Иқдоми “Шаб дар Осорхона": намоиш, мастер-класс ва мӯди нав

163
(Таҷдидшуда 10:09 20.05.2015)
Иқдоми ҳарсолаи "Шаб дар Осорхона" шоми гузашта дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора гузориши аксии мо нақл мекунад.

Ин шом шоми хотирмоне буд. Намоиши ҳунарҳои мухталиф, мӯду мусаввараҳо ба иқдом як зебогии дигар зам мекард. Хуршеда Сатторова ва соири ҳунармандон ҳунари худро ба маъраз гузошта буданд. Он аз соати 18:00 то 23:00 идома ёфт.

"Шаб дар Осорхона" —  иқдоми байналмиллалӣ буда, ҳамасола барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба осорхонаҳо роҳандозӣ мегардад.

163
  • Иқдоми Шаб дар Осорхона дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Ин шом ворид шудан ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ройгон буд.Замон аз соати 18-00 то 23-00

  • Иқдоми Шаб дар Осорхона дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Бори аввал иқдоми "Шаб дар Осорхона" дар пойтахти ҶТ соли 2013 баргузор шуда буд.

  • Иқдоми Шаб дар Осорхона дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон расмҳои муосир низ зиёданд.

  • Иқдоми Шаб дар Осорхона дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Маҳсули ҳунари рассомон-миниатюристон- Олим ва Бону Камоловҳо низ дар ин ҷо ба маъраз гузошта шуда буд.

  • Иқдоми Шаб дар Осорхона дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Баро ҳар кас чизе дар ин ҷо шавқовар буд...

  • Иқдоми Шаб дар Осорхона дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Хоҳишмандон метавонистанд ҳунари худро санҷанд...

  • Иқдоми Шаб дар Осорхона дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Харидории ашёҳои дастисохти ҳунармандон дар ин намоишгоҳ имкон дошт.

  • Иқдоми Шаб дар Осорхона дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Дарс (мастер-класс)-и расмкашӣ.

  • Иқдоми Шаб дар Осорхона дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Ҳунари Хуршеда Сатторова ба маъраз гузошта шудааст.

  • Ҳунари Хуршеда Сатторова ба маъраз гузошта шудааст.
    © Sputnik Амир Исаев

    Шоми хотирмон буд. Ҳама аз натиҷаи он хурсанду шоданд.

Ҳодисаи таърихӣ: раҳоии Толибон аз маҳбасхонаҳои Афғонистон - акс

354
(Таҷдидшуда 14:50 27.05.2020)
  • Толибони маҳбасхонаи Багром пас аз баромадан ба озодӣ
  • Дари маҳбасхонаи Пули - Чархӣ ба рӯйи чандин аъзоёни гурӯҳи радикалии Толибон баста шуд
  • Толибони озодшуда аз зиндони Багром
  • Сарбозони артиши миллии Афғонистон ҳангоми раҳоӣ аз зиндони Баграм берун аз пойгоҳи низомии ИМА маҳбусони Толибонро ҳамроҳӣ мекунанд
  • Маҳбуси зиндони Багром пас аз раҳошавӣ аз маҳбасхона
  • Толибони маҳкумшуда зиндони Пули  Чархиро тарк мекунанд
  • Маҳбуси толиб дар зиндони Пули -Чархӣ
  • Маҳбусони толибе, ки аз зиндони Багром ба озодӣ баромаданд
Садҳо ҷангиёни аъзои гурӯҳи радикалии Толибон тарки маҳбасхонаҳои Афғонистон мекунанд. Ҳукумати ин кишвар барои расидан ба сулҳ бо Толибон ба чунин иқдом даст зад

Авохири моҳи феврал намояндагони Ҳукумати Афғонистон, Толибон ва Амрико аввалин созишномаи сулҳро дар беш аз 18 соли ҷанг дар Қатар имзо карданд.

Ин иқдоми дипломатӣ ба ҷонибҳо дар Афғонистон имкон медиҳад, то ба муноқишаҳои низомӣ дар ин кишвар нуқта гузошта шавад.

Яке аз шартҳои калидӣ барои барпо кардани муколама миёни ҳукумати ин кишвар бо толибон ин озод кардани маҳбусон мебошад. Аз ин рӯ, ҳукумати Афғонистон ба раванди раҳоии ҷангҷӯёни Толиб аз зиндонҳо оғоз кард.

Ғанӣ амр дод, ки то 2 ҳазор маҳбуси Толибонро раҳо шаванд

Қадами дигари сулҳ дар Афғонистон оташбас ба муносибати Иди Фитр гардид. Пас аз ин, раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо изҳори сипос барои оташбас миёни ҳукумат ва толибон амр дод, то раванди ба озодӣ баромадани толибон зудтар анҷом ёбад.

Ин ҳодисаи таърихиро аз тасвирбаёни омода кардаи Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

354
  • Толибони маҳбасхонаи Багром пас аз баромадан ба озодӣ
    © AFP 2019 / Wakil Kohsar

    Taliban prisoners stand during their release from the Bagram prison, next to the US military base in Bagram, some 50 km north of Kabul on May 26, 2020. - Afghan authorities plan to release 900 more Taliban prisoners on May 26, as calls grow for the militants to extend a ceasefire on its third and final day.

  • Дари маҳбасхонаи Пули - Чархӣ ба рӯйи чандин аъзоёни гурӯҳи радикалии Толибон баста шуд
    © REUTERS / Mohammad Ismail

    A newly freed Taliban prisoner walks at Pul-i-Charkhi prison, in Kabul, Afghanistan May 26, 2020.

  • Толибони озодшуда аз зиндони Багром
    © AFP 2019 / Wakil Kohsar

    Taliban prisoners stand during their release from the Bagram prison, next to the US military base in Bagram, some 50 km north of Kabul. - Afghan authorities plan to release 900 more Taliban prisoners on May 26, as calls grow for the militants to extend a ceasefire on its third and final day.

  • Сарбозони артиши миллии Афғонистон ҳангоми раҳоӣ аз зиндони Баграм берун аз пойгоҳи низомии ИМА маҳбусони Толибонро ҳамроҳӣ мекунанд
    © AFP 2019 / Wakil Kohsar

    Afghan National Army (ANA) soldier escort Taliban prisoners convoy during their release from the Bagram prison, in outside of the US military base in Bagram, some 50 km north of Kabul. - Afghan authorities plan to release 900 more Taliban prisoners on May 26, as calls grow for the militants to extend a ceasefire on its third and final day.

  • Маҳбуси зиндони Багром пас аз раҳошавӣ аз маҳбасхона
    © AFP 2019 / Wakil Kohsar

    A Taliban prisoner looks out from a window of a vehicle during his release from the Bagram prison, next to the US military base in Bagram, some 50 km north of Kabul. - Afghan authorities plan to release 900 more Taliban prisoners on May 26, as calls grow for the militants to extend a ceasefire on its third and final day.

  • Толибони маҳкумшуда зиндони Пули  Чархиро тарк мекунанд
    © REUTERS / Mohammad Ismail

    Newly freed Taliban prisoners walk in Pul-i-Charkhi prison, in Kabul, Afghanistan May 26, 2020.

  • Маҳбуси толиб дар зиндони Пули -Чархӣ
    © REUTERS / Mohammad Ismail

    A newly freed Taliban prisoner sits at Pul-i-Charkhi prison, in Kabul, Afghanistan May 26, 2020.

  • Маҳбусони толибе, ки аз зиндони Багром ба озодӣ баромаданд
    © AFP 2019 / Wakil Kohsar

    Taliban prisoners stand in line during their release from the Bagram prison, next to the US military base in Bagram, some 50 km north of Kabul. - Afghan authorities plan to release 900 more Taliban prisoners on May 26, as calls grow for the militants to extend a ceasefire on its third and final day.

Барчаспҳо:
акс, Толибон, раҳоӣ, зиндон, Афғонистон

"Барои аввалин бор": кӯчаҳои холии Душанбе дар арафаи Иди Фитр - акс

518
  • Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе
  • Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯсти - и  шаҳри Душанбе
  • Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр
  • Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд
  • Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд
  • Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин
  • Дари масҷидҳои пойтахт ба рӯйи намозгузорон баста аст
  • Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад
  • Роҳравҳо низ орӣ аз мошину роҳгузарҳо ҳастанд
Як рӯз қабл дар Тоҷикистон пас аз анҷом ёфтани моҳи мубораки Рамазон, тоҷикистониён аз Иди Саиди Фитр ҷашн гирифтанд

Иди Фитр ин охири моҳи мубораки Рамазон аст, ки мусалмонон пас аз 30 рӯзи гирифтани Рӯза онро ҷашн мегиранд. Ид чун ҳамешагӣ бо намози шом оғоз меёбад.

Ин Ид бозгӯкунандаи меҳрубониву салоқат миёни мардум, кумаки дастгирии ниёзмандон, хайру сахо намудан дар ҳаққи бенавоён, ва моҳи бахшоиш мебошад.

Маъмулан дар ин мо одамони доро ба мусалмонону мазлумон ва ҳамзамон пирони барҷоймонда кумаку меҳрубонӣ мебахшанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон аз ин иди шариф васеъ ҷашн мегирифтанд. Имсол бошад авҷи маризии коронавирус нагузошт, то мусалмонон ин иди барои онҳо муқаддасро ба таври лозимӣ ҷашн гиранд.

Дар Маскав ба хотири Иди Фитр ҳаракати мошинҳоро дар чандин кӯчаҳо маҳдуд мекунанд

Дар ин рӯз маъмулан хешу пайвандон ба хабаргирии ҳамдигар мераванд, кӯдакон ба дари ҳамсояҳо рафта муждаи фаро расидани ин идро иброз медоранд, ҳамсояҳо низ бо дастурхони пурноз ба табрикоти ҳамдигар мебароянд.

Аммо имсол Иди Фитр ба мисли дигар солҳо нагузашт.

Мардум танҳо дар доираи оилаи худ ин ҷашнро қайд карданд ва ба дари ҳамдигар барои шодбошӣ гуфтан нарафтанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи расмии маризии коронавирус дар Тоҷикистон 30 - юми апрел эълон гардид. То ҳол аз ин маризӣ 46 тоҷикистонӣ ҷон аз даст доданд.

518
  • Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе

  • Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯсти - и  шаҳри Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муҷассамаи "Исмоили Сомонӣ" дар майдони "Дӯсти" - и шаҳри Душанбе

  • Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр
    © Sputnik / Амир Исаев

    Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр

  • Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд

  • Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд

  • Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин
    © Sputnik / Амир Исаев

    Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин

  • Дари масҷидҳои пойтахт ба рӯйи намозгузорон баста аст

  • Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад

  • Роҳравҳо низ орӣ аз мошину роҳгузарҳо ҳастанд

Барчаспҳо:
акс, Иди Фитр, Душанбе
Рынок в Душанбе Корвон

Эълони ҳукумати Душанбе дар бораи кори бозорҳо, кошонаҳои ҳусну нуқтаҳои мошиншӯйӣ

1155
(Таҷдидшуда 21:25 31.05.2020)
Ҳукумати Душанбе қарор кардааст, ки бозорҳои либосфурӯшӣ, нуқтаҳои мошиншӯӣ, телефонфурӯшӣ ва кошонаҳои ҳусну сартарошхонаҳо то нимаи июн баста мемонанд

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Котиботи ҳукумати Душанбе ҳадафи қарорро ҷилавгирӣ аз сирояти  COVID-19 гуфта, таъкид намудааст, ки ҳамаи бозорҳои либосфурӯшию кошонаҳои ҳусн, сарфи назар аз моликияташон то 15 июн баста хоҳанд буд.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид намуд”, - омадааст дар иттилоия.

Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе охири моҳи апрел ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” кори бозорҳои либосфурӯшии шаҳрро пурра қатъ ва дар онҳо рӯзҳои санитарӣ эълон карда буд.

1155
Барчаспҳо:
бозор, нуқтаи назар, Тоҷикистон