Тахмина Бахронова

Баҳронова: ба сабаби вируси корона дар шаҳри Душанбе дархост ба такси 60 дарсад коҳиш ёфт

870
(Таҷдидшуда 14:17 26.05.2020)
Таҳмина Баҳронова, роҳбари ширкати Atlas Taxi гуфт, чӣ тавр вируси корона ба кори таксиҳои шаҳри Душанбе хисорот ворид кардааст

Ба гуфтаи Баҳронова пас аз 20 март ба далели баста шудани роҳҳо, шумори дархостҳо ба такси коҳиш ёфтааст. Ниёз ба такси пас аз эълони Ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон якбора ба маротиб коҳиш ёфт.   

“Аксари ширкатҳо комилан ба фаъолияти фосилавӣ гузаштанд. Кори макотибу донишгоҳҳо дар шаҳри Душанбе низ қатъ шуд. Ин ҳама ба кори таксиҳо таъсир гузошт. Дархостҳо тақрибан 60 дарсад коҳиш ёфт. Ин раванд миёни тамоми ширкатҳои пойтахт мушоҳида мешавад. Ронандаҳое, ки аз бонкҳо қарздор буданд, зарари ҷиддӣ диданд. Аксари онҳо мошинҳои харидаи худро ба фурӯш гузоштанд, то аз ин вазъи мушкил роҳи наҷот пайдо кунанд”, - гуфт роҳбари ширкати Atlas Taxi Таҳмина Баҳронова ба Sputnik Тоҷикистон.

 

Бахронова: из-за коронавируса заказы такси упали на 60% по всему Душанбе

Вай таъкид дошт, ки дар шароити пандемия таксиҳо ба расонидани маводи ғизоӣ даст заданд, ки қаблан ин хизматрасонии иловагӣ ба шумор мерафт ва пардохти ҳаққи хизмати он алоҳида ҳисоб мешуд.

“Ҳоло ба ҳама чизе лозим аст ва сокинон ба якдигар ҳар лавозимоте мефиристанд. Аз доруворӣ то либоса интиқол медиҳем. Ҳоло мо танҳо пули хатсайро ҳисобу китоб мекунем”, -  илова кард Баҳронова.

Роҳбари Atlas Taxi зикр кард, ки ширкат ронандаҳои худро бо ниқоб ва маводҳои антисептикӣ пурра таъмин менамояд. Ҳамчунин ширкат таксиҳои худро ҳамарӯза дезинфексия ё безарар мекунад.    

Баҳронова қайд кардааст, ки пандемия дар Тоҷикистон чанд моҳи дигар тӯл мекашад ва ба ҳамин хотир ширкат бо маркетологҳо барои ҷори намудани хизматрасониҳои нав гуфтушунид дорад.

870
Барчаспҳо:
дархост, такси, роҳбар, ширкат, хисорот, Душанбе, вирус

Пешниҳоди Жириновский: Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайъати Русия ворид шавад

52
(Таҷдидшуда 17:39 29.09.2020)
Раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский ташдиди даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳиро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Қарабоғи Кӯҳиро баргашта ба ҳайъати Русия ворид кардан лозим, изҳор дошт, раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский дар нишасти Думаи давлатӣ.

Раиси ҳизб чанд роҳи ҳаллии ин қазия ва манъи даргириҳои миёни Озарбойҷон ва Арманистонро пешниҳод кард. Аз ҷумла ӯ пешниҳод кард, ки ин минтақа ба ҳайъати Русия ворид шавад.

"Ман дарҳол мегӯям, чӣ кор бояд кард. Роҳи аввал - ворид шудани Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайъати Русия чун воҳиди мустақили маъмурӣ. Яъне 86-ум. Он замон ҳам озарбойҷониҳо ва ҳам арманиҳо ором мешаванд - на ба инҳо ва на ба онҳо. Розӣ нестед? Он замон ҳама якҷо ба ҳайъати Русия - ҳам Арманистон ва Озарбойҷон ва ҳам Қарабоғи Кӯҳӣ", - гуфт Жириновский.

Ҳамчунин раҳбари ҲЛДР роҳи шоҳӣ пешниҳод кард, вақте подшоҳ ба тарафҳо силоҳ тақсим мекунад ва пас аз хотимаи ҷанг зиндагии осоишта оғоз мешавад.

Идомаи даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Жириновский варианти ба Қарабоғи Кӯҳӣ додани мақоми байналмилалиро низ баррасӣ мекунад.

Жириновский варианти ба Қарабоғи Кӯҳӣ додани мақоми байналмилалиро низ баррасӣ дорад.

Дар акси ҳол, ҷанги абадӣ хоҳад шуд ва метавонад бо фалокат хотима ёбад. Сарбандро тарконда, шаҳрҳоро зери об хоҳанд гузошт. Дар ҷое нерӯгоҳи ҳастаӣ - Чернобил месозанд. Ин хеле душвор аст!" - хулоса кард ӯ.

52
Барчаспҳо:
Қарабоғи Кӯҳӣ, пешниҳод, Владимир Жириновский, Русия
Армянская артиллерия недалеко от границы Нагорного Карабаха, архивное фото

Вазъияти Қарабоғ: кӣ мехоҳад Русияро ба ҷанги Кафқоз кашад

252
(Таҷдидшуда 15:03 29.09.2020)
Шиддат ёфтани муқовимати мусаллаҳона дар Қарабоғи Кӯҳӣ, ки зиддиятҳои чандинсолаи низомӣ ва сиёсии байни Боку ва Ереван мебошад, имрӯз ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои бад аз ҷониби кишварҳои сеюм истифода мешавад

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik, Александр Хроленко. Чунин менамояд, ки касе кӯшиш дорад, ба мақсади парешон кардани қувва ва имконоти кишвар дар Белорус, Сурия ва "Маҷрои шимолӣ 2"? Русияро ба ҷанги бузурги Қафқоз кашад. Ширкаткунандагони аслии даргирӣ - Боку ва Ереван огоҳона ё ба маҷбурӣ Маскавро дар ҳолати ногувор қарор медиҳанд ва низоми амнияти ИДМ ва СПАД - ро барҳам медиҳанд.

Хатари байналмилалӣ ҳам ҳаст, ки бо қувваи берунаи кишварҳои ғарб, ки дар Қафқоз манфиати худро доранд, алоқаманд аст.

Мушкили Қарабоғи Кӯҳӣ бо роҳи низомӣ ҳал намешавад. Бо чунин фикри ҳалли мушкил ҳарду ҷониб - Озарбойҷон ва Арманистон (ки манфиати Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳиро, ки дар музокирот нест, муҳофизат мекунад) ва гурӯҳи Минскии САҲА бо роҳбарии се ҳамраис - Русия, ИМА ва Фаронса, мувофиқанд.

Раванди музокирот суст ва душвор пеш меравад, аммо барои оғози амалиёти ҳарбӣ бо истифода аз артиллерияи вазнин, танкҳо, системаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои зарбазананда, ки 27 сентябр сар шуд, ягон сабабҳои объективӣ вуҷуд надорад.

"Рақобат" -и давомдори ҳарбии Арманистон ва Озарбойҷон дар нашри наворҳо бо танкҳои нобудшудаи рақиб, омори нигаронкунандаи талафоти ҳарду ҷониб Русияро самимона ҳамдарди мардуми арман ва озарбойҷон мекунад.

Амалиёти ҳарбӣ барои ҳеҷ як аз тарафҳои муноқиша манфиатовар нестанд ва дар сурати ташдиди минбаъда, оқибатҳои он метавонад ғайричашмдошт бошад: ҷорӣ кардани нерӯҳои посдори сулҳи хориҷӣ (ташаккули минтақаҳои амниятӣ) ва ё дар бадтар шудани рӯйдод, ҷанги густарда дар Қафқози Ҷанубӣ бо ширкати кишварҳои СПАД (пеш аз ҳама, Русия) ) ва НАТО (ишора ба Туркия).

Ёдовраӣ мекунам, даргирӣ дар минтақае, ки омехтаи арманиҳо ва озарбойҷониҳо ба сар мебаранд, соли 1988 замоне, вилояти автомномии Қарабоғи Кӯҳӣ дар бораи баромадан аз ҳайати Озарбойҷони ИҶШС эълон кард, оғоз шуд. Дар марҳилаи аввал нақши посдорони сулҳро Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ИҶШС мебозиданд, ки тавонистанд дар тӯли се сол муқовимати мусаллаҳонаро нигоҳ доранд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва хурӯҷи Қӯшунҳои дохилӣ, ҷанг бо нерӯи нав авҷ гирифт ва то соли 1994 Озарбойҷон назорати аксарияти манотиқи Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳафт ноҳияҳои наздики онро аз даст дод. Музокирот барои ҳалли мусолиматомези муноқиша дар доираи Гурӯҳи Мински САҲА аз соли 1992 инҷониб идома дорад ва бархӯрдҳои мусаллаҳона давра ба давра шиддат мегиранд.

Низоми нав

Аз саҳнаи даргириҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, маълумоти зиддунақиз мерасад. Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро дар аввали даргирӣ гунаҳкор мекунанд ва гуё танҳо ба иғвогариҳо ҷавоб медиҳанд. Дар ин росто, рӯзи душанбе дар Озарбойҷон омодагии пурраи ҳарбӣ эъло шуда, Илҳом Алиев президенти ин кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард. Дар Арманистон як рӯз пеш вазъияти низомӣ эълон карда шуд.

Тибқи иттилои мақомоти Озарбойҷон, рӯзи 27 сентябр, низомиёни арманӣ ҳафт деҳаро, ки "камарбанди амниятӣ" ном дорад (дар давраи ИҶШС ин минтақаи Озарбойҷон ба ҳайати Қарабоғи Кӯҳӣ ворид набуд ва дар авоили солҳои 1990 таҳти идораи қувваҳои арманӣ буд), монданд.  Субҳи 28 сентябр президенти эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ Араик Арутюнян қайд кард: "Мо мавқеъамонро аз даст додем, мо боз аз даст медиҳем, вале мо боз мавқеъро аз худ мекунем". Даргириҳо ҳамоно идома доранд. Бартарии куллии яке аз ҷонибҳо, мушоҳида намешавад.

Боку ва Ереван ҳарду омодаанд бо истифодаи ҷангандаҳо, қиркунандаҳо, бесарнишинон ва мушаки "Искандар" "адолати таърихӣ"  -ро барқарор кунанд. Ҳар рӯз даргириҳои низомӣ қурбонии бештарро дар пай дорад. Дар вазъияти кунунӣ аллакай муҳим нест, кӣ рӯзи 27 сентябр аввалин шуда, танкҳоро ба кор андохт.

Муҳимаш имрӯз - хотима додан ба даргирӣ дар марзи Қарабоғи Кӯҳӣ, нишастан дар пушти мизи музокирот ва ҳифзи ҳаёти мардум аст. Набояд аз ӯҳдадориҳои иттифоқӣ фаромӯш шавад.

Агар Боку ва Ереван худро шарики Маскав ҳисобанд, бояд мавқеъи Русия, пайомадҳои нобудсозии низоми муносибот ва низоми амнияти минтақавиро дар назар гиранд. Ҳатто бо дарназардошти зиддиятҳои мавҷуда ва далелҳои муҳими ҷонибҳои муқовимати мусаллаҳона, ба Русия ҷанг лозим нест. Дар ВКХ Русия тарафҳои даргири Қарабоғи Кӯҳиро ба "оташбаси фаврӣ" даъват карданд.

Фикр мекунам, ақл ғолиб меояд ва вазъияти минтақа то ҳадди ҷанги бузург таназзул намеёбад. Гузашта аз ин, вокуниши байналмилалӣ ба авҷгирии вазъияти Қарабоғ созанда аст.

Дар ин росто Иттиҳоди Урупо, ИМА, Эрон аз вазъи баамал омада изҳори нигаронӣ мекунанд ва пешниҳоди миёнаравӣ доранд. Рушди саҳнаи ҷангиро танҳо президенти туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, бештар дар сухан, тарафдорӣ мекунад. Ҳатто Анқараи "ҷангара" низ дар ин бозии хатарноки Қавқози Ҷанубӣ, чизеро метавонад аз даст диҳад. Ҳуҷум ба Арманистон ҷавоби СПАД - ро талаб мекунад, яъне ҷанг бо Русия (ин Кипр ва Юнон нест). Пас фармоишгари асосии саҳнаи гарм кист?

Пешбинии ҳайратангез 

Намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Озарбойҷон ва Арманистон пешакӣ рӯзи ҷумъа, 25 сентябр,  шаҳрвандони худро аз ташдиди вазъ ҳушдор доданд. Сафорати ИМА дар Арманистон сафар ба Қарабоғи Кӯҳӣ, минтақаҳои шимоли боғи миллии Дилиҷон, аз марзи Гурҷистон дар минтақаи Тавушро тавсия намедод. Худи ҳамон рӯз сафорати ИМА дар Озарбойҷон аз шаҳрвандони худ даъват кард, ки "дар робита ба шиддат ёфтани таниш дар қитъаҳои марзи Арманистон ва Озарбойҷон" аз нимҷазираи Абшерон набароянд. Шояд ин як тасодуфи оддӣ набуда, балки натиҷаи омезиши мураккаби ҳарбӣ-сиёсӣ бошад.

Кӯшиши ҳукмфармоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар марзҳои Русия дар соҳаи иқдисод ва ҳарбӣ бо як қатор низоъҳои мусаллаҳона ва шиддат Қафқоз ва дигар минтақаҳо мувофиқ аст.

Онҳо ба сокинони кишварҳои ИДМ раҳм намекунанд ва захираҳои Русия кафолатан барои рафъи хатари низомӣ равона мешаванд. Яъне, Маскав барои рақобат бо Вашингтон дар қисматҳои дигари ҷаҳон камтар қувва ва захираҳо хоҳад дошт. Шиддат ёфтани низоъи Қарабоғи Кӯҳӣ ба таври возеҳ барои Русия мушкилот эҷод мекунад ва ба манфиати миллии Иёлоти Муттаҳида пурра ҷавобгӯ мебошад.

252
Барчаспҳо:
ҷанг, Қарабоғи Кӯҳӣ, ҷанг дар Қарабоғ