Мики Рурк бозувони қавиашро дар ринги Маскав нишон дод

3
(Таҷдидшуда 15:35 27.11.2014)
Мики Рурк, ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд 28 ноябр дар Маскав дар мусобиқаи муштзанӣ ширкат меварзад. Ҳунарнамоии ӯ дар чорчӯби маҳфили “Ҷаҳони бокс” сурат гирифта, ҳарифи Рурк варзишгари 29-солаи амрикоӣ Эллиот Сеймур мебошад.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии варзишӣ актёр бо ҳарифаш вориди "сабқат" шуда, омодагии варзишиашро намоиш дод. Мики Рурк барои он ки бо муштзани ҷавон- Эллиот Сеймур рақобат карда тавонад, беш аз 15 кило вазни зиёдатиашро партофтааст.  

3
  • Бокс. Тренировка Руслана Проводникова и Луиса Кастильо
    © Sputnik / Михаил Воскресенский

    Мики Рурк гуфт, пирӯзии эҳтимолиашро ба сагаш, ки чанде қабл фавтида буд, мебахшад. Баъд аз мусобиқа ҳунарманд аз парваришгоҳ сагеро барои нигоҳубин гирифтанист

  • Американский актер Микки Рурк провел открытую тренировку по боксу в Москве
    © Sputnik / Алексей Филиппов

    Рурк дар толор

  • Бокс. Тренировка Руслана Проводникова и Луиса Кастильо
    © Sputnik / Михаил Воскресенский

    Дар ҷавонӣ Мики Рурк дар яке аз толорҳои Майами тамрини бокс мекард. Ӯ таҳти мураббигии Фредди Роуч дар ҳашт мусобиқаи боксчиёни ҳирфаӣ ширкат карда, ягон маротиба мағлуб нашудааст

  • Бокс. Тренировка Руслана Проводникова и Луиса Кастильо
    © Sputnik / Михаил Воскресенский

    Актер Микки Рурк дар вақти тамрини варзишии Руслан Проводников (Русия) ва Луис Кастило(Мексика).

  • Американский актер Микки Рурк провел открытую тренировку по боксу в Москве
    © Sputnik / Алексей Филиппов

    Рурки 62-сола барои сабқат бо Сейлори 29-сола ба Москва омад