Намоишгоҳи молу колои Ҳиндустон дар Душанбе

10
(Таҷдидшуда 18:03 20.02.2015)
Нахустин намоишгоҳи ширкатҳои бузурги саноатии Ҳиндустон рӯзи 20 феврал дар Кохи Борбади Душанбе оғоз ёфта, то 1 март идома мекунад. Баъдан, шаҳри Хуҷанд мизбони намоишгоҳ хоҳад буд.

Маҳсулоти ширкатҳои бузурги ҳиндӣ аз қабили Russia Expo, A.P. Handicrafts, Godline International, Rahul Silver House, Khurram International, Harsh Fashion, Adhaar Creation, Pink City Handicrafts, Khan Creation, Niyati Exports, Noor International ба маъраз гузошта мешавад.

Палатаи савдо ва тиҷорати Тоҷикистон ва ширкати "INDO RUSSIA EXPO" аз мубтакирони аслии намоишгоҳи маҳсуб мешаванд.

 

 

10
  • Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон дар Душанбе рӯзи 20 феврал ифтитоҳ шуд.Ин мусиқачӣ бо нақора меҳмононро пешвоз мегирад.

  • Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Надонистани забон наметавонад садди роҳи тиҷорат гардад. Бо имову ишора ва истифода аз чанд забон муштарӣ бо фурӯшанда "забон" меёбад.

  • Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Аксари иштирокчиёни намоиш занон мебошанд. Онҳо бо ҳавсалаи тамом аз рафу толорҳои молҳои Ҳиндустон дидан мекунанд.

  • Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Бехгӯшӣ барои мардон: ин ҷо барои дӯстдоштаҳоятон ҳама чизро пайдо мекунед, масалан чунин борхалтаҳои зеборо...

  • Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Маҳсулоти нассоҷӣ харидори зиёд дорад...

  • Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Либосҳои миллии Ҳиндустон ва пӯшоки муосир дар намоишгоҳ мавҷуд аст

  • Намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Дар намоишгоҳ ҳама гуна ашёҳоро ёфтан мумкин аст. Ин армуғонҳои дастисохт низ ба маъраз гузошта шудаанд