Кандидат в президенты США Джо Байден

Байден ИМА - ро ба лухтаки Урупо табдил медиҳад

378
(Таҷдидшуда 12:05 01.12.2020)
Иттиҳоди Урупо дар симои раҳбари Шӯрои Урупо Шарл Мишел ба Ҷо Байден пешниҳод кард, ки "Иттифоқи қавии трансатлантикӣ" - ро барқарор созад

ДУШАНБЕ, 25 ноя - Sputnik, Ирина Алкснис. Агар Байден вориди Қасри Сафед шавад (бо назардошти рушди воқеъа ин кор ногузир аст) умеди барқарорсозии "Иттифоқи қавии трансатлантикӣ" - асос дорад. 

Номзадии эҳтимолии котиби давлатии  ИМА - Энтони Блинкен, ки маҳсулоти тозаи "ботлоқи Вашингтон" ва "ҳимоятгари эътилофҳои ҷаҳонӣ" аст, як нишони муҳим гардид.

Хушҳолии Урупои Шарқӣ аз дидани Ҷо Байден дар нақши президенти ИМА вақте маълум шуд, ки раҳбарони ин имнтақа яке паси дигар ӯро барои ба маснади раҳбарӣ интихоб шудан, муборакбод мегуфтанду Олмон, изҳор дошт, ки барои кор бо Трамп "дар муддати чор соли дигар" нақша надорад.

Маълум нест, чаро барои Урупо маҳз дар сари қудрат будани глобалистҳо - онҳое, ки хостори ҷаҳони якқутбӣ бо сарварии Вашингтон ҳастанд, хушоянд аст.

Мешавад гуфт, ки дар Урупо қувваҳои дастгири Амрико зиёд шудаанд, ки омодаанд давлатҳои худро қурбони сиёсати ИМА кунанд.

Масалан ҳукумати Олмон бори дигар мавқеъи худро дар бораи ғайри қобили қабул будани таҳримҳои экстерриториявӣ, ки дар Иёлоти Муттаҳида алайҳи "Маҷрои Шимолӣ 2" таҳия мешаванд, тасдиқ кард.

Ҳамин тавр, Урупо мехоҳад манофеъи худ ва нақши геополитикии худро дар ҷаҳон нигоҳ дорад, вале ҳамзамон бозгашти қувваҳоеро ба сари қудрати Вашингтон , ки аслан ин қудратро намехоҳанд пазиранд, дастгирӣ мекунад.

Роҳи ҳалли ин зиддияти аҷибро дар рӯйдодҳои чор соли пеш бояд ҷӯё шуд.

Баробари ба Қасри Сафед ворид шудан, Доналд Трамп аз имзои бархе аз созишномаҳои байналмилалӣ бо ширкати ИМА даст кашид. Сарнавишти иттифоқи машҳури трансатлантикии тиҷорат ва сармоягузорӣ, ки то он замон обрӯи бад дошт, низ ба дасти ӯ афтод.

Суханчинҳо огоҳ мекарданд, ки Амрико бо кумаки он тамоми захоири Урупоро ба сӯи худ хоҳад кашид.

Вале, Трамп, ки дар давраи сари қудрат буданаш аз ҳамаи имконот барои ҷалби сармоя ба давлаташ моҳирона истифода мекард, дарҳол ва бедудилагӣ аз "мурғе", ки бояд чанд сол барои ИМА тухмҳои тиллоӣ мекард, даст кашид. Зиёда аз ин, ӯ чандин маротиба изҳор дошт, ки ин созишномаҳо дар асл барои ИМА фоидаовар нестанд. Аз афташ суханони тоҷири ватандӯст бовар карданист.

Тасаввури ғалат дар бораи ҳамаи глобалистҳо (ҳатто амрикоиҳо) ин аст, ки ҳамаи онҳо ба манфитаи миллӣ кор мекунанд. Барои онҳо ИМА чун армияи бузурги ҷаҳон шояд бисёр муҳим бошад. Аммо худ як кишвари азиме, бо 330 миллион нафар аҳолӣ бори гаронест, ки сармоягузорӣ ба он барои ҳалли мушкилоташ қобили қабул нест.

Аммо манфиатҳои воқеӣ ва эҳсосоти сентименталии глобалистҳо ҳамчун шаҳрвандони ҷаҳон метавонанд бо ҷойҳои тамоман дигар алоқаманд бошанд. Масалан Энтони Блинкен, замони кӯдакии худро  дар Порис гузаронидааст ва ба ташаккули шахсияти ӯ падарандараш, ки урупоист, сахт таъсир кардааст. Ҳамин тариқ, шубҳаҳо дар бораи он, ки ӯ ҳамчун котиби давлатӣ то чӣ андоза манфиатҳои миллии Иёлоти Муттаҳидаро пеш мекунад, комилан табиист.

Дар ин сурат мавқеъи Урупо маъно пайдо мекунад. Урупо дар даҳсолаи охир дар алоқамандӣ  бо Амрико ба ҳадаф расиданро омӯхтааст. Танҳо созишномаи ҳастаии Эронро ба ёд меорем, ки онро аксар вақт яке аз пирӯзиҳои раёсати ҷумҳурии Обама меноманд, аммо дар асл Иттиҳоди Урупо манфиати бештар дошт.

Гузашта аз ин, ИА ҳанӯз ҳам аз бисёр ҷиҳат ба ИМА ниёз дорад. Аз ҷумла, кӯшишҳои Урупо барои созмони артиши худ - на тақлид, ки имрӯз вуҷуд дорад, балки нерӯи воқеии низомӣ ҷиддӣ ба назар намерасад. Ба ин маъно барои урупоиҳо алтернатива нест ва дар ояндаи наздик пешбинӣ ҳам намешавад.

Аммо Трамп ҷиддан мехост, Ҷаҳони Қадимро барои пардохти нархи "чатр" - и низомӣ маҷбур кунад, вале акнун Брюссел ва Берлин имкон доранд бо "ботлоқи Вашингтон" ба таври мусолиматомез дар ин масъала муросо кунанд.

Ва ҳанӯз ҳам, барои муқобили Русия - дар масоили геополитикӣ, иқтисодӣ ва низомӣ ИМА ба Иттиҳоди Урупо ниёз дорад. Дар акси ҳол, Маскав дар самти ғарбӣ шароити мусоид фароҳам мекунад, ки ин ба пойтахтҳои Урупои Ғарбӣ наонқадар писанд меояд.

Дар натиҷа, як ҳолати ғайримуқаррарӣ ба миён меояд: дар ҳоле, ки Урупо дар назари аксарият барои Иёлоти Муттаҳида як маводи истеъмолӣ менамояд, дар асл, бояд диламон ба ИМА бисӯзад, ки метавонад қурбони хиёнати элитаҳои урупоӣ гардад.

378
Барчаспҳо:
Урупо
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Як сол кам аст: коршинос чуну чарои лағви андози замин дар Тоҷикистонро шарҳ дод

171
(Таҷдидшуда 19:42 26.01.2021)
Коршинос таъкид кард, ки барои самараноктар шудани натиҷаи лағви андози замин як сол аст, аммо, ба гуфтаи вай, ба ҳар ҳол ин амали дуруст ва натиҷаовар аст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Изҳороти роҳбари давлати Тоҷикистонро дар бораи бекор кардани андози замин коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисодӣ Леонид Холод тавзеҳ дод.

"Дар Тоҷикистон дар бозори озуқа вазъи ғайриоддие ба миён омад, ки сабабаш дар охири соли 2020 ва оғози соли 2021 коҳиш ёфтани сомонӣ нисбат ба рубл, доллар ва евро буд", - гуфт Холод дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли вай, ин маънои онро дорад, ҷумҳурие, ки маҳсулоти озхуқа ва кишоварзиро бештар ворид мекард, қисме аз аҳолиро аз хатари бе ин намуди маҳсулот мондан, наҷот додан мехоҳад, зеро мардум маводи воридгардидаро бо нархи наву гаронтар харидан маблағ надоранд.

"Вобаста ба ин бозор бояд вокуниш кунад. Вақте рақиби берунӣ гарон мешавад, пас ин бояд истеҳсолоти ватаниро ҳавасманд гардонад. Равандҳои бозори худтанзимкунӣ вақт мехоҳад ва давлат бояд ин мушкилиро тезтар ҳал кунад", - мегӯяд Холод.

Ба гуфтаи иқтисодшинос, маҳз барои ҳамин Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон соҳаи кишоварзиро бояд ба ҳар роҳ рушд диҳад.

"Имрӯзҳо имконияти аграрии ҷумҳурӣ пурра истифода намешавад. Дар Тоҷикистон он қадар заминҳои барои кишту кор мувофиқ мавҷуд нестанд, аммо он чизе, ки мавҷуд аст, бояд истифода шавад", - афзуд вай.

Маблағи андози замин дар Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.

"Барои Тоҷикистон ин маблағи калон аст, барои деҳқонони тоҷик бошад, ин пули хело калон аст. Яъне, онҳо ин миқдор маблағро намесупоранд ва вазъи молиашон беҳтар мешавад. Онҳо ин маблағро ба нарх изофа намекунанд ва дар натиҷа имкон фароҳам меояд, ки нархи дар натиҷаи асъор болоравандаро танзим карда тавонанд", - гуфт коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, лағви андози замин боиси аз худ кардани заминҳои боқимонда мегардад.

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

"Агар ин чораҷӯӣ барои як сол аст, ин кам аст ва беҳтараш онро барои якчанд сол ҷорӣ кунанд, то минтақаҳое, ки истифода намешуданд, аз худ карда шаванд. Аз нуқтаи назари рушди хоҷагии қишлоқ ин чораҷӯӣ самарабахш ва дуруст аст", - гуфт дар анҷом Холод.

171
Барчаспҳо:
замин, андоз, коршиносон
Международные военные учения НАТО, архивное фото

"Русҳоро аз ҷои осебпазир мезанем": НАТО чӣ нақша дорад

274
(Таҷдидшуда 16:58 22.01.2021)
Бо эҷоди воҳиди низомӣ, сохтани инфрасохтор ва муттаҳидсозӣ - дар соли 2021, НАТО фишорро ба марзҳои ғарбии Русия афзоиш хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik, Андрей Котс. Дар моҳҳои май-июн, эътилоф бузургтарин тамринҳоро пас аз Ҷанги Сард, таҳти унвони Defender Europe - 2021 баргузор мекунад.

Ҷавоб ба онҳо машқҳои баробармиқёси муштараки Русия ва Белорус "Ғарб - 2021" хоҳад буд, ки моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Майдони ҳарб - Урупо

Дар доираи Defender Europe 2021, мисли пештара, дар Урупои Шарқӣ ва назди Балтика амалҳои мудофиавӣ ва ҳуҷумӣ машқ карда мешаванд. Тибқи нақшаи тамрин, нерӯҳои НАТО ба вилояти Калининград ҳамла карда, минтақаҳои ғарбии Русияро муҳосира мекунанд ва инчунин "ҳамлаи густурдаи Русия" -ро пешгирӣ кунанд. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ, дар соли 2021, на ба Урупои Шарқӣ, балки ба Урупои Ҷанубӣ диққати махсус дода мешавад.

Манёврҳо дар Черногория, Косово ва Албания ба нақша гирифта шудаанд. Дар Булғористон ва Руминия тамринҳои ҳавоӣ ва партоби мушакҳои замин ба замин баргузор мешаванд. Ва Маҷористон ҳамчун ақибгоҳи "ҷанг" хизмат хоҳад кард.

Амрикоиҳо нерӯҳои худ, аз ҷумла қисмҳои 1-уми савора ва дивизияҳои 82-уми десантиро ба Урупо интиқол медиҳанд. Садҳо воҳиди техникаи ҳарбӣ барои мақсадҳои гуногун тавассути Атлантика интиқол дода мешаванд. Ғайр аз ин, бригадаи 53-уми пиёдагард аз Флорида оварда мешавад.

Истисно нест, ки пас аз тамринҳо амрикоиҳо боз баъзе аз силоҳҳоро дар Урупо "фаромӯш" хоҳанд кард, чунон ки на як бору ду бор рух дода буд. Ба гуфти коршиносон, бо ин роҳ Пентагон қобилияти ҳамлаии худро дар минтақа сол ба сол афзоиш медиҳад.

Дар посух ба Defender Europe 2021, Русия ва Белорус дар моҳи сентябр манёврҳои West-2021-ро баргузор мекунанд. Вазири дифоъи Белорус Виктор Хренин рӯзи душанбе гуфт, ки "тамринҳои муштарак имкон медиҳанд, ки усулҳои нави амалҳои муштарак тавассути воҳидҳои ҳамлаи ҳамҷоя санҷида шаванд" ва "арзёбии самаранокии силоҳ ва таҷҳизоти нав ва муосир аз санҷиш гузарад".

Минск таъкид кард, ки манёврҳои стратегӣ "муносибатҳои қавии иттифоқӣ ва ягонагии дидгоҳҳои вазоратҳои дифоъи Белорус ва Русияро дар бораи таъмини амнияти низомии Давлати Иттиҳодӣ" инъикос мекунанд.

Намоиши нерӯ

Ҳарду ҷониб аз забони маъмулии дипломатӣ дар бораи манёврҳои ғайримуқаррарӣ алайҳи ягон блоки давлатӣ ё низомӣ истифода накарданд. Амалияи ҳамла ба нерӯҳои НАТО ба Калининград ва омода кардани хизматчиёни ҳарбии Русия ба ҷангҳои шаҳрӣ равшан нишон медиҳад, ки кӣ бо кӣ ҷангиданист. Албатта, эҳтимолияти задухӯрди миқёсӣ кам аст, аммо хеле воқеист.

Ба гуфтаи коршиносон, тағйири қудрат дар Иёлоти Муттаҳида ба амалҳои НАТО дар соли 2021 мустақиман таъсир хоҳад гузошт. Дар тӯли чор соли президенти Доналд Трамп ягонагии блоки Атлантикаи Шимолӣ ба таври назаррас суст шуд. Соҳиби Кохи Сафед пинҳон намедошт, ки ӯ пеш аз ҳама манфиатҳои Амрикоро пайгирӣ мекунад ва ҳатто имкони баромадан аз иттифоқро истисно намедонад. Ин суханронӣ дар Урупо боиси нигаронии шадид гашт, масъалаи артиши ИА дубора ба миён омад. Президенти нав бешубҳа кӯшиш хоҳад кард, ки ҳама чизро ислоҳ кунад.

"Муносиботи Русия ва НАТО имсол бадтар хоҳанд шуд", - гуфт Константин Сивков, муовини аввали президенти Академияи масоили геополитикӣ. "Байден мехоҳад эътилофро барқарор кунад. Ва ин душмани берунаро талаб мекунад. Русия барои ин нақш аз ҳама мувофиқтар аст, азбаски Чин хеле дур аст. Вашингтон инчунин барои муттаҳид сохтани ҷомеаи Амрико ба тасвири душмани беруна ниёз дорад.

Пул кор кардан

Аммо, коршиносон чунин мешуморанд, ки дар асл НАТО ҳеҷ нақшаи ошкорои хашмгин алайҳи Русия надорад. Тавсеаи минбаъдаи эътилоф барои амрикоиҳо танҳо роҳи пул кор кардан ва Урупоро бештар ба худ бастан аст. Вашингтон ба давраи пеш аз Трамп бармегардад ва дахолати худро ба умури Дунёи қадим афзоиш медиҳад.

Аврупо барои ИМА таҳти роҳбарии Байден яке аз бозорҳои асосии маҳсулоти низомӣ боқӣ хоҳад монд. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд интизор шавем, ки суханрониҳои зидди Русия аз хориҷа зиёдтар шаванд. Аммо аксари коршиносон мутмаинанд: Вашингтон ва Брюссел ба гумон аст, ки ҷуръат кунанд, ки нерӯи дуввумин абарқудрати ҷаҳонро дар ҳақиқат бисанҷанд.

274
Барчаспҳо:
нақша, осеб, НАТО, НАТО, Русия

Интиқоди тунди Жириновский аз Туркия: наравед ба он ҷо

0
(Таҷдидшуда 20:07 26.01.2021)
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз сафар ба "кишвари маккор" - Туркия, ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, Владимир Жириновский макони истироҳат - Туркияро кишвари "маккортарин" номид.

"Ба Туркия наравед, маккортарин кишвар аст", - изҳор дошт Жириновский.

Бо чунин суханон Жириновский ҳамлаи мусаллаҳона ба чор шаҳрванди Русияро шарҳ дод. Ин ҳамла дар кӯчаи Бешикташи шаҳри Истамбул ба вуқӯъ пайвастааст.

Як марди кӯчарӯб ба ду зан ва як марди русиягӣ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ҷиҳати равонӣ бемор будааст.

Шаҳрвандони Русия ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Сокинони маҳаллӣ ба захмиён кумаки аввалия расонида ва баъдтар онҳо бистарӣ карда шуданд.

Яке аз замхиёнро ба зудӣ аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод, чун вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад.

Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш нархномаи истироҳат барои шаҳрвандони Русия дар Туркия дар қиёс бо соли 2020, то 15 дарсад боло рафт.

Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ин нархнома боз ҳам гаронтар хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки 90 дар сади истироҳаткунандагон Анталияро интихоб мекунанд.

0
Барчаспҳо:
Русия, Туркия, Владимир Жириновский