Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Як сол кам аст: коршинос чуну чарои лағви андози замин дар Тоҷикистонро шарҳ дод

378
(Таҷдидшуда 19:42 26.01.2021)
Коршинос таъкид кард, ки барои самараноктар шудани натиҷаи лағви андози замин як сол аст, аммо, ба гуфтаи вай, ба ҳар ҳол ин амали дуруст ва натиҷаовар аст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Изҳороти роҳбари давлати Тоҷикистонро дар бораи бекор кардани андози замин коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисодӣ Леонид Холод тавзеҳ дод.

"Дар Тоҷикистон дар бозори озуқа вазъи ғайриоддие ба миён омад, ки сабабаш дар охири соли 2020 ва оғози соли 2021 коҳиш ёфтани сомонӣ нисбат ба рубл, доллар ва евро буд", - гуфт Холод дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли вай, ин маънои онро дорад, ҷумҳурие, ки маҳсулоти озхуқа ва кишоварзиро бештар ворид мекард, қисме аз аҳолиро аз хатари бе ин намуди маҳсулот мондан, наҷот додан мехоҳад, зеро мардум маводи воридгардидаро бо нархи наву гаронтар харидан маблағ надоранд.

"Вобаста ба ин бозор бояд вокуниш кунад. Вақте рақиби берунӣ гарон мешавад, пас ин бояд истеҳсолоти ватаниро ҳавасманд гардонад. Равандҳои бозори худтанзимкунӣ вақт мехоҳад ва давлат бояд ин мушкилиро тезтар ҳал кунад", - мегӯяд Холод.

Ба гуфтаи иқтисодшинос, маҳз барои ҳамин Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон соҳаи кишоварзиро бояд ба ҳар роҳ рушд диҳад.

"Имрӯзҳо имконияти аграрии ҷумҳурӣ пурра истифода намешавад. Дар Тоҷикистон он қадар заминҳои барои кишту кор мувофиқ мавҷуд нестанд, аммо он чизе, ки мавҷуд аст, бояд истифода шавад", - афзуд вай.

Маблағи андози замин дар Тоҷикистон ҳудуди 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.

"Барои Тоҷикистон ин маблағи калон аст, барои деҳқонони тоҷик бошад, ин пули хело калон аст. Яъне, онҳо ин миқдор маблағро намесупоранд ва вазъи молиашон беҳтар мешавад. Онҳо ин маблағро ба нарх изофа намекунанд ва дар натиҷа имкон фароҳам меояд, ки нархи дар натиҷаи асъор болоравандаро танзим карда тавонанд", - гуфт коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, лағви андози замин боиси аз худ кардани заминҳои боқимонда мегардад.

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

"Агар ин чораҷӯӣ барои як сол аст, ин кам аст ва беҳтараш онро барои якчанд сол ҷорӣ кунанд, то минтақаҳое, ки истифода намешуданд, аз худ карда шаванд. Аз нуқтаи назари рушди хоҷагии қишлоқ ин чораҷӯӣ самарабахш ва дуруст аст", - гуфт дар анҷом Холод.

378
Барчаспҳо:
замин, андоз, коршиносон
Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе.

Урупо айбдори мушкилоташро ёфт

232
(Таҷдидшуда 16:56 03.03.2021)
Раҳбари дипломатияи Урупо Жозеп Боррел ин бор Русияро дар пешниҳоди маълумоти хатою бардурӯғ айбор мекунад

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik, Ирина Алкснис. Роҳбари дипломатияи Урупо Жосеп Боррел зимни суханронӣ дар ҷаласаи кумитаи махсуси парлумони Урупо оид ба дахолати хориҷӣ ба равандҳои демократии Иттиҳоди Урупо Русияро дар пешниҳоди маълумоти бардурӯғ айбдор кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳама барои паст задани демократияи ИА ва заиф кардани ҳамкориҳои байналмилалӣ равона шудааст.

Боррелл ба хатари махсуси маълумоти бардурӯғ ё гумроҳкунанда дар ҳоли пандемияи давомдор ишора кард. "Мо дидем, ки каналҳои тарафдори Кремл даъвоҳо паҳн мекунанд, ки ниқоб пӯшидан бефоида аст ё садоҳо алайҳи локдавн баланд мекунад", - гуфт ӯ.

Ҳоло, ба гуфтаи дипломат, дипломатияи ваксинаи Маскав ба мадди аввал баромад, ки аз як тараф кӯшиш дорад доруҳои Ғарб ва истеҳсолкунандагони онҳоро бадном кунад ва аз ҷониби дигар, таҳия ва рушди фаъолонаи худро тарғиб мекунад.

Нигаронии мансабдор фаҳмо аст. Дар ҳоле ки дар Русия ҳаёт барои аксари мардум бо нороҳатии ҳадди аққал ба ҳолати муқаррарӣ баргашт ва мақомот тадриҷан маҳдудиятҳои бар асари пандемия ҷоригардидаро бекор мекунанд, дар Урупо мавҷи пурзӯркунии карантинии нав ба назар мерасад.

Дар Финляндия вазъи фавқулода ҷорӣ карда шуд. Дар Лаҳистон, бинобар баландтарин сатҳи гирифторӣ дар ҷаҳон, ба сокинон тарки маҳалли зисташон манъ аст. Маҳдудиятҳо дар Италия низ шадидтар шудаанд.

Сулҳ хоҳӣ, ба ҷанг омодагӣ бин: баҳогузории Лавров ба муносибатҳои Русияву Аврупо

Дар навбати худ, аҳолии Урупо, ки аз маҳдудиятҳои тақрибан яксола хаста шудаанд, бештар далелҳои мақомотро қабул намекунанд, ки ҳамаи ин чораҳо танҳо ба манфиати худи мардум андешида мешаванд. Эътирозҳои оммавӣ амалан тамоми қитъаро фаро гирифтаанд.

Вазъ ба дараҷае душвор аст, ки ҳамоҳангии сафҳои Урупо дар пеши назар пош мехӯрад. Чехия бо дархости интиқоли "Спутник V" ба Русия рӯ овард - ва ин мавқеи мувофиқашудаи президент ва сарвазири кишвар аст. Словакия аз ин ҳам дуртар рафт ва пас аз Маҷористон, Сербия ва як қатор кишварҳои дигар доруи Русияро бидуни интизори тасдиқи танзимгари урупоӣ бо тартиби тезондашуда ба қайд гирифт.

Барои полякҳо, ки вазъи хеле вазнини коронавирусӣ доранд, ба Русия муроҷиат карданро тасаввур кардан ғайриимкон аст, аз ин рӯ онҳо музокиротро дар бораи хариди ваксинаи COVID-19 бо Чин оғоз карданд.

Вазъ бештар ҳодисаеро ба хотир меорад, ки маҳз як сол пеш рух дода буд - вақте ки Иттиҳоди Урупо дар ҳолати фавқулода нотавонии худро комилан нишон дод ва аъзои он маҷбур шуданд, ки ба бӯҳрони шадиде, ки онҳоро фаро гирифта буд, мустақилона мубориза баранд.

Тафовут дар он аст, ки ин воқеан муҳим аст - дар он замон форс-мажор дар миқёси ҷаҳонӣ вуҷуд дошт. Дар ҷараёни он маълум шуд, ки Брюссел дар воқеъ, вақте ки вокуниши сареъ ба ҳолатҳои фавқулода зарур аст, қобилият надорад. Ин, албатта, барои Урупо як кашфи нохуш буд, аммо нотавонии ИУ дар он вазъият метавонад, агар асоснок набошад, ҳадди аққал бо ғайричашмдошти фавқулода ва дар айни замон, моҳияти ҷаҳонии мушкилоте, ки ба миён омадааст, шарҳ дода шавад.

Ҳоло вазъ ба таври назаррас дигар аст.

Вақте ки таъсири ногаҳонӣ аз хуруҷи пандемия коҳиш ёфт, Иттиҳоди Урупо боз худро ба асп савор кард, зеро он чизе, ки ҳамеша тавоноиҳои он ҳисобида мешуд, талабот пайдо кард: банақшагирии стратегӣ, ташкили равандҳои мураккаб, ҷамъоварӣ ва тақсимоти маблағҳо. Дар ҳама амалҳои ахири мақомоти урупоӣ, аз қабули нақшаи бесобиқаи барқарорсозии иқтисод, сар карда, ваъдаи мағрурона дар бораи ба тамоми ҷаҳон нишон додани намунаи мубориза бо ингуна таҳдидҳо шаффоф хонда шуд.

Нишон доданд.

Дар натиҷа нокомиҳо дар самтҳои муҳимтарини амал ба даст омаданд. Стратегияи бастани интихобкардаи Урупо ба фиаско табдил ёфт ва таърифи "фалокат" барои тавсифи вазъи кор бо ваксина кардани аҳолӣ ҳарчи бештар мувофиқтар аст.

Ҳамзамон, ғамгинии манзараи кунунӣ дар пасманзари вазъи хеле шукуфони кишварҳое, ки Урупо ният дошт дар мубориза бар зидди пандемия ба онҳо сабақ диҳад, возеҳ аст.

Ва дар маркази ҳама чиз - қарорҳои хато, ки мақомоти Урупо қабул кардаанд. Ин ба эътибори Иттиҳоди Урупо нисбат ба нофаҳмиҳо ва бефаъолиятии як соли пеш зарари бештар мерасонад.

Дар чунин вазъ кӯшиши амалҳои мустақилонаи давлатҳои Урупои Шарқӣ аҳамияти калон пайдо мекунад. Онҳо, албатта, аз пастии худ дар ИА ва инчунин аз он, ки ба маҳкумияти гирифтани кӯмак дар заминаи боқимонда аз рӯи мушкилоти коронавирус, огоҳанд. Дар натиҷа, шумораи торафт бештари кишварҳо дигар сабр накарда фаъолияте нишон медиҳанд, ки аз ҷониби Брюссел иҷозат дода нашудааст.

Дар пасманзари Brexit, инчунин афзоиши евроксептисизми мақомоти Лаҳистон ва Маҷористон, тавсеаи рӯйхати кишварҳое, ки моил ба баргаштан ба Брюссел нестанд - ҳатто агар бо сабаби ҳолатҳои фавқулода - нишонаи нохуш барои Иттиҳоди Урупо аст.

Қариб шаш сол пеш, Урупо бо шавқ бӯҳрони муҳоҷиратро барои худ ташкил карда буд, ки оқибатҳои онро то ҳол ҳал накардааст. Мубориза бар зидди пандемия як нокомии пурсарусадои дигарро дар сиёсати Урупо ба бор овард. Он дар як муддати хеле кӯтоҳ бисёр ҳисобҳои стратегии дорои оқибатҳои вазнинро нишон медиҳад.

Ва радди куллии Брюссел аз эътирофи хатогиҳои худ, рабт додани мушкилот ба дасисаҳои душманони беруна, ки демократия ва ҳамбастагии Урупоро халалдор мекунанд, кафолат медиҳад, ки онҳо охирин нестанд.

232
Барчаспҳо:
Русия, айбдор, Урупо, Урупосиё
Замерзшие яблоки, архивное фото

Коршиноси тоҷик гуфт сармо ба ҳосил чӣ гуна зарар мерасонад

456
(Таҷдидшуда 20:52 25.02.2021)
Паст шудани ҳарорати ҳаво дар мамлакат барои кишоварзон номусоид арзёбӣ мешавад. Бо сабаби якбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар минтацащои Тоыикистоон эҳтимоли зиён дидани зироати хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров  дар сӯхбат бо “Ховар” иброз дошт, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор  бетаъсир намемонад.

Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.

 Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.

“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд.

 Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.

“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров. 

акс аз саҳифаи корбари Facebook Ҳаётҷон Одил

Бино ба гуфтаи донишманд дар  ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.

Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф  зиён намебинанд.

Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.

“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.

456
Барчаспҳо:
зироат, сармо, дарахтон, ҳосил, Тоҷикистон
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол