Коршинос муносибати манфии Ғарб бар ваксина “Спутник V”-ро тавзеҳ дод

232
(Таҷдидшуда 16:34 11.12.2020)
Коршиноси низомӣ тавзеҳ дод, ки ба хотири чӣ кишварҳои Ғарб аввалин ваксинаи сохти Русия бар зидди вируси коронаро бадном мекунанд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Коршиноси низомӣ Игор Коротченко дар суҳбат бо РИА Новости  гуфт, ки маъракаи бадномкунии кишварҳои Ғарб бар зидди ваксинаи вируси корона “Спутник V” ва кушишҳои кишварҳои узви НАТО барои боздории Русия вобастагӣ дорад.

Қаблан намояндаи вазорати дифои Русия Игор Конашенков эълон кард, ки кишварҳои Ғарб барои бадномкунии ваксинаи “Спутник V” маблағҳо ҷудо кардаанд.

Вай огаҳ кард, ки кишварҳои Ғарб дар ояндаи наздик гузоришу таҳқиқотҳои бардуруғ ва шоҳидии шахсони қалбакӣ дар бораи ваксинаи русии “хатарнок” ё ин ки даст кашидани оммавии мардум аз эмгузаронии ваксина “Спутник V” хабар хоҳанд дод.  

Коршинос сохти ваксинаро суоли бузурги сиёсӣ ва амнияти миллӣ донист. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи Коротченко, маъракаи бадномкунии ваксинаи “Спутник V” дар баробари кушишҳои низомии Ғарб барои боздории Русия сурат мегирад.

“Ин бадномкунии ваксина, ба хотире сурат мегирад, ки нагузоранд “Спутник V” ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбад. Ба харидории ин ваксина даҳҳо кишварҳо алоқамандӣ пайдо карданд. Масъалаи ваксина дар якҷоягӣ ба кушишҳои низомии кишварҳои Ғарб барои боздоштани Русия ин талоши тахрибкорӣ аст ва яке аз мақсади асосии НАТО ва пеш аз ҳама Амрико мебошад”, - гуфт коршинос.

Вазорати тандурустии Русия дар моҳи август аввалин ваксина бар зидди COVID-19-ро ба қайд гирифт. Ин ваксина “Спутник V” ном гирифт. Бартарии ин ваксина комилан бароb инсон безарару самаранок будааст ва дар давоми тӯлонӣ оқибатҳои ногувор надоштааст.

232
Барчаспҳо:
муносибат, вируси корона, вирус, Ғарб, коршинос
Руководитель Школы востоковедения факультета мировой экономики и мировой политики Национального исследовательского университета Высшая школа экономики (НИУ ВШЭ) Алексей Маслов

Коршиноси рус сабаби беқурбшавии рекордии пулро дар Тоҷикистон гуфт

191
(Таҷдидшуда 20:27 16.01.2021)
Коршиноси рус, иҷрокунандаи вазифаи мудири Институти Шарқи дури Академияи илмҳои Русия Алексей Маслов дар бораи роҳҳои пешгирии таваррум гуфт

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Дар Тоҷикистон дар соли 2020 беқурбшавии пули миллӣ ба ҳадди ниҳоияш расид.

Бино бар иттилои Агентии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон, нишондод бар хилофи пешбиниҳо, ба 9,4 дар сад расид.

Пештар коршиносон гуфта буданд, ки сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ аз 7 дар сад боло нахоҳад рафт.

Дар давоми сол дар кишвар арзиши хӯрокворӣ ба маротиб гарон шуд. Афзун бар ин, на танҳо маҳсулоти воридотӣ, балки ватанӣ низ қимат гашт. 

Алексей Маслов, коршиноси рус, иҷрокунандаи вазифаи Институти Шарқи дури Академияи илмҳои Русия гуфт, ки кодом чораҷӯӣ метавонад беқурбшавии пулро дар Тоҷикистон боздорад.

Ҳамчунин коршинос тавзеҳ дод, ки чӣ боиси баланд рафтани он гардид.

"Якумаш, ин аз қатъ гаштани бисёре аз равандҳои берунии иқтисодӣ, пеш аз ҳама равандҳои содиротиву воридотӣ, аз ҷумла, қатъи интиқоли маҳсулот ба Тоҷикистон аз хориҷ вобаста аст. Дар натиҷа, ин ҳам ба  камшавии содирот ба Русия ва Чин ва кам шудани гирифтани мол аз Чин оварда расонид", - гуфт Маслов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ин равандҳо ба иқтисоди дохилӣ таъсири назаррас доранд. Бештари амволи тоҷикӣ, ба гуфтаи коршинос, бо далели баста будани марзҳо ба бозори беруна намебароянд. Барқароршавии ин равандро на зудтар аз мобайнҳои сол ва ё охири соли равон бояд интизор шуд, таъкид кард Маслов.

Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

Коршинос мегӯяд, ки аз ҳама роҳи самарабахши пешгирии беқурбшавӣ, ин рушди бозори дохила мебошад.

"Ин пеш аз ҳамаҳавасмандкунии рушди тиҷорати хурду миёна, ба таври максималӣ коҳиш додани андоз, озод кардани истеҳсолкунандагони хурд аз ҳама намуди андоз ва ғайра мебошад", - қайд кард вай.

Ин амал ба афзоиши маҳсулоти дохила, маҳз ба ҳамон, ки боиси инфлятсия гардидааст, оварда мерасонад.

"Ин гречка, равғани маска, маҳсулоти нонӣ ва ғайраҳо аст, ки бояд истеҳсоли онро афзоиш дод", - афзуд коршинос. 

191
Cудно работает на шельфе Балтийского моря на газопроводе Nord Stream 2, архивное фото

ИМА боз "Маҷрои Шимолӣ - 2" - ро "сахт" гирифт

179
Расонаҳо менависанд, ки ширкати даниягии Ramboll, ки дар сохтмони "Маҷрои Шимолӣ - 2" ширкат мекунад, аз таҳримҳои Вашингтон дар ҳарос шудааст.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik, Наталя Дембинская. Дар воқеъ, аз 1 январ Иёлоти Муттаҳида чораҳоро зидди он давлатҳое, ки бо лоиҳа алоқаманданд, пурзӯр кардааст.

Аммо, сохтмон идома дорад. Дар Урупо ҳавасҳо дубора ба ин ҷӯш мезананд: дар ҳоле, ки олмониҳо барои ҳимоят аз таҳримот як сандуқ омода мекунанд, бритониёиён мехоҳанд аз амрикоиҳо пайравӣ кунанд ва шведҳо аз сар задани "ҷанги газӣ" метарсанд. Дар ниҳоят бо лоиҳа чӣ мешуда бошад?

Қисми заминии "Маҷрои Шимолӣ - 2" бомуваффақият анҷом ёфт. Ҳоло қубурҳо дар обҳои Олмон, сипас дар Дания гузошта мешаванд. Лоиҳа ба ниҳоят расида истодааст. Аммо Вашингтон инро эътироф карданӣ нест. Қонуни нав дар бораи дифои буҷа, ки аз 1 январ амал мекунад, таҳримҳои иловагӣ алайҳи лӯлаи гази Русияро дар бар мегирад.

Аз ҷумла, сухан дар бораи ташкилотҳое меравад, ки хидматҳои санҷишӣ ё сертификатсияро пешниҳод мекунанд. Ширкати норвегии DNV GL аллакай эълом дошт, ки тамоми фаъолиятҳои санҷиши лӯлаи газро қатъ мекунад ва наметавонад онро тасдиқ кунад.

Чуноне раҳбари ҷумҳурихоҳон Митч Макконелл қаблан гуфт, қонуни дифоъи буҷа барои амнияти миллӣ муҳим аст ва "ҷилавгирӣ аз абарқудратҳои рақиб мисли Чин ва Русия" қабул шудааст. Ин санад бартарии ИМА-ро "дар баҳр, хушкӣ, ҳаво, фазои киберӣ ва кайҳон" мустаҳкам мекунад.

"Газпром" бояд тақрибан 150 километри дигар лӯла кашад: 120 дар Дания ва дар Олмон каме бештар аз 30 қубур. Лӯлаи газ 94% омода шудааст.

Сарфи назар аз кӯшишҳои Вашингтон барои пешгирӣ аз анҷоми лоиҳа, ки аз ҷониби панҷ ширкати бузурги энергетикии Урупо маблағгузорӣ мешавад, кор дар обҳои ҳудуди Олмон пас аз танаффуси яксола рӯзи 11 январ аз сар гирифта шуд. Аз 15 январ дар соҳили Дания низ қубурҳо гузошта мешаванд.

Ба қубургузори "Фортуна" аз ҷониби Мурман ва Пажӯҳишгари Балтикаи Хадамоти наҷоти баҳрии Русия ва инчунин дигар киштиҳои ёрирасон кумак расонида мешавад. Дар баҳр дар ду тарафи хатти қубуркашӣ минтақаи холигии муваққатӣ, ки паҳноияш 200 метр аст, сохта мешавад.

Тавре директори кулли "Газпром" Елена Бурмистрова қаблан гуфта буд, мӯҳлати ба анҷом расонидани сохтмон аз як қатор ҳолатҳо, алахусус обу ҳаво вобаста аст.

Механизми дифоъ

Дар ҳамин ҳол, дар ИМА боз ба ширкатҳои урупоӣ, ба гуфтаи Вашингтон дар сохтмони "Маҷрои Шиомлӣ - 2" ба Русия кумак мекунанд, таҳдид менамоянд.

"Мо мекӯшем, онҳоро дар бораи хатар огоҳ кунем ва онҳоро даъват кунем, ки пеш аз дер шудан аз ҳамкорӣ даст кашанд",- гуфт як манбаъ дар Департаменти давлатӣ аз қавли Reuters. Ба гуфти хабаргузорӣ дар рӯзҳои наздик, Кохи Сафед рӯйхати созмонҳои носазоро нашр хоҳад кард.

Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид мекунад, ки Маскав сарфи назар аз фишорҳои Вашингтон ба шарикони ғарбии Русия, ба муваффақияти "Маҷрои Шимолӣ - 2" шубҳа надорад.

Дар Олмон "Маҷрои Шимолӣ -2" -ро лоиҳаи иқтисодӣ мешуморанд ва таҳримҳои ИМА-ро қабул намекунанд. Дар ин бора бори дигар муовини намояндаи расмии Девони Вазирони Олмон Улрике Деммер ёдоварӣ кард. Гузашта аз ин, дар аввали моҳи январ парлумони иёлати федеролии Мекленбург-Верпоммерн бо аксарияти овозҳо ташаббуси ҳукумати минтақаро дар бораи ташкили фонди экологии "Иқлим ва ҳифзи муҳити зист" дастгирӣ кард.

Ин фондро барои канорагирӣ аз таҳримҳои ИМА ташкил кардаанд. Ташкилот метавонад таҷҳизоти барои сохтмон заруриро харидорӣ кунад. Ва пеш аз ҳама, лӯлаи газро барои муҳити атроф безарар эътироф мекунад. Бино ба гузориши хабаргузории Bild, ин имкон медиҳад, ки "Маҷрои Шимолӣ -2" ҳамчун "унсури асосии ҳифзи муҳити зист" қабул карда шавад.

Иқтисоддон гуфт, дар робита ба "Маҷрои шимолӣ 2" аз Байден бояд чиро интизор шуд

Ин бунёд ният дорад як корхонаеро сабти ном кунад, ки танҳо бо "Маҷрои Шимолӣ -2" сарукор дорад. Ширкатҳое, ки ба онҳо таҳримҳо таҳдид мекунанд, бо ҷониби Русия тавассути василаҳои иқтисодии пешниҳодкардаи ин корхона ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Вақтро аз даст медиҳад

Оё олмониҳо вақт доранд, ки худро аз таҳримҳо муҳофизат кунанд? Нозирон тақсим шуданд. Аз як сӯ, ин фонд сармоягузорӣ ва салоҳиятҳоро ба даст овард, ки талошҳои Вашингтонро беэътибор мекунад, мегӯяд директори ТМТ Даниил Ростовцев.

"Бо вуҷуди ин, ташаббус бо ин фонд боиси норозигии ҷомеа, бахусус "сабзҳо" шудааст. Муҳити зист дар ин тарҳ саҳм гузоштанро ба як лоиҳае, ки ба ақидаи онҳо, "тамоман" сабз нест, балки барои муҳити зист хатарнок аст, ғайримуқаррарӣ мешуморад", - мегӯяд таҳлилгар. Ҳоло ҳама чиз аз он вобаста аст, ки оё ҷонибдорони МШ-2 метавонанд бо мардум ба мувофиқа расанд.

Ҳамзамон, коршиноси мустақили саноатӣ Леонид Хазанов итминон медиҳад, ки Берлин ба ҳеҷ ваҷҳ ба Вашингтон гузашт намекунад: Олмон ба сӯзишвории кабуди Русия ниёз дорад, ки аз сӯзишвории Амрико арзонтар аст. Ва боз ҳам бештар ҳифзи муносибатҳои иқтисодӣ бо Русия зарур аст: ин бозор барои ширкатҳои олмонӣ стратегӣ аст.

"Албатта, ин бунёд таҳти таҳримот қарор хоҳад гирифт, аммо онҳо асаре нахоҳанд дошт. Ва бар хилофи пудратчиёни онҳо бояд лоиҳаи қонуни наверо омода кунанд, онро тавассути Конгресс қабул намоянд ва имзои президентро интизор шаванд. Ин метавонад то шаш моҳ тӯл кашад, ки дар ин муддат Маҷрои Шимолӣ - 2" ба анҷом хоҳад расид" , - мегӯяд коршинос.

Бо вуҷуди ин, ӯ мушкилотро дар марҳилаи ба истифодадиҳӣ истисно намекунад - танҳо ба сабаби таҳримоте, ки ба дифоъи буҷаи ИМА ворид карда мешаванд.

Тарс ва нафрат

Бритониёиҳо мехоҳанд ба амрикоиҳо пайравӣ кунанд. Ба гуфтаи вакили бритониёӣ Даниэл Кочинский, лӯлаи гази Русия "бениҳоят хатарнок" аст, зеро он на тавассути шабакаҳои газ ва нафт, ки дар қаламрави кишварҳои НАТО ҷойгиранд балки "мустақиман ба Русия" мегузарад. Ба гуфти ӯ, Бритониёро акнун узвият дар Иттиҳоди Урупо маҳдуд намекунад ва аз ин рӯ "мо бояд дӯстони амрикоиро пайравӣ кунем ва алайҳи ҳар як ширкате, ки дар сохтмони МШ -2 даст дорад, таҳримот ҷорӣ кунем.

Дар ҳамин ҳол, дар Шветсия метарсанд, ки раёсати Ҷо Байден "ҷанги газӣ" -ро дар наздикии ин кишвар бар сари лӯла оғоз мекунад. Тавре ки Свенска Дагбладет қайд кард, демократии амрикоӣ нисбат ба Доналд Трамп "рақиби ҳатто сахттари ӯ" аст. Ва барои Скандинавия ин масъала аллакай ҳалли худро ёфтааст: ҳукумат гузоштани қубурҳоро тавассути минтақаи иқтисодии Шветсия тасдиқ кард.

Сиёсати энержии Байден, ба истилоҳ, роҳи сабз, ҷанбаи манфии раёсати ӯ дониста мешавад. Демократҳо нақша доранд, ки то соли 2035 барои гузаштан ба энергияи тоза ду триллион доллар сарф кунанд. Ва то соли 2050 - партовҳоро ба сифр баробар намоянд. Аммо, ин ҳам ба нафъи  Русия бозӣ мекунад: "Маҷрои Шимолӣ - 2" метавонад на танҳо гази табиӣ, балки гидрогенро низ интиқол диҳад. Дар Урупо талабот ба сӯзишвории гидрогенӣ эҳтимолан хеле зиёд аст.

Насби қубурҳои "Маҷрои шимолӣ - 2" наздик омадаст

Худи ИМА ба имконпазирии ҳамаи он чизе, ки Кохи Сафед ба "Маҷрои Шимолӣ - 2" ваъда додааст, шубҳа дорад. Тавре ки сенатори собиқ аз Вирҷиния Ричард Блэк итминон медиҳад, Байден хостори он аст, ки бо Маскав оромона гуфтушунид кунад. Ва дар навбати худ, вай кӯшиш хоҳад кард, ки барои Вашингтон баъзе фоидаҳо ба даст орад.

179
Барчаспҳо:
таҳримот, шикоят, Русия, ИМА
Мороженое в вафельном стаканчике

Шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар Чин

0
(Таҷдидшуда 20:06 16.01.2021)
Хабаргузории Сен-Хуа аз шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар шаҳри Тиянзин дар шимоли Чин ва наздикии Пекин хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ахиран расонаи чинӣ гузориш дод, ки баррасиҳои муқаддамотии сироятӣ нишон медиҳад, ки яхмосҳои олуда дар як ширкати тавлиди маводи ғизоӣ дар Чин бо истифода аз маводи аввалияе монанди хокаи шир воридшуда аз Зеляндияи нав ва хокаи панири воридотӣ аз Украина тавлид шуда аст, иттилоъ додааст   радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории Сен-Хуа.

Тибқи гузориши мақомоти тандурустии Чин ин ширкат таътил шуда аст.

Ба маҳзи мушаххас шудани олудагии яхмосҳо ба корона, тамоми 1662 корманди ширкат таҳти карантина қарор гирифта ва озмоиши корона додаанд.

Коршиносон мегӯянд вирус метавонад ба далели дараҷаи сард ва равғани яхмос то муддатҳо дар маҳсул зинда бимонад.

Мавҷи нави густариши вируси корона аз чанд рӯз пеш дар Чин оғоз шудааст, ки боиси карантина шудани вилояти Хубей дар шимоли ин кишвар шудааст.

Чин рӯзи шанбе 16 январ нахустин марги вобаста ба вируси коронаро дар ин кишвар дар ҳашти моҳи гузашта гузориш кард, ки дар вилояти Хубей ба қайд гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
Пекин, яхмос, вируси корона, Чин