоҳем, ки Эстония боиси хандахариш бошад. Биёед якҷоя иҷозат надиҳем дар ин кори пешгирифта", - омадааст дар баёнияи ӯ.

Хадамоти матбуотии "Россия сегодня" қаблан изҳор карда буд, ки агентӣ амалҳои мақомоти Эстонияро ғаразнок меҳисобад ва ба нақша гирифтааст, ки ба СММ, САҲА, Шӯрои Аврупо, ЮНЕСКО ва ECHR муроҷиат карда, талаб мекунад, ки ин ҳолати бесобиқаи вайронкунии озодии сухан дар солҳои охир арзёбӣ карда шавад ва чораҳо андешида шаванд.

102
Барчаспҳо:
Россия сегодня, Аврупо, Эстония, Русия