Бозори харбуза дар Душанбе ба ҷои "мошинбозор"

32
  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
Як қисмати маҳаллаи Гипроземи пойтахти Тоҷикистон ҳар субҳи барвақт ба бозори харбузаву тарбуз табдил меёбад. Тоҷирон молу маҳсулоти худро аз бордону бағоҷи мошин пешниҳоди мизоҷон мекунанд.

Қаблан дар ин ҷо бозори мошинҳо воқеъ буд, пас аз кӯчонидани он ба маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мошинҳои дигари пурбор омаданд: лабрез аз тарбузу харбуза ва каду. Хариду фурӯши сабзавот дар рӯи замин, сари роҳ ва ҳар ҷои ростомада сурат мегирад.

32
  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Ҳар субҳ дар ин ҷо даҳҳо мошини пурбор ҷамъ мешавад.

  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Тиҷорат дар болои мошин, сари роҳ ва кӯча сурат мегирад.

  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Маҳсулот аз бордони мошинҳои боркаш ба таври яклухт ва чакана ба фурӯш меравад.

  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Тиҷорати даст ба даст дар ин ҷо дар авҷ аст.

  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Фурӯшандаҳо ҳатто истгоҳи мошинҳоро низ "ғасб" кардаанд.

  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Ба "ҳунар"-и бархе аз тоҷирони тарбузу харбуза қоил нашудан имкон надорад.

  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Баъзе аз тоҷирон молу маҳсулоти худро дар рӯи замин паҳн мекунанд.

  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Дигарон бошанд, бордони мошинро ба ҷои пештахтаи савдо истифода мекунанд.

  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Новобаста аз зиёд будани тоҷирони харбузаву тарбуз сокинони маҳаллӣ аз онҳо шикоят надоранд. Чаро ки дар ин ҷо харидани маҳсулот бо нархи арзон имконпазир аст.

  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    То миёнаи моҳи сентябр тиҷорати харбуза дар Душанбе дар авҷ аст.

  • Бозори стихиявии харбуза дар Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Харбузаро на фақат барои шириниаш, балки барои муолиҷаи бемориҳо низ истеъмол мекунанд. Аз ҷумла барои табобати асаб.