Абдулло Давлатов: Ҳеҷ гоҳ мухолифи сиёсӣ набудам

Давлатов: дар Тоҷикистон иммунитети коллективӣ ҳосил шуд

424
(Таҷдидшуда 12:30 28.01.2021)
Вазъи набудани коронавирусро дар Тоҷикистон тайи чанд ҳафтаи ахир пизишки машҳури тоҷик Абдулло Давлатов шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Мудири шӯъбаи терапевтии яке аз дармонгоҳҳои Маскав, доктори тоҷик ва собиқ роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Маскав Абдулло Давлатов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод.

Ҳамчун тасдиқи аввалини мағлубияти Тоҷикистон аз коронавирус, мутахассис таҷрибаи шахсии тиббиашро мисол овард.

"Қаблан ҳамватанонам ҳар рӯз ба ман муроҷиат мекарданд, 3-4 нафар бо шикоятҳои гуногун шабеҳи COVID-19, ки пас ташхис тасдиқ мегардид. Аммо якуним-ду моҳи охир ягон шикоят набуд. Як-ду маротиба  аз сулфа шикоят карданд, аммо коронавирус истисно буд ", - нақл кард Давлатов.

Коршинос қайд кард, ки аз оғози пандемия мақомоти Тоҷикистон саривақт чораҳои шадид андешиданд, ки ба эҳтимоли зиёд ба паҳншавии беморӣ таъсир расонданд.

Духтури тоҷик афзуд, ки дар Тоҷикистон, ҳарчанд мақомот чӣ қадар кӯшиш кунанд ҳам, дурии иҷтимоӣ ва дигар меъёрҳои санитарӣ риоя намегардад - мардум танҳо чораҳои пешгирикунандаро нодида мегиранд.

Ман фикр мекунам, ки ба эҳтимоли зиёд, иммунитети коллективӣ ташаккул ёфтааст. Зеро дар кишвар аз коронавирус хело мардуми зиёд сироят ёфтанд ва бемориро аз сар гузарониданд. Маъмулист, ки пас аз он ки бисёриҳо ин бемориро аз сар гузарониданд, коронавирус ақибнишинӣ кард ва дар охир нест шуд", - гуфт мутахассис.

Суханони коршиносро иттилоот аз як ҷаласаи моҳи октябри Вазорати тандурустӣ, ки ба паҳншавии коронавирус бахшида шуда буд, тасдиқ мекунад. Дар он коршиносон гуфтанд, ки тақрибан 80% одамони гирифтори COVID-19 дар Тоҷикистон нишонаҳои ин бемориро надоштанд. Барои ҳамин, омори нафаронеро, ки коронавирусро бе ягон нишона гузарониданд дақиқ кардан ғайриимкон аст.

Коронавирус дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Тоҷикистон коронавирус рӯзи 30 апрел ошкор шуд. 15 нафар сироят ёфтанд. Қурбониёни ин беморӣ рӯзи 2 май ба қайд гирифта шуданд.

Вазорат аз ҷамъбасти рӯзи 15-ум бидуни коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Тибқи омори вазорати тандурустӣ, дар  маҷмӯъ, дар давоми пандемия дар  Тоҷикистон 13308 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 90 бемор аз он фавтиданд. Духтурон тавонистанд 13218 нафарро табобат кунанд.

Ҳоло тибқи иттилои вазорат, омори гирифторшавӣ ба сифр баробар аст.

424
Барчаспҳо:
пирӯзӣ, вируси корона, Тоҷикистон, Абдулло Давлатов
Замерзшие яблоки, архивное фото

Коршиноси тоҷик гуфт сармо ба ҳосил чӣ гуна зарар мерасонад

455
(Таҷдидшуда 20:52 25.02.2021)
Паст шудани ҳарорати ҳаво дар мамлакат барои кишоварзон номусоид арзёбӣ мешавад. Бо сабаби якбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар минтацащои Тоыикистоон эҳтимоли зиён дидани зироати хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров  дар сӯхбат бо “Ховар” иброз дошт, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор  бетаъсир намемонад.

Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.

 Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.

“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд.

 Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.

“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров. 

акс аз саҳифаи корбари Facebook Ҳаётҷон Одил

Бино ба гуфтаи донишманд дар  ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.

Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф  зиён намебинанд.

Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.

“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.

455
Барчаспҳо:
зироат, сармо, дарахтон, ҳосил, Тоҷикистон

"Коронавирус ҳеҷ куҷо намеравад": Мясников роҳи пирӯзӣ ба COVID-19-ро нишон дод

853
(Таҷдидшуда 15:10 14.02.2021)
Пизишк ва ровии номии рус доктор Александр Мясников гуфт, ки сокинони сайёраро пас аз пандемияи коронавирус чӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Пизишк ва ровии телевизион Александр Мясников дар саҳифаи Телеграмаш тавзеҳ додааст, ки коронавирус кай ақиб мезанад.

Ӯ таъкид кард, ки намудҳои нави коронавирус аз нафаре ба нафари дигаре хело зуд паҳн мегузарад дар ҳамин ҳол фисади марг зиёд нест.

Барои нафароне, ки эм шудаанд ва ё бемориро аз сар гузаронидаву антитела доранд, бо душмани нав дучор мешаванд.
Пизишк таъкид кард, ки ваксин имконияти мубориза бурдан бо намудҳои нави коронавирусро дорад.

Ба гуфтаи Мясников, ба буридани занҷираи паҳншавии намудҳои нави коронавирусро метавон танҳо ба воситаи эмкунии умумӣ ва комил кардани ваксина ноил шуд.

"Бояд дарк кард, ки намуди нави коронавирус аз замини мо ҳеҷ куҷо намеравад,  балки "кӯҳна" мешавад ва дар феҳрасти дарози вирусҳо, мисли зуком, ҷой мегирад", - таъкид кард коршинос.

Мясников дар охир афзудааст, ки одамон маҷбуранд бо  COVID-19 дар оянда низ якҷо зиндагӣ кунанд ва эмкунӣ аз он мавсимӣ мешавад. Ӯ ҳамчунин пешбинӣ мекунад, дар оянда шояд ваксинаи коронавирус ва зуком якҷо таҳия корда шавад.

853
Преступник за решеткой

Исфандиёр барои ҷалби тоҷикистониён ба сафи ДИИШ 5,5 сол зиндон шуд

0
(Таҷдидшуда 14:52 02.03.2021)
Айбдоршуда ба 5 сол 6 моҳ маҳкум шуд ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Осиёи Миёна дар шаҳри Санкт-Петербург барои кумак ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба панҷу ним сол зиндон маҳкум ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ равона шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Идораи минтақавии ФСБ-и Русия.

"Акрамов Исфандиёр дар тарғиби ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои сафар ба Сурия ба хотири иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар Русия) гунаҳгор дониста шуд", - омадааст дар иттилоия.

Айбдоршаванда ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Номбурда дар зиндони низомаш умумӣ адои ҷазо хоҳад кард.

Ҳукм аз ҷониби додгоҳи сайёри ҳавзаи низомии дувуми Ғарбии Русия содир карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон барои терроризм маҳкум шуда буд. Додгоҳи Олмон шаҳрванди Тоҷикистонро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Зодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Олмон як бахши гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таъсис дод. Номбурда ба шариконаш кӯмакҳои молиявӣ мерасонд ва тасмим дошт дар Аврупо ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад.

0
Барчаспҳо:
тоҷикистониён дар сафи ҷангҷӯён, ДИИШ, зиндон, террористӣ, Русия