Исмоилён: тағйирот дар Кодекси андози ҷумҳурӣ дарҳоро барои сармоягузорон боз хоҳад кард

© из личного архива Зулфикора ИмоилёнаЭкономический эксперт Зулфикор Исмоилён.
Экономический эксперт Зулфикор Исмоилён. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зулфиқори Исмоилён, коршиноси масоили иқтисодӣ бар онаст, ки тағйирот дар соҳаи андозбандӣ метавонад ба иқтисоди ҷумҳурӣ нафаси тоза бахшад

Гурӯҳи кории байниидоравии назди вазорати молияи Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи нави Кодекси андозро анҷом дод. Тибқи лоиҳаи мазкур теъдоди андозҳои умумӣ аз то 7 намуд кам хоҳад шуд. Инчунин тибқи лоиҳаи мазкур реҷа ва низоми андозбандӣ низ дигар хоҳад шуд.

 

Исмоилён: изменения в Налоговом кодексе Таджикистана откроют путь инвесторам

Бино бар иттилои коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилён, қаблан дар Тоҷикистон корҳо барои кам кардани фоиз ва намуди андозҳо анҷом дода шуда буд.

Ба гуфтаи коршинос, ҳоло дар ҷумҳури ҳама аз андоз вобаста аст, чунки 95 дарсади қисми даромади буҷаи Тоҷикистон маҳз аз андозбандӣ, ҷарима ва боҷи гумрукӣ  пур карда мешавад.

Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз НБО "Роғун" то "Талко": Кумитаи андоз бузургтарин қарздоронашро ном бурд

Исмоилён таъкид кард, ки ба иқтисоди Тоҷикистон вазъ дар бозори муҳоҷирати меҳнатӣ сахт таъсир гузошт.

“Ислоҳот дар соҳаи андозбандӣ – ин бисёр хуб аст. Андозбандӣ бояд кам карда шават то корхонаҳо ва соҳибкорон нафаси сабук кашанд. Ин ба сармоягузорон имкон медиҳад,  сармояи худро ба Тоҷикистон сарозер кунанд”, - зикр кард коршинос.

Оқои Исмоилён таъкид, кард ки тағйироти мазкур имкон медиҳад ба иқтисоди ҷумҳурӣ кумак кунад ва роҳи сармояҳои хориҷиро ба иқтисоди кишвар боз кунад. Ҳамчунин, ин иқдом барои ҷумҳурӣ имкон медиҳад қарзҳои берунаашро пардохт кунад.

Лентаи хабарҳо
0