ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Пизишк ва ровии телевизион Александр Мясников дар саҳифаи Телеграмаш тавзеҳ додааст, ки коронавирус кай ақиб мезанад.
Ӯ таъкид кард, ки намудҳои нави коронавирус аз нафаре ба нафари дигаре хело зуд паҳн мегузарад дар ҳамин ҳол фисади марг зиёд нест.
Барои нафароне, ки эм шудаанд ва ё бемориро аз сар гузаронидаву антитела доранд, бо душмани нав дучор мешаванд.
Пизишк таъкид кард, ки ваксин имконияти мубориза бурдан бо намудҳои нави коронавирусро дорад.
Ба гуфтаи Мясников, ба буридани занҷираи паҳншавии намудҳои нави коронавирусро метавон танҳо ба воситаи эмкунии умумӣ ва комил кардани ваксина ноил шуд.
"Бояд дарк кард, ки намуди нави коронавирус аз замини мо ҳеҷ куҷо намеравад, балки "кӯҳна" мешавад ва дар феҳрасти дарози вирусҳо, мисли зуком, ҷой мегирад", - таъкид кард коршинос.
Мясников дар охир афзудааст, ки одамон маҷбуранд бо COVID-19 дар оянда низ якҷо зиндагӣ кунанд ва эмкунӣ аз он мавсимӣ мешавад. Ӯ ҳамчунин пешбинӣ мекунад, дар оянда шояд ваксинаи коронавирус ва зуком якҷо таҳия корда шавад.
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров дар сӯхбат бо “Ховар” иброз дошт, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор бетаъсир намемонад.
Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.
Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.
“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд.
Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.
“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров.
Бино ба гуфтаи донишманд дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.
Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф зиён намебинанд.
Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.
“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Донишгоҳи нави муштараки Тоҷикистону Узбекистон дар заминаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сохта мешавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон шудааст.
Дар тӯли 4 соли охир дар Осиёи Марказӣ принсипҳои ҳамсоягии нек ва дӯстии тарафайн баланд мешаванд, таъкид кардааст роҳбари раёсат.
"10 ноябри соли 2017 президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як конфронси байналмилалӣ дар Самарқанд дар мавзӯи" Осиёи Марказӣ: Як гузашта ва ояндаи муштарак" қайд кард, ки заминаи мустаҳкам ва кафили шукуфоии мо хоҳиши ҳамкорӣ ва масъулияти ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ояндаи муштарак хоҳад буд", - афзудааст Турсунбоева дар мусоҳиба бо Sputnik Ӯзбакистон.
Ба қавли ӯ, барои ташкили як донишгоҳи муштарак аввал зарур буд, ки қонунгузорӣ ва ҳама санадҳои меъёрӣ ба як махфияти умумӣ оварда шаванд.
Аввалин созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм 9 марти соли 2018 ҳангоми сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид, гуфт вай.
Мирзиёев: "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Донишгоҳе назири Оксфорд месозем
"Ҳоло як платформаи ягона таҳия шудааст, ки ҷонибҳо метавонанд дар соҳаҳои гуногуни таълим якҷоя ҳамкорӣ кунанд" , - таъкид намуд Турсунбоева.
Таъсиси ҳамкориҳои мустақими байни муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, мубодилаи ҳайати омӯзгорон, аспирантҳо, довталабон, донишҷӯён, инчунин иштироки донишҷӯёни ду кишвар дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, конфронсҳои муштарак оғоз меёбад.
Пешниҳоде, ки Донишгоҳи давлатии Узбакистон кардааст, ниёз ба чунин мутахассисонро нишон медиҳад.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нуҳумин фестивали байналмиллалии истеъдодҳои наврас таҳти унвони "Волшебная сила голубого потока — МОСГАЗ зажигает звезды" дар шаҳри Маскав ҷамъбаст шуд.
Ин озмун дар фазои маҷозӣ баргузор шуд. Дар озмуни мазкур иштирокчиёни беш 70 манотиқи Русия ва 4 давлат бо шумули Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар фестивали мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов" намояндагӣ карданд.
Сомонаи "МОСГАЗ зажигает звезды" исми ғолибони фестивалро нашр намудааст, ки миёни ғолибон Азимов Сарваршоҳ Ҳамзалиевич низ зикр гардидааст. Сарваршоҳ дар бахши "Сулҳи хонадони ман" тасвири сирф тоҷиконаро кашидааст, ки ба эҳтимоли зиёд фазои зебои тоҷикона доваронро тасхир намудааст.
Рассоми навраси тоҷик суратеро офаридааст, ки дар он зану марди солхӯрда бо либоси шинами тоҷикӣ сари хон нишастаанд. Ин тасвири Сарваршоҳ ба гирифтани мақом аввал даст ёфт.
Ҷамъан 55 нафар иштирокчиёни фестивал ба гирифтани ҷоиза мушарраф шуданд.