Гузориши аксӣ аз мусобиқаи футбол барои "Ҷоми Оқохони IV" дар Маскав

491
(Таҷдидшуда 15:02 22.05.2017)
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Дастаи Вамар ҷомро таҳти навои доира ба майдон бароварданд
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
  • Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве
  • Ҷоми Оқохони 4- маросими кушодашавӣ дар Маскав
Рӯзи 20 май дар майдони "Спартак" Маскав маросими ифтитоҳи мусобиқаи футбол барои ба даст овардани "Ҷоми Оқохони IV" баргузор шуд

"Ҷоми Оқохони IV" дар ҷаҳон ягона буда, ҳар сол дар Маскав барои ба даст овардани он мусобиқаи футбол ташкил мешавад. Имсол 19 даста аз деҳаҳои гуногуни ВМКБ барои ин ҷоиза рақобат мекунанд.

Дар ин барномаи варзишӣ ҳаводорони футбол, раиси созмони иҷтимоъии "Нур" Алимамад Боймамадов, раиси созмони иҷтимоъии "Помир" Анзор Назархудоев ва раиси кулли Созмони муҳоҷирони Русия Вадим Коженов ширкат доштанд. Бозии дастаҳоро доварони пешакор аз федеросюни доварони Русия арзёбӣ мекунанд.

Алимамад Боймамадов, раиси созмони "Нур", дар суханронии худ ёдовар шуд, ки имсол мусобиқот дар чорчӯби Соли ҷавонон ва Ҷашни 60-умин солгарди Имомати Волоҳазрат Оқохони IV баргузор мешавад.

"Варзиш яке аз муҳимтарин омилҳоест, ки инсонҳоро бо ҳам меорад. Ман аз ҳамаи тамошобинон хоҳиш мекунам, ки тартиботро дар давраи сабқат риоя кунанд. Ба варзишгарон мувафаққият орзу дорам", — гуфт Алимамад Боймамадов.

Мусобиқаи футбол барои ба даст овардани "Ҷоми Оқохон" 20 май оғоз шуда то 15 июли соли равон идома мекунад. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар майдони "Спартак" Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.

491
  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    Дар ин барномаи варзишӣ ҳаводорони футбол, раиси созмони иҷтимоъии "Нур" Алимамад Боймамадов, раиси созмони иҷтимоъии "Помир" Анзор Назархудоев ва раиси кулли Созмони муҳоҷирони Русия Вадим Коженов ширкат доштанд.

  • Дастаи Вамар ҷомро таҳти навои доира ба майдон бароварданд
    Sputnik Каллиников Кирилл Симонович

    Дастаи "Вамар" ҷомро таҳти навои доира ба майдон бароварданд.

  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    Бозии дастаҳоро доварони пешакор аз федеросюни доварони Русия арзёбӣ мекунанд.

  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    Ғолибони порсоларо занони доирабадаст, дафзанон ба майдон бароварданд.

  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    Имсол 19 даста аз деҳаҳои гуногуни ВМКБ барои ин ҷоиза рақобат мекунанд.

  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    Сабқати аввалин миёни ду даста — қаҳрамони ҷоми соли гузашта — "Вамар" ва тими "Сохчарв" баргузор шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 3:1 бо пирӯзии дастаи "Сохчарв" анҷом ёфт.

  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    Мухлисон дастаҳои худро бо қарсакҳо дастгирӣ мекунанд.

  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    "Мусобиқа дар сатҳи баланд баргузор шуда истодааст. Либосҳои варзишгарон, тӯбҳо, мусиқӣ ҳамааш дар ҷояш. Аз ҳама муҳимаш ба нишон расидан. Имрӯз бозигарон ростӣ хуб ҳаракат карданд. Ҳатто лаҳзаҳои хатарнок низ зиёд буд", — баҳо дод Виталий Чикунков, довари бозӣ.

  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    Аксари мухлисон бо ёру дӯстон ва аҳли оила ба тамошои бозӣ омада буданд.

  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    Бозигарон бо истифода аз рӯзнома худро аз офтоб паноҳ мекунанд.

  • Ҷоми Оқохони IV - 2017 дар Маскав
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    Имсол 19 даста аз деҳаҳои гуногуни ВМКБ барои ин ҷоиза рақобат мекунанд.

  • Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве

  • Ҷоми Оқохони 4- маросими кушодашавӣ дар Маскав
    © Sputnik Каллиников Кирилл

    "Ҷоми Оқохони 4"- маросими кушодашавӣ дар Маскав.

Барчаспҳо:
"Ҷоми Оқохони IV" - 2017, Маскав
Мавзуъ
Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам
Нуриддин Давронов: дар куҷое набошам, ба “Истиқлол” бармегардам
Нуриддин Давронов ба “Дунав”-и Булғористон гузашт

"Барои аввалин бор": кӯчаҳои холии Душанбе дар арафаи Иди Фитр - акс

407
  • Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе
  • Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯсти - и  шаҳри Душанбе
  • Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр
  • Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд
  • Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд
  • Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин
  • Дари масҷидҳои пойтахт ба рӯйи намозгузорон баста аст
  • Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад
  • Роҳравҳо низ орӣ аз мошину роҳгузарҳо ҳастанд
Як рӯз қабл дар Тоҷикистон пас аз анҷом ёфтани моҳи мубораки Рамазон, тоҷикистониён аз Иди Саиди Фитр ҷашн гирифтанд

Иди Фитр ин охири моҳи мубораки Рамазон аст, ки мусалмонон пас аз 30 рӯзи гирифтани Рӯза онро ҷашн мегиранд. Ид чун ҳамешагӣ бо намози шом оғоз меёбад.

Ин Ид бозгӯкунандаи меҳрубониву салоқат миёни мардум, кумаки дастгирии ниёзмандон, хайру сахо намудан дар ҳаққи бенавоён, ва моҳи бахшоиш мебошад.

Маъмулан дар ин мо одамони доро ба мусалмонону мазлумон ва ҳамзамон пирони барҷоймонда кумаку меҳрубонӣ мебахшанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон аз ин иди шариф васеъ ҷашн мегирифтанд. Имсол бошад авҷи маризии коронавирус нагузошт, то мусалмонон ин иди барои онҳо муқаддасро ба таври лозимӣ ҷашн гиранд.

Дар Маскав ба хотири Иди Фитр ҳаракати мошинҳоро дар чандин кӯчаҳо маҳдуд мекунанд

Дар ин рӯз маъмулан хешу пайвандон ба хабаргирии ҳамдигар мераванд, кӯдакон ба дари ҳамсояҳо рафта муждаи фаро расидани ин идро иброз медоранд, ҳамсояҳо низ бо дастурхони пурноз ба табрикоти ҳамдигар мебароянд.

Аммо имсол Иди Фитр ба мисли дигар солҳо нагузашт.

Мардум танҳо дар доираи оилаи худ ин ҷашнро қайд карданд ва ба дари ҳамдигар барои шодбошӣ гуфтан нарафтанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи расмии маризии коронавирус дар Тоҷикистон 30 - юми апрел эълон гардид. То ҳол аз ин маризӣ 46 тоҷикистонӣ ҷон аз даст доданд.

407
  • Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Хиёбонҳои беодами шаҳри Душанбе

  • Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯсти - и  шаҳри Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муҷассамаи "Исмоили Сомонӣ" дар майдони "Дӯсти" - и шаҳри Душанбе

  • Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр
    © Sputnik / Амир Исаев

    Хиёбонҳои беодами Душанбе шаҳр

  • Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Роҳҳои мошингард низ қариб холиву бемошинанд

  • Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд
    © Sputnik / Амир Исаев

    Шоҳроҳҳои Душанбе бе мошин монданд

  • Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин
    © Sputnik / Амир Исаев

    Роҳи мошингарди маркази Душанбе. беодаму бемошин

  • Дари масҷидҳои пойтахт ба рӯйи намозгузорон баста аст

  • Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Масҷиди ҷадиди Душанбе, ки мебоист кушода мешуд, аммо хуруҷи коронавирус дари ин масҷидро нагузошт ба руйи намозгузорон боз шавад

  • Роҳравҳо низ орӣ аз мошину роҳгузарҳо ҳастанд

Барчаспҳо:
акс, Иди Фитр, Душанбе

Қалби балети тоҷик: аксҳои нодири Малика Собирова

364
(Таҷдидшуда 14:48 22.05.2020)
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова ва ҳунарманди шоистаи ЧШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова ва ҳунарманди шоистаи ЧШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова ва ҳунарманди шоистаи ЧШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова дар саҳнаи Людвиг Минкус Дон Кихот.
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
  • Ҳунармандони шоиста Музафар Муханов ва Малика Собирова
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова дар саҳнаи Людвиг Минкус Дон Кихот.
  • Солисткаи театри опера ва балет Малика Собирова ҳангоми тамрин.
  • Солисткаи театри опера ва балет Малика Собирова ҳангоми тамрин.
  • Балерина Малика Собирова дар нақши Золушка бо балети Сергей Прокофев.
Имрӯз, 22 май рӯзи зодрӯзи балеринаи нотакрори тоҷик Малика Собирова мебошад. Sputnik Тоҷикистон беҳтарин аксҳои саҳнавии раққосаро ҷамъоварӣ кард

Агар умр вафо мекард, беҳтарин балеринаи тоҷик Малика Собирова имрӯз 78 сола мешуд, вале ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон, дорандаи мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Малика Собирова соли 1982 дар солҳои ҷавонӣ дар синни 39 солагӣ ин оламро тарк кард.

Заррагул Искандарова-ҳунарпешаи марлдумии Тоҷикистон
Из личного архива внучки Заррагул Искандаровой

Таърихи зиндагии фоҷиабори духтараке аз шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира), ки барои тасхири саҳнаҳои бузурги ҷаҳон ба Ленинград рафту пасон боз ба ватан баргашт, ва билохира аз бемории саратони шуш даргузашт, барои сабти филми ҳуҷҷатӣ сюжети комил аст.

Асосгузори рақси классикӣ Малика Собирова имрӯз ҳам аз дӯстдоштатарин ҳунарманд дар ватан шинохта мешавад ва деворҳои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ - ҷои кори ҳунарпеша имрӯз ҳам бо аксҳои бузурги ӯ оро дода шудааст.

Балеринаи нотакрори тоҷик Малика Собирова 22 майи соли 1942 дар шаҳри Сталинобод ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ошиқи балет будааст ва бо падараш тез тез тамошои ин намуди ҳунар меомадааст.

Соли 1952 Коллеҷи хареографии Ленинград (Ҳозира  - Академияи балети руси ба номи А. Я. Ваганова) барои омӯзиш гурӯҳи тоҷикиро созмон дод. Собирова барои омӯзиш дар ин коллеҷ пешниҳод шудааст ва тирамоҳи ҳамон сол барои таҳсил ба Ленинград рафтааст.

Пас аз нӯҳ сол Малика Собирова балеринаи театри опера ва балети тоҷик шуд ва аллакай дар мавсими аввал нақшҳои марказиро иҷро мекард.

Номи Собирова дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ то рафт машҳур мешуд ва дар соли 1964 балерина дар Маскав бо ҳунарманди номии балет - Галина Уланова ҳамкорӣ мекунад.

Балеринаи тоҷик ба аксари кишварҳои ҷаҳон Бритониё, Ирландия, Ҷопон, Эрон, Миср, Урупо, Куба, Австралия ва Амрикои Лотинӣ сафарҳои ҳунарӣ доштааст.

Бо ҳамсараш, солисти балети ҶШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов ӯ беҳтарин саҳнаҳои худро иҷро кардааст.

364
  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
    © Sputnik / Устинов

    Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова.

  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
    © Sputnik / Александр Макаров

    Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова дар нахустин озмуни байналмилалӣ дар Маскав па-де-деи Людвиг Минкус "Дон Кихот"-ро иҷро карда соҳиби медали тилло гардид.

  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
    © Sputnik / Александр Невежин

    Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ.

  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова ва ҳунарманди шоистаи ЧШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов
    © Sputnik / Геннадий Ратушенко

    Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова ва ҳунарманди шоистаи ЧШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов солҳои зиёд дар саҳнаи тоҷик рақси дуэт иҷро мекарданд. Соли 1974 дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ.

  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова ва ҳунарманди шоистаи ЧШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов
    © Sputnik / Александр Макаров

    Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова ва ҳунарманди шоистаи ЧШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов. Намоиш аз саҳнаи Сергей Баласанян "Лайлӣ ва Маҷнун" дар ҷашнвораи "Ситораҳои Маскав".

  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова ва ҳунарманди шоистаи ЧШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов
    © Sputnik / Александр Макаров

    Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова ва ҳунарманди шоистаи ЧШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов дар толори консертии ба номи П.И. Чайковский.

  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова дар саҳнаи Людвиг Минкус Дон Кихот.
    © Sputnik / Александр Макаров

    Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова дар саҳнаи Людвиг Минкус "Дон Кихот" дар театри бузурги ИҶШС.

  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова
    © Sputnik / Р. Нетелев

    Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова.

  • Ҳунармандони шоиста Музафар Муханов ва Малика Собирова
    © Sputnik / Александр Невежин

    Ҳунармандони шоиста Музафар Муханов ва Малика Собирова дар саҳнаи "Лайлӣ ва Маҷнун" дар театри ба номи Садриддин Айнӣ.

  • Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова дар саҳнаи Людвиг Минкус Дон Кихот.
    © Sputnik / Р. Нетелев

    Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон Малика Собирова дар саҳнаи Людвиг Минкус "Дон Кихот" дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ.

  • Солисткаи театри опера ва балет Малика Собирова ҳангоми тамрин.
    © Sputnik / Макс Альперт

    Солисткаи театри опера ва балет Малика Собирова ҳангоми тамрин.

  • Солисткаи театри опера ва балет Малика Собирова ҳангоми тамрин.
    © Sputnik / Макс Альперт

    Тоҷикистони Шӯравӣ. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Солисткаи театри опера ва балет Малика Собирова ҳангоми тамрин.

  • Балерина Малика Собирова дар нақши Золушка бо балети Сергей Прокофев.
    © Sputnik / Устинов

    Балерина Малика Собирова дар нақши Золушка бо балети Сергей Прокофев.

Барчаспҳо:
балет, театри опера ва балети ба номи Айнӣ, рақс, аксҳо, Малика Собирова
День 27 мая

Ҷашнҳои рӯзи 27 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:52 26.05.2020)
Рӯзи бисту ҳафтуми май дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон буда дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона мебошад. Дар ин рӯз Душанбе Паллаев - ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ ба дунё омадааст

Рӯзи 27 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1997 дар Порис санади асосии муносиботи дуҷонибаи Русия ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид.

День 26 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1999 Додгоҳи Гаага Президенти Югославия Слободан Милошевичро гунаҳкори ҳарбӣ эълон кард.

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва  созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва дар он шартнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.

Соли 2003 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин Фестивал-симпозиуми байналмилалии мусиқии классикии «Шашмақом» баргузор гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе мактаби олии сарҳадбонони САҲА (ОБСЕ) ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи  байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 27 май

  • Дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона.

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Бекназар Аҳмадов (1926) – китобшинос, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Григорий Воробоев (1925 – 1986) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ғаффор Каримов (1938)- актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Аҳмадбек Қушқоров (1936-1989)- педагог, профессор.

Бурҳон Маҳмадқулов (1945) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Неъмат Мирсаидов (1955)- публисист.

Зайниддин Наҷмиддинов (1938) – Устои халқии Тоҷикистон.

Марина Некрасова (1954) –шоира.

Нурулло Оқилов (1965) – нависанда.

Душанбе Паллаев (1950 - 2017) –Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.

Ғуфрон Раҳимбоев (1949) – мутриб, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Бурҳон Ризоев (1948) – доктори илми таърих, профессор.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон