Сиёсатшиноси тоҷик аз норасоиҳои тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон гуфт

© Официальная страница Ш. Хакимова в FacebookШокирджон Хакимов, архивное фото
Шокирджон Хакимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сиёсатшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов сабабҳои бенатиҷа будани тағйироти кадриро дар Тоҷикистон тавзеҳ дод
Таджикский политолог назвал минусы перестановок в правительстве республики

Ҳангоми тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон наметавон амали ғайричашмдошт ва ғайримаъмулеро интизор шуд, мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов.

Таъиноти кадрӣ дар кишвар тибқи анъана мегузарад: ё мансабдор ба сини нафақа расидаасту бознишаста мешавад, ё вобаста ба кораш ба мансаби дигаре таъин мегардад.

"Мушкилӣ сари он аст, ки вақте нафареро барои хунукназарӣ барканор мекунанд, ӯ баъди муддате ба мақоми дигар таъин мегардад", - қайд мекунад ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ба гуфтаи Ҳакимов, ҳангоми таъини кадрҳо бояд имконияти зеҳнӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, сифати касбу кори мутахассисро ба назар гирифт, ки ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ бошнд.

Шокирҷон Ҳакимов гуфтааст, ки ин вазъро худи шаҳрвандон бо интихоби вакили арзанда дар интихоботи пралумонӣ метавонанд ислоҳ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0