Ҷилваҳои вижа: маросими оғози 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ишқобод

91
(Таҷдидшуда 12:35 22.09.2017)
  • Маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод
  • Маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод
  • Маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод
  • Церемония открытия V Азиатских Игр в закрытых помещениях и по боевым искусствам
  • Маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод
  • Маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод
  • Маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод
  • Маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ дар Ашқобод
Тоҷикистонро дар ин бозиҳо, дар Ишқободи Туркманистон 173 варзишгар намояндагӣ мекунанд

Дар ин сабқат, ки аз 17 то 27 сентябр баргузор мешавад, дар маҷмӯъ наздики 6000 варзишгар аз 62 давлати қораи Осиё ва Уқёнус иштирок хоҳанд кард.

Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш шомил гаштааст: баскетбол (3х3), гуштини камарбандӣ, билярд, боулинг, шоҳмот, рақси варзишӣ, аспсаворӣ, футзал, варзиши сабук (намудҳое, ки дар толор баргузор мешаванд), теннис,ҷиу-ҷитсу, кикбоксинг, кураш, муайтай, самбо, шиноварӣ, таеквондо, гуштини анъанавӣ, велосипедронӣ (трек), вазнбардорӣ, гуштини озод ва классикӣ, баскетбол, гуштини камарбандӣ, гуштини анъанавӣ, шоҳмот, варзиши сабук, ҷиу-ҷитсу, кикбоксинг кураш, муайтай, самбо, шиноварӣ, таеквондо, велосипедронӣ, вазнбардорӣ, гуштини озод ва юнонӣ-римӣ. 

91
Барчаспҳо:
Туркманистон
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон аз Ашқобод ба Ню-Йорк сафар кард
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев
Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳои дуҷониба бо Покистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард

Даҳ зеботарин шаҳри хурди ҷаҳон аз нигоҳи Small Cities Index

342
(Таҷдидшуда 15:27 15.01.2021)
Small Cities Index, ки қаблан 10 шаҳри калонтарини дунёро нашр карда буд, ин бор 10 шаҳраки хурди зеборо низ пешниҳод кард

Ин нашри ҷадид 10 шаҳраки зебои хурди ҷаҳонро пешкаш мегардонад, ки дорои тамаддуну фарҳанг, таърих ва инфрасохтори қадимаву боарзиш мебошанд.

Гузоришгарон гуфтаанд, ки давоми соли 2020 бисёре аз сокинони шаҳрҳои калон дар бораи зиндагӣ дар ҷойҳои оромтаре фикр карданд, ки фазо барои ҳаракат кардан ва ҳавои тоза барои нафасгирӣ доранд.

Ба гуфтаи онҳо дар нашри нав, шаҳрҳои бо ҳам алоқамандро интихоб кардаанд, ки имкониятҳои калони тиҷоратӣ, фарҳанги истиқболӣ ва дастрасӣ ба табиатро фароҳам меоранд.

Мо инчунин бо шаҳрвандоне вохӯрдем, ки аллакай дар ин ҷойҳо зиндагӣ ва обод карда истодаанд, гуфтаанд таҳиягунандагони гузориш. 

Яке аз ҷанбаҳои зиндагии шаҳрҳои хурд, ки мо мехоҳем онро таъкид кунем, ин аст, ки ҷойгоҳ вақте беҳтарин кор мекунад, ки пешвоёни шаҳрвандии он бо мардумаш сахт алоқаманд бошанд.

Ба навиштаи онҳо зиндагӣ дар шаҳрҳои хурдтар осонтар аз шаҳрҳои бузург аст, зеро шаҳрдорон бо мардум ҳамеша дар ҳамбастагиянд ва тағйироту расидагӣ ба мушкилиҳо тез ба амал меояд.

342
  • © Sputnik / Vitaliy Belousov

    Порто-шаҳрест дар соҳили шимолу ғарби Португалия, ки дорои пулҳои бошукӯҳ ва заводҳои винои бандарӣ мебошад.
    Ноҳияи асримиёнагии Рибейра (аз португалӣ тарҷумаи "соҳили дарё") бо кӯчаҳои сангфарши худ бо қаҳвахонаҳо ва хонаҳои тоҷирон машҳур аст.

  • © CC BY-SA 3.0 / Mauro Mazzio

    Болтсано шаҳрест дар музофоти Тироли Ҷанубӣ дар шимоли Италия. Он дар пойгоҳи Доломитҳо, дар водии зебоманзар дар байни токзорҳои кӯҳӣ ҷойгир аст.

  • Итошима шаҳрест дар Ҷопон, ки дар префектураи Фукуока ҷойгир аст.

  • Лютсерн- як шаҳраки хурди Швейтсария дар соҳили кӯли ҳамном бо иҳотаи кӯҳҳои барфпӯш ҷойгир аст. Он бо ёдгориҳои хуби меъмории асрҳои миёна шинохта шудааст.
    Алтстадти рангин (Шаҳри кӯҳна) дар шимол бо девори қалъаи Муссегг, ки дар асри 14 бунёд ёфтааст, дарозиаш 870 метр аст.

  • © Foto Pixabay/Nextvoyage

    Берген-дуввумин шаҳри бузурги Норвегия, пойтахти Хордаланд ва калонтарин шаҳри Норвегияи Ғарбӣ мебошад. Он дар ғарби кишвар, соҳили баҳри Шимолӣ дар минтақаи Мидторланд ҷойгир аст. Соҳили асримиёнагии Берген яке аз ҷойҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад. Дар соли 2000, Берген пойтахти фарҳангии Аврупо эълон шуда буд.

  • © Depositphotos / A1804

    Олборг- шаҳрест дар Дания, дар маркази Ютландияи Шимолӣ. Шумораи аҳолияш 104,885 нафар. Мавқеи ҷуғрофии он дар Лимфёрд шаҳрро дар бандари муҳим дар асрҳои миёна ва баъдтар ба маркази саноатӣ табдил дод.

  • © Sputnik / Alexey Vitvitsky

    Базел-шаҳрест дар соҳили дарёи Рейн, дар шимолу ғарби Швейтсария, дар наздикии марз бо Фаронса ва Олмон.
    Дили шаҳри қадимаи асримиёнагӣ майдони бозор аст, ки дар болои он толори шаҳраки санги сурхи асри 16 баланд мешавад.

  • Виктория-шаҳрест дар ғарби дури Канада, маркази вилояти Колумбияи Бритониё. Дар канори ҷанубу шарқии ҷазираи Ванкувер ҷойгир аст.

  • Лёвен, дар адабиёти русизабон бо номи фаронсавии Лувен низ паҳн шудааст, ки яке аз марказҳои донишгоҳии Белгия, шаҳри асосии музофоти Фламандияи Брабант мебошад.

Аксҳои даҳшатовар: харобкориҳои заминларза дар Индонезия

156
(Таҷдидшуда 13:53 15.01.2021)
Дар Индонезия заминларзаи шадиде ба вуқӯъ пайваст, ки дар паи он беш аз 30 кас ҳалок шуд. Харобкориҳои заминҷунбиро аз гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон бубинед

Маркази заминларза дар наздикии шаҳри Мамудзу дар ҷазираи Сулавеси ҷойгир буд.

Тибқи иттилои Агентии рафъи офатҳои табиӣ, қувваи офати табиӣ ба 6,2 расида, пас аз он беш аз 25 заминларза ва ярч ба қайд гирифта шудааст.

Заминларза чунон шадид буд, ки тақрибан 60 бино, аз ҷумла беморхонаҳоро хароб кард.

Ожонсии ҳавошиносӣ ҳушдор дод, ки заминларзаҳои нав метавонад боиси сунамӣ шаванд.

Теъдоди дақиқи кушташудагон ва маҷрӯҳон ҳанӯз ҳисоб карда мешавад. Тибқи маълумоти охирин, ҳадди аққал 34 нафар қурбонии заминларза шуданд, 700 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд.

Сахт андуҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоко Видодо

Бо фармони президенти Индонезия Ҷоко Видодо, вазири корҳои иҷтимоӣ Три Рисмахарини ба Сулавеси рафт.

Ин фоҷиаи дуюм дар таи даҳ рӯзи ахир дар Индонезия мебошад.

Рӯзи 9 январ дар Индонезия ҳавопаймои мусофирбари Боинг 737 замони парвоз аз Ҷакарта ба Понтианак суқут кард.

Дар дохили ҳавопаймои мусофирбари ширкати Sriwijaya Air, 65 мусофир аз ҷумла 12 ҳайъати сарнишин буданд, ки ҳама ҳалок шуданд.

156
  • © AP / Rudy Akdyaksyah

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро ҷустуҷӯ доранд. Шаҳри Мамадҷуи Индонезия.

  • © REUTERS / Antara Foto/Akbar Tado

    Оқибатҳои заминларзаи шадид дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия.

  • © REUTERS / Basarnas Sulbar

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро ҷустуҷӯ доранд. Шаҳри Мамадҷуи Индонезия.

  • © AFP 2020 / Firdaus

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро ҷустуҷӯ доранд. Шаҳри Мамадҷуи Индонезия.

  • © AFP 2020 / Firdaus

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро аз таги харобаҳои бемористон дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия ҷустуҷӯ доранд.

  • © REUTERS / Basarnas Sulbar

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро аз таги харобаҳо дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия ҷустуҷӯ доранд.

  • © AP / Sadly Ashari Said

    Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро аз таги харобаҳо дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия ҷустуҷӯ доранд.

  • © AP / Rudy Akdyaksyah

    Сокинон биноҳои харобшуда дар шаҳри Мамадҷу ва Сулавесии Индонезияро тамошо доранд.

  • © REUTERS / Antara Foto/Akbar Tado

    Сокинон биноҳои харобшуда дар шаҳри Сулавесии Индонезияро тамошо доранд.

  • © REUTERS / Antara Foto/Akbar Tado

    Сокинон биноҳои харобшуда дар шаҳри Сулавесии Индонезияро тамошо доранд.

Барчаспҳо:
оқибатҳо, оқибат, заминларза, Индонезия

Ройгон ва худхоҳишӣ: дар Русия эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд

0
Дар Русия сар аз имрӯз эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд. Чунин супоришро ҳафтаи гузашта Владимир Путин ба мақомотҳои марбута дода буд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Шурӯъ аз рӯзи душанбеи 18 январ дар Русия бо супориши Владимир Путин маъракаи эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Русия метавонанд бевосита аз миёни ду ваксинае, ки дар Русия раман сабти ном шудаанд якеро интихоб карда, эм гиранд.

Бори нахуст: мубталошавии 20 000 нафар дар Русия ба коронавирус давоми як рӯз

Гуфта мешавад,  маъракаи эмгузаронӣ комилан ройгон аст.

Ҳукумати Русия ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта эълон намуд, ки нахуст пизишкону муаллимон, кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳамчунин нафароне, ки маризи қанду дил ва фарбеҳӣ доранд, эм мешаванд.

Рӯзҳои истироҳатӣ ҳам: идомаи эмкунии сартосарӣ аз коронавирус дар Русия - навор

Зимнан, рӯзи 13 январ кишвардори Русия Владимир Путин супориш дод, ки дар минтақаҳо шумораи нуқтаҳои эмгузаронӣ афзун карда шавад.

Бояд таъкид намуд, ки дар Русия расман ваксинаи "Спутник V" аз маркази  Гамалея ва “ЭпиВакКорона"- и ”Вектор” расман сабти ном шуданд.

0
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия