Акси моҳи шаби 28 сентябр

Абармоҳ дар Душанбе аз дурбини Sputnik

19
(Таҷдидшуда 22:01 12.10.2015)
Шоми дирӯз сокинони Русия, Аврупо, ғарби Осиё ва Амрикои ҷанубию шимолӣ бо шумули шарқи Уқёнус тавонистанд, моҳи ба таври комил зери сояи замин мондаро тамошо кунанд. Ба тоҷикистониён имкон нашуд, ин ҳодисаро бубинанд, вале хабарнигори Sputnik тавонист, чанд аксе аз ин моҳ бигирад.

Дар ин падидаи нуҷумӣ моҳ ба сайёраи Замин наздик мешавад ва нисбат ба вақтҳои маъмулӣ он бузургтару рӯшантар ба назар мерасад. Тибқи баҳогузории ситорашиносон диаметри моҳ дар ин ҳолат 33,47'-ро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки дар рӯзҳои маъмулӣ диаметри он 31′05' мебошад.

Шонси сокинони Душанбе ба андозаи лозимӣ омад накард, то "моҳи хунин"-ро тамошо кунанд ва моҳвораи замин ҳам барои мо намуди комилан мутафовити онро ба маъраз гузошт.

Гузориши видеоии мо аз Расадхонаи астрономии ноҳияи Ҳисор ҳам дар ин бора қисса хоҳад кард ва онро Шумо метавонед, шоми имрӯз, 29 сентябр дар сомонаи Sputnik тамошо кунед.

  • Дар Расадхонаи Ҳисор
    Дар Расадхонаи Ҳисор
    © Sputnik Амир Исаев
  • Дар Расадхонаи Ҳисор
    Дар Расадхонаи Ҳисор
    © Sputnik Амир Исаев
  • Акси моҳ аз шаби 28 сентябр
    Акси моҳ аз шаби 28 сентябр
    © Sputnik Амир Исаев
1 / 3
© Sputnik Амир Исаев
Дар Расадхонаи Ҳисор
19
Барчаспҳо:
астрономӣ, моҳи хунин, замин, саёра, моҳ, Расадхонаи астрономии ноҳияи Ҳисор, Амрикои шимолию ҷанубӣ, Уқёнус, Аврупо, Тоҷикистон, Русия