Пойтахти Тоҷикистон Соли навро бо барномаи бошукӯҳи консертӣ дар мйдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе пешвоз гирифт. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назди тамошобинон баромад карда, тамоми мардумро бо фарорасии Соли нави мелодӣ шодбош гуфт. Барномаи консертӣ бо мушакпартоӣ анҷом ёфт.
Имрӯз дар боғҳои фарҳангии пойтахт сайру гашти омавӣ баргузор мегардад.
Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назди ҳозирин бо суханони табрикотӣ баромад кард.
Сокинони шаҳр дар майдони "Дӯстӣ" барои таҷлил Соли нав ҷамъ омадаанд.
Санъаткорони барҷастаи тоҷик барои тамошобинон барномаи бошукӯҳи консертӣ омода намуданд.
Барои таҷлили Соли нав кӯчаҳои пойтахт ба таври идона оро дода шуданд.
Дар барномаи консертӣ ансамблҳои рақсӣ иштирок карданд.
Бобои барфӣ сокинони шаҳри Душанберо истиқбол мегирад.
Дар назди тамошобинон ситораҳои эстардаи тоҷик ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳазорон сокинони шаҳри Душанбе дар интизори мушакҳои идона дар майдони "Дӯстӣ".
Салюти идона бахшида ба Соли нави 2017 дар шаҳри Душанбе.
То рӯзи 8 - март, иди бонувон рӯзҳои башумор боқӣ мемонад.
Ҳар як зан ва ба вижа занони пизишк арзандаанд, ки бароияшон ин рӯз фаромушнашаванда гардад.
Саҳми ҳар як пизишк дар наҷоти ҷони инсоният дар ин рӯзҳои мушкил беандоза ҳаст.
Sputnik Тоҷикистон гузориши аксиеро аз равиши кори пизишкон ва наҷоти ҷони одаомн омода кардааст.
Дар ин гузориш аксҳо аз беморхонаҳои гуногуни ҷаҳон гирд оварда шудаанд.
Ҷое пизишкон дар ҳоли изтироб дар талоши наҷоти ҷон ҳастанду ҷое барои болидагии хотири пиронсолон рақс мекунанд.
Дар ҳар ҳоле, ки набошанд, таманно мекунем, ки пизишкон доимо сиҳату саломат бошанд!
Пизишк Анналиса Малара дар беморхонаи Сан-Маттео дар Павияи Итолиё.
Ҳамшираҳои шавқат дар найробии Кения.
Ҳамширафи шавқат дар бемористони №2 шаҳри Маскав.
Сарвазири Бритониёи Кабир Борис Ҷонсон бо ҳамшираи шавқат ҳангоми боздид аз маркази эмгузаронӣ дар Кумбран.
Ҳамшираи шавқат дар назби бемор дар яке аз беморхонаҳои Афина.
Кормандони хонаи пиронсолон ҳамроҳи бемор қабл аз эмгузаронӣ дар Мадриди Испания.
Ҳамшираи шавқат дар шӯъбаи эҳё дар яке аз беморхонаҳои Маскав, ба бемор ғизо медиҳад.
Корманди тибб вояи ваксинаи Pfizer-BioNTech - ро барои эмгузаронӣ дар Рондеи Испания омода мекунад.
Кормандони тибб дар кунҷу канори Рио-де-Жанейрои Бразилия мардумро эм мекунанд.
Пизишкон ҳангоми эмкунӣ бо ваксинаи Sputnik V дар майдони Ривер Плейти Буэнос-Айресе. Аргентина.
Корманди тибб дар шаҳраки Тсилини Чин бо ҳамкорони худ дар фурудгоҳи байналмилалии Тянхэи Вуҳан.
Пизишк дар дохили палата дар яке аз беморхонаҳои Украина.
Кормандони тибб бо либоси муҳофизатӣ дар маркази муваққатии тестгирӣ дар шаҳри Ханоеи Ветнам.
Ҳамшираи шавқат бо дугоникҳои сиамӣ дар мошини ёрии таъҷилӣ ба фурудгоҳи Яман равон аст.
Кормандони беморхонае дар Ливан зери навои мусиқӣ мерақсанд.
Кормандони тибб дар хонаи пиронсаолон дар Сантяго.
Ҳамшираи шавқат бо тифли навзод, ки гирифтори коронавирус аст дар таваллудхонаи Толукеи Мексика.
Пизишкти ёрии таъҷилӣ пеш аз эмгузаронӣ дар яке аз беморхонаҳои Богота дар Колумбия.
Зебогӣ ба инсон рӯҳи болида мебахшад. Занонро олиҳаи ҳусн меноманд.
Аммо баъзан зебогӣ қурбонӣ мехоҳад. Хусусан занон барои нигоҳ доштани ҳусн ва ҷавонии худ, ба амалҳое даст мезнанд, ки шояд барои дигарон девонагӣ намояд.
Масалан дар Ҷопом пештар анъанаи сиёҳ кардани дандонҳо мӯд буд. Дар Чин бошад, барои хурд кардани почаҳо онро аз хурдӣ мебастанд.
Аксҳои ҷолиби моро дар ин бора аз гузориши аксӣ тамошо кунед.
Бартараф кардани доғи рӯй. Истифодаи технологияи навин барои бартарафсозии доғи кунҷитак. Дар даҳони зан трубаи нафаскашӣ. Маҷористон
Таблиғи "Кирми санитарӣ" барои харобшавӣ, Амрико
Таблиғи маскаҳо барои бартараф сохтани доғ ва ожанг
Тоскулоҳ барои ҷингила кардани мӯй. Олмон
Як зани ҷопонӣ дандонашро ранг мекунад. 7 апрели соли 1966. Занҳ дар Ҷопон пештар дандонҳояшонро ранг мекарданд. Бештар ранги сиёҳ маъмул буд. Дертар ин анъана барои звнони шавҳардор гардид. То дирӯз дар Ҷопон дандонҳои тиллоӣ муд буд
Моҳи октябри соли 1965. Машшотаи амрикоӣ мӯйи моделро дарзмол мекунад.
Феълан бо ин анъана чиниҳо мубориза мебаранд. Дар Чин пештар занон барои хурд кардани ҳаҷми почаҳояшон онро дар хурдӣ бестанд. Акс аз соли 1936
Нахустин муйхушкунад, соли 1957 дар Чикаго
Таблиғи ислоҳ кардани бинӣ
Моделе аз Брюссел, 13 марти соли 1971
Карсет, акс аз соли 1908
Таблиғи чуқурак кардани рухсораҳо
ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.
Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд" бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.
"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.
Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.
Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.