Балети "Жизел" дар таҳияи театри операи Душанбе

6
(Таҷдидшуда 17:41 10.02.2015)
Рӯзи ҷумъаи шашуми феврал дар саҳнаи театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Душанбе намоиши балети маъруфи романтикӣ, ки моломол аз саҳнаҳои ишқу ошиқист таҳти унони "Жизел" баргузор гардид. Ин намоишнома дар бахши хореография яке аз беҳтарин дастовардҳо маҳсуб мешавад.

Нақшҳои асосиро дар намоишнома хатмкунандагони коллеҷи хореографии шаҳри Перм- Фарангис Қосимова (Жизел) ва Муҳаммад Азимов (Алберт) офариданд.

Мария Левитская, иҷрокунандаи вазифаи сарбалетмейстери театри опера ва балет таҳиягари "Жизел" буда, ҳамзамон нақши Миртаро дар намоишномаи мазкур бозид.

 

6
  • Жизел дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ
    © Sputnik Амир Исаев

    "Жизел"- балети фантастикӣ аз ду қисм иборат буда, онро оҳангсози фаронсавӣ Адолф Адан навиштааст.
    Нақши асосӣ- духтараки оддии деҳотиро дар намоишнома Фарангис Қосимова (Жизел) иҷро кард.

  • Жизел дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ
    © Sputnik Амир Исаев

    Графи ҷавон Алберт (Муҳаммад Азимов) Жизел (Фарангис Қосимова)-ро дӯст медорад. Аммо ба духтарак намегӯяд, ки сарватманд аст ва номзад дорад.

  • Жизел дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ
    © Sputnik Амир Исаев

    Аснои мулоқоти Жизел ва Алберт дасти онҳо ба ҳам мерасад ва рақс шурӯъ мешавад...

  • Жизел дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ
    © Sputnik Амир Исаев

    Ҷангалбон нияти аз якдигар ҷудо кардани дилдодагонро дорад.

  • Жизел дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ
    © Sputnik Амир Исаев

    Бо кӯшиши ҷангалбон асрори пинҳон ошкор мешавад: дар саҳна номзади граф Алберт- Батилда пайдо мешавад. Алберт дар пеши чашмони Жизел дасти ӯро мебӯсад...

  • Жизел дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ
    © Sputnik Амир Исаев

    Дили нозук ва дардманди Жизел ба ин тоб намеорад. Ӯ дар рӯи дастони модараш ҷон медиҳад.

  • Жизел дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ
    © Sputnik Амир Исаев

    Шабона дар қабристон шабаҳи духтароне, ки қабл аз тӯйи арӯсӣ мурдаанд, бо либосҳои идона пайдо мешаванд. Роҳбарии онҳоро шабаҳе бо номи Мирта (Мария Левитская)ба зимма дорад.Онҳо якҷоя месароянд ва аз муҷримини маргашон даъват мекунанд, ки ба гӯристон ҳозир шаванд.

  • Жизел дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ
    © Sputnik Амир Исаев

    Чунин қисмат Албертро низ интизор аст, аммо шабаҳ (рӯҳ)-и Жизел ӯро наҷот медиҳад.

  • Жизел дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ
    © Sputnik Амир Исаев

    Шабаҳи Жизел бо шуъои аввалини офтоб нопадид мешавад, аммо барои ҳамеша дар қалби Алберт чун рамзи ҷовидонаи ишқ боқӣ мемонад.