Намоиши мӯд: аз куртаҳои помирӣ то либосҳои панҷакентӣ

139
(Таҷдидшуда 09:56 30.07.2015)
Ин намоишгоҳ дар маркази ҷавонони мавсум ба "Ориёно" дар пойтахти кишвар сурат пазируфт.

Барои аввалин бор дар ҷараёни омӯзиш таълимгирандагон санъати зеру рӯ кориро омӯхтанд.

Давраҳои таълимӣ бо мусоидати Кумитаи имдоди ба номи Ҳумайнӣ аз моҳи ноябри соли гузашта оғоз гардида, ҳоло ду гурӯҳ онро хатм кардаанд. Ба курсҳои вижаи тарроҳӣ бештар онҳоеро ҷалб хоҳанд кард, ки аз тангдастӣ ва нодорӣ ранҷ мебаранд, яъне афзалият ба намояндагони хонаводаҳои камбизоат дода мешавад.

139
  • Намоиши мӯд дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Хатмкунандагон қарор карданд, ки тахайюлашонро дар либоси сафед санҷанд.

  • Намоиши мӯд дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Муаллифи тарҳи куртаи ҷадиди помирӣ либоси омода сохтаашро намоиш медиҳад.

  • Намоиши мӯд дар Душанбе
    © Sputnik Фируз Умарзода

    Омезиши фарҳанги тоҷикӣ ва эронӣ.

  • Намоиши мӯд дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Толибилмон ду давраи омӯзиширо пушти сар карданд: мӯд ва хайётӣ.

  • Намоиши мӯд дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Либоси варзобӣ.

  • Намоиши мӯд дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Ба қавли масъулини ҳукумат акнун хатмкунандагон метавонанд ба бурсияҳои давлатӣ умед банданд.

  • Намоиши мӯд дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    “Арӯси кулоби” бо мӯди русӣ.

  • Намоиши мӯд дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Муаллифи "пироҳани Панҷакент" дар куртааш кулоҳ насб кардааст.

  • Намоиши мӯд дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    21 нафар духтарон ин курсҳоро хатм карда, санъати хайётиро аз бар намуданд.

  • Намоиши мӯд дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Дар баробари духатрони ҷавон як бонуи 57-сола низ давраи омӯзиширо пушти сар кард.

Даҳ зеботарин шаҳри хурди ҷаҳон аз нигоҳи Small Cities Index

194
(Таҷдидшуда 15:27 15.01.2021)
Small Cities Index, ки қаблан 10 шаҳри калонтарини дунёро нашр карда буд, ин бор 10 шаҳраки хурди зеборо низ пешниҳод кард

Ин нашри ҷадид 10 шаҳраки зебои хурди ҷаҳонро пешкаш мегардонад, ки дорои тамаддуну фарҳанг, таърих ва инфрасохтори қадимаву боарзиш мебошанд.

Гузоришгарон гуфтаанд, ки давоми соли 2020 бисёре аз сокинони шаҳрҳои калон дар бораи зиндагӣ дар ҷойҳои оромтаре фикр карданд, ки фазо барои ҳаракат кардан ва ҳавои тоза барои нафасгирӣ доранд.

Ба гуфтаи онҳо дар нашри нав, шаҳрҳои бо ҳам алоқамандро интихоб кардаанд, ки имкониятҳои калони тиҷоратӣ, фарҳанги истиқболӣ ва дастрасӣ ба табиатро фароҳам меоранд.

Мо инчунин бо шаҳрвандоне вохӯрдем, ки аллакай дар ин ҷойҳо зиндагӣ ва обод карда истодаанд, гуфтаанд таҳиягунандагони гузориш. 

Яке аз ҷанбаҳои зиндагии шаҳрҳои хурд, ки мо мехоҳем онро таъкид кунем, ин аст, ки ҷойгоҳ вақте беҳтарин кор мекунад, ки пешвоёни шаҳрвандии он бо мардумаш сахт алоқаманд бошанд.

Ба навиштаи онҳо зиндагӣ дар шаҳрҳои хурдтар осонтар аз шаҳрҳои бузург аст, зеро шаҳрдорон бо мардум ҳамеша дар ҳамбастагиянд ва тағйироту расидагӣ ба мушкилиҳо тез ба амал меояд.

194
  • © Sputnik / Vitaliy Belousov

    Порто-шаҳрест дар соҳили шимолу ғарби Португалия, ки дорои пулҳои бошукӯҳ ва заводҳои винои бандарӣ мебошад.
    Ноҳияи асримиёнагии Рибейра (аз португалӣ тарҷумаи "соҳили дарё") бо кӯчаҳои сангфарши худ бо қаҳвахонаҳо ва хонаҳои тоҷирон машҳур аст.

  • © CC BY-SA 3.0 / Mauro Mazzio

    Болтсано шаҳрест дар музофоти Тироли Ҷанубӣ дар шимоли Италия. Он дар пойгоҳи Доломитҳо, дар водии зебоманзар дар байни токзорҳои кӯҳӣ ҷойгир аст.

  • Итошима шаҳрест дар Ҷопон, ки дар префектураи Фукуока ҷойгир аст.

  • Лютсерн- як шаҳраки хурди Швейтсария дар соҳили кӯли ҳамном бо иҳотаи кӯҳҳои барфпӯш ҷойгир аст. Он бо ёдгориҳои хуби меъмории асрҳои миёна шинохта шудааст.
    Алтстадти рангин (Шаҳри кӯҳна) дар шимол бо девори қалъаи Муссегг, ки дар асри 14 бунёд ёфтааст, дарозиаш 870 метр аст.

  • © Foto Pixabay/Nextvoyage

    Берген-дуввумин шаҳри бузурги Норвегия, пойтахти Хордаланд ва калонтарин шаҳри Норвегияи Ғарбӣ мебошад. Он дар ғарби кишвар, соҳили баҳри Шимолӣ дар минтақаи Мидторланд ҷойгир аст. Соҳили асримиёнагии Берген яке аз ҷойҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад. Дар соли 2000, Берген пойтахти фарҳангии Аврупо эълон шуда буд.

  • © Depositphotos / A1804

    Олборг- шаҳрест дар Дания, дар маркази Ютландияи Шимолӣ. Шумораи аҳолияш 104,885 нафар. Мавқеи ҷуғрофии он дар Лимфёрд шаҳрро дар бандари муҳим дар асрҳои миёна ва баъдтар ба маркази саноатӣ табдил дод.

  • © Sputnik / Alexey Vitvitsky

    Базел-шаҳрест дар соҳили дарёи Рейн, дар шимолу ғарби Швейтсария, дар наздикии марз бо Фаронса ва Олмон.
    Дили шаҳри қадимаи асримиёнагӣ майдони бозор аст, ки дар болои он толори шаҳраки санги сурхи асри 16 баланд мешавад.

  • Виктория-шаҳрест дар ғарби дури Канада, маркази вилояти Колумбияи Бритониё. Дар канори ҷанубу шарқии ҷазираи Ванкувер ҷойгир аст.

  • Лёвен, дар адабиёти русизабон бо номи фаронсавии Лувен низ паҳн шудааст, ки яке аз марказҳои донишгоҳии Белгия, шаҳри асосии музофоти Фламандияи Брабант мебошад.

Аксҳои даҳшатовар: харобкориҳои заминларза дар Индонезия

104
(Таҷдидшуда 13:53 15.01.2021)
Дар Индонезия заминларзаи шадиде ба вуқӯъ пайваст, ки дар паи он беш аз 30 кас ҳалок шуд. Харобкориҳои заминҷунбиро аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон бубинед

Маркази заминларза дар наздикии шаҳри Мамудзу дар ҷазираи Сулавеси ҷойгир буд.

Тибқи иттилои Агентии рафъи офатҳои табиӣ, қувваи офати табиӣ ба 6,2 расида, пас аз он беш аз 25 заминларза ва ярч ба қайд гирифта шудааст.

Заминларза чунон шадид буд, ки тақрибан 60 бино, аз ҷумла беморхонаҳоро хароб кард.

Ожонсии ҳавошиносӣ ҳушдор дод, ки заминларзаҳои нав метавонад боиси сунамӣ шаванд.

Теъдоди дақиқи кушташудагон ва маҷрӯҳон ҳанӯз ҳисоб карда мешавад. Тибқи маълумоти охирин, ҳадди аққал 34 нафар қурбонии заминларза шуданд, 700 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд.

Сахт андуҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоко Видодо

Бо фармони президенти Индонезия Ҷоко Видодо, вазири корҳои иҷтимоӣ Три Рисмахарини ба Сулавеси рафт.

Ин фоҷиаи дуюм дар таи даҳ рӯзи ахир дар Индонезия мебошад.

Рӯзи 9 январ дар Индонезия ҳавопаймои мусофирбари Боинг 737 замони парвоз аз Ҷакарта ба Понтианак суқут кард.

Дар дохили ҳавопаймои мусофирбари ширкати Sriwijaya Air, 65 мусофир аз ҷумла 12 ҳайъати сарнишин буданд, ки ҳама ҳалок шуданд.

104
  • © AP / Rudy Akdyaksyah

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро ҷустуҷӯ доранд. Шаҳри Мамадҷуи Индонезия.

  • © REUTERS / Antara Foto/Akbar Tado

    Оқибатҳои заминларзаи шадид дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия.

  • © REUTERS / Basarnas Sulbar

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро ҷустуҷӯ доранд. Шаҳри Мамадҷуи Индонезия.

  • © AFP 2020 / Firdaus

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро ҷустуҷӯ доранд. Шаҳри Мамадҷуи Индонезия.

  • © AFP 2020 / Firdaus

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро аз таги харобаҳои бемористон дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия ҷустуҷӯ доранд.

  • © REUTERS / Basarnas Sulbar

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро аз таги харобаҳо дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия ҷустуҷӯ доранд.

  • © AP / Sadly Ashari Said

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро аз таги харобаҳо дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия ҷустуҷӯ доранд.

  • © AP / Rudy Akdyaksyah

    Сокинон биноҳои харобшуда дар шаҳри Мамадҷу ва Сулавесии Индонезияро тамошо доранд.

  • © REUTERS / Antara Foto/Akbar Tado

    Сокинон биноҳои харобшуда дар шаҳри Сулавесии Индонезияро тамошо доранд.

  • © REUTERS / Antara Foto/Akbar Tado

    Сокинон биноҳои харобшуда дар шаҳри Сулавесии Индонезияро тамошо доранд.

Барчаспҳо:
оқибатҳо, оқибат, заминларза, Индонезия

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

0
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия